Перейти к содержимому
 

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад.

ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар мусобиқаи рушди УЕФА, ки аз 23 то 28 апрел дар Беларус баргузор мешавад, иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Минск дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолонашон аз Узбекистон (23 апрел), Беларус (25 апрел) ва Озарбойҷон (28 апрел) бозӣ мекунад.

Мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи майдонҳои футболи Федератсияи футболи Беларус доир мегарданд.