Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 05.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз 40 дараҷа боло меравад, иттилоъ доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баландшавии ҳарорат дар минтақаҳои баландкўҳ ба обшавии барф, пиряхҳо ва зиёд шудани ҳаҷми об дар рӯдхонаҳо оварда мерасонад, ки ин метавонад сабаби фаромадани сел, ярч ва сангрезиҳо гардад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат дар ин рӯзҳо хоҳиш менамояд, ки махсусан ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ниҳоят эҳтиёткор бошанд.

Дар баробари баланд шудани ҳарорати ҳаво, ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ эҳтиёткор будан ва дар назди дарёҳо, каналҳо, хавзҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя кардан лозим аст. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси оқибатҳои вазнин мегардад.

Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ кӯдакон ва калонсолон бояд як қатор қоидаҳои оддиро қатъиян риоя кунанд. Масалан, пас аз 1,5 — 2 соати истеъмоли ғизо шино кардан мумкин аст, оббозӣ кардан дар оби кушод дар ҳарорати оби аз +15 дараҷа паст тавсия дода намешавад, зеро аз зарбаи оби хунук аз ҳушравӣ ё марг имконпазир аст. Аксар вақт дар ҳолати аз ҳад зиёд гарм будани бадан пеш аз шиноварӣ якбора ба оби хунук даромадан ба ҳолати беҳушӣ оварда мерасонад.

Дар ҷойҳое, ки алафҳо ва лойҳо мавҷуданд, набояд шино кард.

Дар ҳолати мастӣ ба об даромадан ва оббозӣ кардан, дар болои матрасҳои резинӣ, бозичаҳои пуфшаванда шино намудан қатъиян манъ аст. Воситаҳои дастисоз ҳатто барои оббозони моҳир хеле хатарнок мебошад. Илова бар ин, ҳатто шамоли суст метавонад онҳоро аз соҳил дур кунад.

Дар ҳолате, ки ногаҳон дохили оби маҷрояш тез шудед, ба муқобили мавҷ ҳаракат накунед, зеро қувват сарф мешавад: дар ин ҳолат аз ҳама беҳтараш бо ҷараёни об шино намуда, тадриҷан ба соҳил бароед. Ҳеҷ гоҳ кӯдаконро бе назорат нагузоред.

Дар давраи гармо, тавре ки дар зимистон масунияти бадан заиф мешавад, организм ба дастгирӣ ниёз дорад. Чунин тағирёбии ҳарорат боиси бемориҳои гуногун мегардад. Кондитсионерҳо моро аз гармӣ наҷот медиҳанд, зиндагии моро осонтар мекунанд, аммо бояд дар хотир дошт, ки тағирёбии ногаҳонии ҳарорат метавонад ба кори системаи дилу рагҳо таъсир расонад. Ғайр аз ин, доимо дар зери кондитсионер будан, эҳтимоли шамол хӯрдан ё мубталои дигар бемориҳо шуданро дорад. Барои пешгирӣ кардани ин, шумо бояд дар як рӯз як маротиба витамини C-ро истеъмол кунед, он масунияти баданро баланд мебардорад. Чой бо лимӯ, шарбати он бо пудина, афшураҳои табиӣ ё афлесун, компотҳои мевагӣ хеле фоиданоканд.

Бисёр нафарон дар ҳавои гарм бемадориро ҳис мекунанд, онҳо гӯиё худро маҷбур мекунанд, ки ҳаракат кунанд, ингуна ҳаво барои бештари одамон на танҳо нороҳат, балки хатарнок аст. Дар ин рўзҳо хатари зарбаи офтобӣ ва камобии организм аз ҳарвақта зиёдтар аст. Донистан ва риояи қоидаҳои рафтор дар ҳавои гарм муҳим мебошад.

Дар ҳавои гарм, махсусан кӯдакони хурдсол, пиронсолон, беморон, инчунин онҳое, ки вазни зиёдатӣ доранд ё дору мехӯранд, нигоҳубин кардан лозим аст. Дар рӯзҳои гарм либоси сабуку озоди аз матоъҳои табиӣ духташуда пўшидан, ҳатман кулоҳи сабук ба сар кардан ва бо худ об гирифтан лозим аст. Инчунин дар рӯзҳои гарм тавсия дода мешавад, ки бе зарурат, махсусан дар давраи фаъолнокии максималии офтоб, яъне аз соати 11 то 17 ба кӯча набароед.

Тавре табибон тасдиқ кардаанд, дар ҳавои гарм ғизоҳои равғанин, бирён ва ширинро аз анвои хӯрокҳо истисно кардан лозим аст. Рӯйхат бояд аз хӯрокҳои сабук, сабзавот, меваҳо, моҳии судак ё пухта, мурғ, шӯрбоҳо, аз қабили дӯғоб иборат бошад.

