Перейти к содержимому
 

Нимаи дуюми рӯзи 16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарори корӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.

Сокинони сарбаланду меҳмоннавози шаҳри Хоруғ Сарвари давлатро дар фурудгоҳи “Боми ҷаҳон” ба таври хос гарму самимӣ ва бо шодию фараҳ истиқбол гирифтанд.

Барои пазироии шоистаи меҳмони олимақом аҳли санъату ҳунари вилоят барномаи рангини фарҳангиро, ки саропо тараннуми сулҳу субот, хизматҳои беназири фарзанди баруманди халқи тоҷикро таҷассум менамуд, дар сатҳи баланди ҳунарӣ таҳия ва пешниҳод намуданд.  

Мавриди зикри хос аст, ки ҳар як ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайки шодию нишот ва созандагию ободонӣ мебошад.

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Идома

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ин ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Идома

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои нави маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Идома

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои истиқоматии 5-ошёнаро, ки барои хизматчиёни давлатӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои маишии он шинос шуданд.

Идома

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Наҷини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хонаҳои навбунёдро, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида бунёд гардидаанд, ба истифода доданд.

Идома

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” боздид намуданд.

Идома

16 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.

Идома

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия дидан карда, бо деҳқонону кишоварзон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

идома