Перейти к содержимому
 

Лоиҳаҳо

«Алифбои роҳ»

«Алифбои роҳ» барномаи омӯзишӣ буда, мақсади мо тавассути бозӣ ва саволу ҷавоб шинос намудани хурдтаракон бо қоидаҳои ҳаракати роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар роҳ мебошад. Дар барнома ду даста иштирок мекунанд, аниқтараш ду даста миёни ҳам рақобат менамоянд, яъне супоришҳоро иҷро мекунанд ва табиист, дастае, ки зудтару бехато шартҳои барномаро иҷро мекунад ғолиб дониста мешавад. Рафти иҷрои супоришҳоро бошад кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилии ВКДҶТ назорат мекунанд ва онҳо низ ба иштирокчиён баҳо мегузоранд. Барнома моҳе ду маротиба сабт ва пешкаши тамошобинон мегардад. Иштирокчиёни барнома хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи кишвар мебошанд.


«Сафои саҳар»

Барномаи субҳгоҳии «Сафои саҳар» «Телевизиони Баҳористон» бо иқдоми роҳбари муассиса Маҳмудӣ Ҳамза Наврӯз роҳандозӣ шуда, аввалин шумораи он санаи 8-уми марти соли 2022 тариқи эфири шабака пахш гардид. Мақсади асосии барномаи мазкур ин муарифии истеъдоду ҳунари кӯдакону наврасон, омӯзиши ин ё он мавзӯи муҳим, одобу рафтор, тарбияи дурусти фарзандон, лаҳзаи фароғат ва дар умум як қатор саҳифаҳои гуногунрангу ҷолиб барои бинандагон мебошад.

Барномаи «Сафои саҳар» аз рӯзи душанбе то ҷумъа ҳар субҳ пахш мешавад. Бинандагони ин барнома метавонанд аз тамошои бахшҳои рангоранг ва суҳбатҳои самимиву ҷолиби он барои худ ғизои маънавӣ гиранд.


«Рассомони наврас»

Озмун бо мақсади рушди нерӯи ақлонӣ, эҷодӣ, дастгирии кӯдакони болаёқат бахшида ба муносибати санаҳои таърихӣ роҳандозӣ мегардад. Озмунҳои «Тоҷикистон-хонаи ман!», «Ватани ман, ҷони ман!», «Об-сарчашмаи ҳаёт», «Мо-ҳимоятгари Ватан!», «Наврӯзи Ватан», «Тирамоҳи заррин», «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» аз ҷумлаи онҳоянд.  Синну соли иштирокчиёни ин озмун аз 5 то 15 мебошад. Дар ҷамъбасти ҳар озмун ба рассомони беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи «Телевизиони Баҳористон» тақдим карда мешавад.


«Бо ҳам меёбем!»

Барномаи «Бо ҳам меёбем!». Дар намоиш хонандагоне иштирок менамоянд, ки доираи  донишашон аз барномаи мактабӣ фарохтар аст. Дар ин барнома кӯдакону наврасони аз 9 то 14 сола иштирок карда метавонанд. Барандаи намоиш робот мебошад ва вай ба иштирокчиён савол медиҳад. Аллакай дар ин ҷо таваҷҷуҳ ва ҷалби тамошобин чандтарафа сурат мегирад. Дигар муваффақияти самти кор  дар он аст, ки  таҳиягарон  пеш аз сабт кӯдаконро аз санҷиш мегузаронанд ва нафароне, ки дар ҳақиқат дониши кофӣ  доранд, дар намоиш иштирок менамоянд. Кӯдаконе, ки хоҳиши дар намоиш иштирок карданро доранду донишашон хуб нест, номнавис гардида тӯли чанд муддат омодагӣ мебинанд. Баъди гузаштан аз санҷиш онҳо дар барнома иштирок менамоянд. Ин равиш низ сабаб мегардад, ки хонандагон дар баробари мактаб дар телевизион низ аз пайи илму дониш шаванд.


«Ангубин»

Барномаи  «Ангубин»  яке аз беҳтарин барномаҳои  ТВ «Баҳористон» буда,  дар жанри мусоҳиба таҳия мешавад. Барнома бо иштироки баранда ва хурдсолон  сурат мегирад. Суҳбат оид ба мавзуъҳои гуногун доир гашта, дар ҳар як шумораи барнома тамошобинонро бо ҳунару маҳорат ва истеъдоди фавқулодаи як хурдсол  ошно мегардонад. Таҳиягарони барнома мекӯшанд ҳар намоишро ҷолибу рангин омода намуда, пешкаши бинандагон гардонанд. Мақсад аз баргузории силсилабарномаи «Ангубин» такмил ва таблиғи истеъдоди кӯдакон ва тарбияи онҳо дар руҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ мебошад.


«Матин»

Барномаи варзишии  «Матин».  Мақсади асосии барнома ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш, тарзи ҳаёти солим  мебошад. Барнома дар толору майдончаҳои варзишии кишварамон омода гардида, дар он кӯдакону наврасоне, ки ба варзиш шавқу рағбати зиёд доранд иштирок менамоянд.


Дар меҳмонии ТВ - «Баҳористон»

Дар меҳмонии ТВ - «Баҳористон» - Яке аз барномаҳое мебошад, ки чеҳраҳои ошнову муваффақ дар он ҳамчун меҳмон даъват гардида, бо мухлисону ҳаводорони хурдакаку кунҷкоб суҳбат меороянд. Дар баробари саволу ҷавоб инчунин ҳунари волои театрӣ, навозандагӣ ва ё сарояндагии хешро меҳмони барнома (вобаста ба касбу кори хеш) баҳри мухлисонаш  иҷро менамояд. Бояд қайд намоем, ки ҳадаф аз таҳияи барнома дар он аст, ки кӯдакон низ ба монанди ин чеҳраҳои муваффақ баҳри ояндаи дурахшон ва амалишавии орзуҳояшон ҷаҳду талош намоянд ва он ҷодаҳои ҳамвору ноҳамвореро, ки меҳмони барнома то ба имрӯз баҳри расидан ба қуллаи мурод фатҳ намудааст, пурсону ҷӯё бигарданд. Ногуфта намонад, ки барномаи мазкур аз идораи мусиқӣ пешниҳод мегардад ва масъулияташро сармуҳаррири идораи мазкур Наврӯз Боев бар уҳда дорад.


«Заковат»

«Заковат» - Яке аз барномаҳои рангину ҷолибе мебошад, ки шомгоҳон дар яке аз боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти маҳбуб бо иштироки мурғобии зираку кунҷкоб, доною шӯху беқарор ва чеҳраи дигари ошно Гулнозаи Булбул (муҳаррир ва баранда) таҳия, сабт ва омода мегардад. Бояд гуфт, ки барномаи мазкур шартҳои худро дорад ва ба таври бозӣ ҷараён мегирад. Ба роҳгузарон, ки аксарияташон кӯдакону наврасонанд, ҳамагӣ 3 савол пешниҳод мегардад ва ҳар нафаре, ки ба ин 3 саволи пешниҳодгардида посухи дуруст мегӯяд, соҳиби туҳфа мегардад. Иштироки мурғобӣ, саволҳои ҷолиб ва туҳфаҳо миёни иштирокчиён боиси сар задани рақобати солим мегарданд. Барномаи мазкур бо сарпарастии ширкатҳои истеҳсолии маводҳои озуқа, либоса ва пояфзол моҳе 2 маротиба таҳия ва пешниҳоди мухлисон гардонида мешавад.


«Ширинак»

«Ширинак» - Ин барномае мебошад, ки ҳам барои наврасон ва ҳам барои модарони онҳо таҳия мегардад. Бояд қайд намоем, ки дар ҳар шумораи барнома навъҳои гуногуни шириниҳо омода мегардад ва усули омоданамоӣ, дастурамали санҷидашуда инчунин техникаи кор бо маҳсулоти қаннодӣ ба таври осон ва кушоду равшан нишон дода мешавад. Ҳар нафаре, ки майли омӯзиши ин ё он навъи шириниро дошта бошад, барномаи мазкур чунин имкониятро барояш фароҳам меоварад. Дар баробари қаннод инчунин барандаи наврас Асал Ашӯрова низ бо саволҳои кунҷкобона ва бомавриди хеш барномаро пурратар мегардонад. барномаи мазкур бо сарпарастии ширкати қаннодии "Шоколатье" таҳия мегардад. Муҳаррири барнома бошад Фараҳноз Ашӯрова маҳсуб меёбад.


«Сайре дар осорхона»

Сайре дар осорхона - Барномаи мазкур ба хотири ҷалби ҳам калонсолон ва ҳам наврасон ба тамошои осорхона ва огаҳӣ ёфтан аз таъриху гузашта ва олотҳои гуногуне, ки аз гузашта ба мо ба ёдгор мерос мондааст, таҳия мегардад. Дар ҳар шумораи барнома, осорхонаҳои гуногуни кишвар муаррифӣ ва таблиғ карда мешаванд. Инчунин ба таври  оммафаҳм мутахасисони соҳа дар бораи ҳар як ҷузъиёти дар осорхона мавҷуд буда, маълумот медиҳад  ки боиси боз ҳам ҷолиби диққат гардидани барнома мегардад.