Шумо инчунин бояд қоидаҳои гигиенаи санитариро дар хотир дошта бошед, сабзавот ва меваҳоро бо оби равон тоза шуста бошед. Барои муҳофизат кардани пӯстатон аз таъсири зараровари офтоб ҳамеша аз малҳамҳои муҳофизатӣ истифода баред. Офтоб хеле зуд пигментатсияи пӯст, доғҳо ва хоришакҳоро ба вуҷуд меорад. Ҳангоми зери нури бевоситаи офтоб будан аз кўлоҳ ё чатр истифода бояд бурд. Агар дар гармо ногаҳон беҳолӣ, дилбеҳузурӣ, баланд шудани набзи дилро ҳис кунед, пас фавран ба ҷои салқин рафта нишинед, тугмаҳои либосатонро кушода, об нӯшед. Агар ин ҳолати ногувор дар давоми 5-7 дақиқа бартараф нашавад, пас фавран ёрии таъҷилиро даъват кунед.

ДУШАНБЕ, 05.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи фоҷиабор ба қайд гирифта шуд. 4 нафар кӯдак ҳангоми оббозӣ ғарқ гардид, ки хурдсолтаринашон ҳамагӣ 7- сола будааст, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамаи кӯдакон дар назди обанборҳо бе назорати калонсолон ба оббозӣ машғул будаанд.

3 июн, тахминан соати 13:00, сокинони 11 ва 12-солаи ноҳияи Восеъ бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, ҳангоми оббозӣ дар ҷои мамнуъ – канали деҳаи Ҳулбук ғарқ шуданд. Наҷотдиҳандагони Хадамоти ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб тавонистанд ҷасади кӯдаконро танҳо баъд аз 4 июн пайдо карда, ба наздиконашон супоранд.

«Ҳодисаи дуюм дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. 3 июн, тахминан соати 14:20 духтари 7-солаи деҳаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ барои наҷот додани бародари 5-солааш ба канал даромада, дар натиҷа ба қубури ҳаҷмаш 1,5 метри мукааб афтода, ғарқ шудааст. Писарбачаро сокинони маҳаллӣ наҷот доданд, аммо духтарро наҷот дода натавонистанд.

«Наҷотдиҳандагон пас аз кофтукоби дурӯза ҷасади духтарро пайдо карда, ба наздиконаш супурданд», — иттилоъ доданд дар кумита.

Фоҷиаи сеюм дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ба амал омад. 4 июн, тахминан соати 10:00 сокини 12-солаи деҳаи Нури Вахши Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, ки ба чаронидани чорво дар назди дарёи Вахш машғул будааст, дар дарё шино карда, ғарқ шудааст. Ҷасади наврасро ҷустуҷӯ мекунанд.

Аз аввали сол то имрӯз 47 нафар дар обанборҳои мамлакат ғарқ шудаанд, ки 26 нафарашон кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз волидон хоҳиш мекунад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд, дар назди обанборҳо ва дар об қоидаҳои рафтори бехатарро қатъиян риоя кунанд.

Дар боғи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе масъулини Кўдакистони №15 ноҳияи  Исмоили Сомонӣ чорабинии рангини фарҳангиро доир намуданд, ки дар он тарбиятгирандагони Муассисаи зикргардида бо табъи хушу болида ширкат намуданд. Воқеан хушҳолии кӯдаконро ҳад ду канор набуд, зеро дар ин чорабинии идона хурдтаракон шеъру сурудҳо қироат карда рақсу шодӣ намуданд. Дар идомаи чорабинӣ масъулини муассиса бори дигар хурдтараконро табрику шодбош намуда, изҳор доштанд, ки фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Рақсҳои мавзун ва барномаи рангин анҷомбахши ин тадбири фарҳангӣ буд.

Баҳшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар толори  Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Рӯдакӣ  чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Барномаи рангини консертиро аъзоёни маҳфилҳои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи мазкур гузарониданд. Ҳамзамон  дар ин маҳфил дӯстрӯякони Кӯдакистони №2 ноҳияи Рӯдакӣ ширкат доштанд. Маҳфили фарҳангии ҳонандагон бо суруди умумии «Дунёи миллат» оғоз гардид. Инчунин саҳначаи пешниҳоднамудаи иштирокчиён низ писанди аҳли толор гардид.

ДУШАНБЕ, 26.05.2023 /НИАТ «Ховар»/. Решением Исполнительного совета ЮНЕСКО 24 мая «Куллиёти Мавлоно» Джалолиддина Балхи (Полное собрание сочинений Мавлоно) был внесен в Реестр ЮНЕСКО «Память мира». Об этом сообщили НИАТ «Ховар» в Министерстве иностранных дел Таджикистана.

Номинация была совместно представлена Таджикистаном, Ираном, Болгарией, Германией, Турцией и Узбекистаном.

Великий таджикский поэт, философ, ученый и богослов Мавлоно Джалалиддин Балхи (Руми) является одним из величайших суфийских мастеров XIII века, его творчество сегодня для всего мира считается одним из самых ценных произведений.

«Куллиёти Мавлоно» включает в себя такие произведения, как «Маснавии Манави», «Дивани Шамси Табрези», «Фихимофихи» (Беседы), «Маджолиси Саба» (Семь проповедей) и «Мактубот» (Письма). Все произведения Мавлоно написаны на таджикском языке и переведены на различные языки мира. Литературно-философское творчество Мавлоно  имеет величайшее научное значение для изучения истории и культуры народов восточных стран.

ТУРСУНЗОДА, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки меҳмонону сокинон ва роҳбарияти шаҳр бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 –и деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навобод мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои 8 синфхонаи нав буда, бо таҷҳизоту аёнияти замонавӣ ва мизу курсӣ таъмин мебошад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Бинои иловагии ин муассисаи таълимӣ барои 384 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Корҳои сохтмонии он моҳи январи соли равон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ оғоз шуда, бо ҷалби сокинони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Ҳар як синфхонаи навтаъсиси ин муассисаи таълимӣ бо мизу курсӣ ва дигар аёнияти хониш таъмин буда, баҳри донишомӯзии писарону духтарон шароити арзандаи таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Масъулин зимни сохтмон ба сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус равона намуда, бинои синфхонаи иловагии мактабро ба талаботи замона мутобиқ гардониданд.

Хушбахтона, маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо бунёди мактабҳои замонавии дорои шароити беҳтарини донишомўзӣ сатҳу сифати таълиму тарбия дар аксар муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Турсунзода ба маротиб хубтар гардидааст.

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 –и деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ваъда доданд, ки тамоми донишу таҷрибаи хешро ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва соҳибкасб шудани онҳо равона месозанд.

ДУШАНБЕ, 28.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» -и маркази вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиши идона доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ҳамоиши идона тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, ятимони кулл, ғолибони олимпиада ва озмунҳо, Академияи хурди илмҳо ва кӯдакони хушбахти замони истиқлол иштирок менамоянд.

Ҳамзамон дар идгоҳ озмуну маҳфилҳои гуногун ташкил гардида, қаҳрамонони афсонаҳо шодишарики кӯдакон мегарданд.

Ҳамоиши идона соати 08:00 оғоз мешавад ва сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр метавонанд бо фарзандони худ дар он иштирок намоянд.

ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни 10-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» оғоз гардид.

Озмуни «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» аз 28 май то 2 июн дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ идома меёбад. Озмун дар се давр гузаронида шуда, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо, баъдан вилоятҳо ва даври сеюм дар ҷумҳурӣ доир карда мешавад.

Озмуни 10-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» байни шаш дастаи нозирони навраси ҳаракат дар роҳҳои минтақаҳои мухталифи мамлакат бо баргузории шартҳо доир мешавад.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» дар ин хусус манзур мешавад.

ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1 июн, соати 18:00 дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт таҳти унвони «Кӯдакон-дунёи моянд!» барномаи  бошукўҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар барнома ҳамчунин намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт  ба тамошо  гузошта шуда, инчунин баргузории дигар бозиҳои шавқовар барои кӯдакон дар назар дошта шудааст. Зимни он ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба ин рӯз аз 26 май то 1 июн «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»  идома дошта, дар доираи ҳафтаи эълонгардида ташкилу баргузории барномаи фарҳангӣ ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», рӯйнамоии маҷмуаи шеъру ҳикояҳои иширокчиёни Форуми дуюми навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе «Килки сабз»  ва ҳамоиш дар мавзуи «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» доир мегардад.

Ҳамзамон дар доираи ин ҳафта мусобиқаҳои варзишӣ,  аз қабили волейбол, футболи хурд, шоҳмоту шашка, озмунҳои мусаввири беҳтарин, аксияҳои таблиғотии дастаҳои ихтиёрии «Патрулони сабз» ва «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ», саёҳати пиёдагардӣ, барномаҳои фарҳангии сайёр барои таълимгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе барномаҳои тарбиявию маърифатӣ ба роҳ монда шудааст, ки то охири рӯз барои хотирмон таҷлил намудани ин ид манзури кӯдакон гардонида мешаванд.

Ёдовар мешаваем, ки ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон гузаронида мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки таҷлили он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба роҳ монда шудааст.

Дар Тоҷикистон низ Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» гузаронида мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ маънидод намуда, ба парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри таъмини дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсили босифат, ҳифзи тандурустиву барқарорсозии саломатӣ ва бо мақсади рушди ҷисмонӣ ва фароғату роҳати онҳо шароити созгор фароҳам оварда, барои дастгирӣ ва ҳавасманднамоии наврасони соҳибҳунару соҳибистеъдод бо иштироки кӯдакон пайваста  озмуну фестивал ва мусобиқаву чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ доир менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи кӯдакон, махсусан ятимон, маъюбон ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ҷиҳати бо ҳаёти пурарзиш ва сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакони бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, сару либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, пеш аз ҳама, манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, «модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

 Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бо иштироки адибаи хушбаён Гулчеҳра Муҳаммадиева  маҳфили навбатии «Суханреза» баргузор гардид. Ҳамзамон дар ин чорабинӣ омӯзгорону хонандагони Муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат варзида, аз осори ин шоира бори дигар хабардор гардиданд. Дар маҳфили адабӣ гуфта шуд, ки осори эҷоднамудаи шоир, ки аллакай рӯйи чоп омадааст ба 28 адад расидааст. Дар идомаи чорабинӣ хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 122-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баромад намуда, бо барномаи хотирмони худ, ки саршор аз осори  шоир буд, хотири аҳли нишастро болида гардониданд.