Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 нафар одамон, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва бозмондагони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд.

Роҳбари давлат, ҳамчунин, ба Сарвазири мамлакат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида кумак расонида, доир ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 5-уми Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба анҷом расид. Дар ин рӯзи мусобиқа муштзанони тоҷик Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг бо мағлуб кардани рақибон соҳиби медали тилло, Дилдода Асақалова дар вазни то 54 кг бо шикаст додани рақибон соҳиби медали биринҷӣ ва Абубакр Муродзода дар вазни то 60 кг бо ҳунару маҳорати воло ва ноком кардани рақибон соҳиби медали тиллои мусобиқа гардиданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Варзишгарони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов то имрӯз аз рӯи гӯштини ҷудо 1 медали тилло — Абубакр Шеров (-73 кг), 1 медали биринҷӣ дар ҳайати даставӣ ва дар бокс 4 медали биринҷӣ — Дилдода Асақалова (-54кг), Шоҳин Ҳигматов (-63,5кг), Диёр Султонов (-75кг), Толибҷон Расулов (-86кг) ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар аз 19 то 31 август дар шаҳри Екатеринбурги Русия байни варзишгарони донишҷӯи 36 мамлакат аз рӯи 14 намуди варзиш идома меёбад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 54 нафар варзишгарон аз рӯи 6 намуди варзиш муаррифӣ доранд.

ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  24 август дар Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини  ҷудо байни наврасон рақобатҳои вазнҳои -60 кг, -66 кг байни мардҳо ва -48 кг, -52 кг байни духтарон баргузор шуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тоҷикистонро дар ин рӯзи мусобиқа Мадина Қурбонзода дар вазни то 48 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни то 60 кг, Муҳаммадин Лоиқов ва Ворис Назаров  дар вазни то 66 кг  муаррифӣ намуданд. Аз байни  онҳо  ҷудочии наврас Ёсин Бобокалонов  дар  вазни то 60 кг маҳорати воло нишон дода, бо мағлуб кардани ҳарифон то ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Ёсин Бобокалонов дар даври аввал озод буда, дар даврҳои баъдӣ бо мағлуб намудани Лай Мин-Янг аз Тайпеи Чин, Бруно Нобрега аз Бразилия, Данюло Кравченко аз Украина ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт ва аз Ижак Ашпиз аз Исроил мағлуб шуда, барои медали биринҷӣ бо Тудор Мосой аз Руминия гӯштин гирифта, бо як имтиёзи вазарӣ музаффарият ба даст овард.

Ғолибони вазни -60 кг:

1.Ижак Ашпиз (Исроил)

2. Муҳаммад Мусоев (Озарбойҷон)

3.Ёсин Бобокалонов (Тоҷикистон)

3. Симас Поликевисиус (Латвия)

Хотиррасон мешавем, ки имрӯз дар Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини  ҷудо байни наврасон дар шаҳри Загреби Хорватия рақобатҳо дар вазнҳои -73 кг, -81 кг -90 кг +90 кг байни мардҳо ва -63 кг, -70 кг +70 кг байни духтарон доир мешаванд. Тоҷикистонро Аминҷон Абдуҷалилзода  дар вазни то 73 кг намояндагӣ менамояд.

ДУШАНБЕ, 24.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави мамлакат даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо иштироки 3506 нафар довталаб идома дорад. Аз ҷумла, ин озмун дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» идома дошта, довталабон байни ҳам рақобат доранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо иштирокчиёни озмуни имсола ҳамсуҳбат гардид.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе», омӯзгори пойтахт Мавлуда Каримова иштирокчии даври шаҳрии озмун аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани адибони классики тоҷик» мебошад. Ба гуфтаи ӯ, китоб хондан дар қалби инсон нуреро бедор мекунад, ки тавассути он метавон зиндагиро бо нигоҳи нав дид. Новобаста ба он ки ҳамсуҳбати мо худ кори хеле пурмасъулият бар дӯш дорад,  мегӯяд, ки «агар завқу рағбати китобхонӣ дошта бошӣ ва дилат барои хондан ҷӯш занад, дар дилхоҳ кору масъулият фурсати китобхонӣ ёфта метавонӣ».

Зеро ба гуфтаи ӯ, китоб ганҷинаи дониш, маҳзани умеду орзуҳо ва роҳнамои инсонҳо мебошад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст». Дуруст аст, ки шахси китобхон хеҷ вақт дар торикиву душвориҳои зиндагӣ ноумед намешавад, чунки маҳз панду андарзҳои китобро роҳнамои худ дар зиндагӣ меҳисобад.

Мавсуф мегӯяд, ки ба шарофати ин озмун солҳои охир тамоми қишри ҷомеа китобхон гардид. «Имрӯзҳо тамоми китобхонаҳо пур аз хонанда аст, ҳатто дар ҳар хонадон аҳли хонавода китобхон шудаанд. Онҳо сарҷамъ шуда, китоберо варақгардон карда, атрофи он бо ҳам соатҳо суҳбат мекунанд, ки нишони соҳибмаърифатии ҷомеа аст».

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, фарқияти озмуни имсола он аст, ки дар он иштироки омӯзгорон бештар ба назар мерасад. Онҳо низ дар қатори шогирдонашон бо майлу рағбати зиёд маҳорат нишон медиҳанд.

Донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Лола Абдуллоева дар номинатсияи «Адабиёти классики тоҷик» байни довталабон рақобат дорад. Ӯ соли сеюм аст, ки бо завқи зиёд тавассути иштирок дар ин озмун донишу маҳорати худро сайқал медиҳад. Тавре мегӯяд, «озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сабқате ба манфиати давлату миллат аст. Вижагии озмун дар он аст, ки касе дар он мағлуб намешавад, зеро он ҷавҳари донише, ки омӯхтааст, дар зиндагӣ ба ӯ ҳатман даркор мешавад».

Лола Абдуллоева ба ин озмун омодагии хуб дидааст. Тибқи низомнома, ӯ 200 ғазал, 200 рубоӣ ва дубайтӣ, 200 байт аз достон, 150 байт аз қасида, 100 байт аз навъҳои гуногуни шеърӣ аз бар ва 50  асари бадеӣ низ мутолиа намудааст.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 феврали соли 2023 барои баргузории Озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт барои соли 2023  2 467 400 (ду миллиону чорсаду шасту ҳафт ҳазору чорсад) сомонӣ ҷудо гардидааст.

ДУШАНБЕ 24.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли нави таҳсили 2023-2024 дар шаҳри Душанбе 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4344 хонанда дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин хусус зимни баргузории машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд.

Гуфта шуд, ки дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 924 ҷой мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 11 ҳазор 396 ҷойи нишаст оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд.

Тазаккур дода шуд, ки дар айни замон дар шаҳри Душанбе 199 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 274 ҳазору 920 хонанда фаъолият доранд, ки нисбат ба соли гузашта 6 муассисаи таълимӣ ва 6518 нафар хонанда зиёд мебошад.

ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2023) (U-17), ки дар Ҳисор ҷараён дорад, дуюмин пирӯзиашро ба даст овард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар даври сеюм наврасони мо дар як бозии душвор ҳамсолони худ аз Қирғизистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст доданд.

Дар бозии дигар дастаи Афғонистон аз дастаи Эрон қавитар баромад – 2:1.

Даври 4

25 август (ҷумъа)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5

27 август (якшанбе)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон