13 ноябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
ИдомаИштирок дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ
11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
ИдомаМаросими супоридани ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пас аз музокироти сатҳи олӣ, маросими супоридани ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
ИдомаМаросими истиқболи расмӣ дар Қасри “Ақорда”-и Ҷумҳурии Қазоқистон

7 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри “Ақорда” сурат гирифт.
ИдомаИштирок дар ҷаласаи “Раванди Ақаба” оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи “Раванди Ақаба” оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
ИдомаИфтитоҳи фосилавии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар шаҳраки Баҳористони ноҳияи Деваштич

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич, ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро ки бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ дар шаҳраки Баҳористони деҳоти Яхтан бунёд шудааст, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
ИдомаБа истифода додани корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшура дар ноҳияи Деваштич

2 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Деваштич ташриф оварда, дар деҳаи Лолазори деҳоти Яхтан корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Витаминҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
ИдомаБа таври фосилавӣ ифтитоҳ намудани 12 иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ ва саноат дар шаҳри Истаравшан

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти иҷтимоию истеҳсолиро мавриди истифода қарор доданд.
ИдомаИфтитоҳи бинои маҷмааи миллии соҳибкории Роҳи Абрешим дар шаҳри Истаравшан

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар хиёбони Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкорӣ Роҳи Абрешимро мавриди истифода қарор доданд.
ИдомаИштирок дар Иди картошка

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва гузоштани санги асос барои бунёди корхонаҳои нав дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд.
Идома







