Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и  Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.

Идома

ДУШАНБЕ, 29.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки зиёда аз 300 барандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 май дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад.

Ғолибони фестивал бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.

Дар ин робита суратгузориши АМИТ «Ховар» аз кӯчаю хиёбонҳои  пойтахт манзур мегардад.

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) оид ба футбол дар Чемпионати CAFA-2024 аввалин пирӯзӣ ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳикмат Фузайлов дар даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бар дастаи духтарони Туркманистон бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.

ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини кураш дар Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ ба хотири Маҳмуд паҳлавон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар шаҳри Исфаройини вилояти Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Идома

ДУШАНБЕ, 20.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 26 апрел дар Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи якуми байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Рамазон Одинаев иттилоъ дод.

Идома

ДУШАНБЕ, 22.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни тоҷик дар Олимпиадаи дуюми байналмилалӣ оид ба информатика, ки дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон ба номи Ягшигелди Какаеви шаҳри Ашқобод доир шуд, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар мусобиқаи рушди УЕФА, ки аз 23 то 28 апрел дар Беларус баргузор мешавад, иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 17.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маротибаи аввал байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Ҷаҳондонӣ аз забондонист» гузаронида мешавад. Озмун дар айни замон ҷараён дошта, ба амалигардонии «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бахшида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Идома

ДУШАНБЕ, 18.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои омодагии ҳамаҷониба бобати ташкил ва баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар шаҳри Душанбе машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома