Перейти к содержимому
 

1 май дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола»  ҷамъбаст мешавад. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз лолазори пойтахт.

ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 май дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад.

Ғолибони фестивал бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.

Дар ин робита суратгузориши АМИТ «Ховар» аз кӯчаю хиёбонҳои  пойтахт манзур мегардад.