Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар рӯзи чоруми Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ҷудочии Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар вазни – 81 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Баъди ба даст овардани медал дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Варзиш» Сомон Маҳмадбеков иброз дошт, ки медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024-ро ба Пешвои миллат ва тамоми мардуми тоҷик мебахшад.

Идома

Бо ба даст овардани нишони биринҷии Бозиҳои Олимпии Париж -2024 паҳлавони мо Сомон Маҳмадбеков бо гузаро шудани 16 сол аз риштаи ҷудо барои Тоҷикистон медали Олимпиадаро соҳиб шуд.

Қаблан, соли 2008 дар Бозиҳои Олимпии Пекин паҳлавони дигари тоҷик Расул Боқиев ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил шуда буд.

Муборак бошад!!!

Сомон Махмадбеков завоевал бронзовую медаль на Олимпийских играх 2024 года в Париже.

Поздравляем!!!

Somon Mahmadbekov won a bronze medal at the 2024 Olympic Games in Paris.

Congratulations!!!