Перейти к содержимому
 

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард.

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) оид ба футбол дар Чемпионати CAFA-2024 аввалин пирӯзӣ ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳикмат Фузайлов дар даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бар дастаи духтарони Туркманистон бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.