Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 13.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар Донишгоҳи давлатии Данғара даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор гардид, ки ба он 378 нафар роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар даври дуюми озмун аз ҳисоби хонандагони синфи 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 7685 нафар иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Фаъолтарин довталабоне, ки аз шаҳру ноҳияҳо ба даври вилоятӣ роҳхат ёфтанд, имрӯз дар байни довталабони дигар шаҳру навоҳӣ дониш санҷида истодаанд.

Аъзои ҳакамон ба махорати довталабон аз рӯйи талабот ва шарти озмуни мазкур баҳо гузошта истодаанд. Беҳтарин довталабон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида, мақсад аз он арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон мебошад.

Озмун байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти илмии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун доир мегардад.

Дар вилояти Хатлон озмун то 18 сентябр идома меёбад.

ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /НИАТ «Ховар»/. В Центральной Азии на протяжении трех десятилетий действует уникальная организация и политическая площадка — Международный фонд спасения Арала, председательство в которой переходит от страны к стране каждые три года. Исходя из важности водных ресурсов для достижения устойчивого развития, Таджикистан активно и последовательно продвигает водный вопрос в глобальной повестке дня. Президент Таджикистана известен как сторонник и инициатор идей, направленных на решение водных вопросов. Как сообщалось ранее, 14 и 15 сентября в Душанбе пройдёт очередное заседание Совета глав государств-учредителей Международного фонда спасения Арала и  Пятая юбилейная Консультативная встреча глав государств Центральной Азии. В преддверии этих важных мероприятий корреспондент НИАТ «Ховар» побеседовала с представителем Республики Таджикистан в Исполнительном комитете Международного фонда спасения Арала Санои Бойзода.

Идома

ДУШАНБЕ, 13.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе  Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон ҳамчунин ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал барпо мешавад. Вобаста ба мавзуи баҳри Арал АМИТ «Ховар» бо коршиноси соҳа мусоҳиба анҷом дода, дар саҳифаи сомона нашр намуда буд. Ҳамчунин оид ба нақши Тоҷикистон дар рушди Фонди байналмилалии наҷоти Арал барои хонандагон маводи ҷолиб нашр шудааст.

...Идома "30-СОЛАГИИ ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ. Ин ниҳод ягона созмони минтақавӣ мебошад, ки ҳамаи панҷ давлати минтақаро муттаҳид месозад."

ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /НИАТ «Ховар»/. Сегодня, 13 сентября, в Душанбе состоится совещание министров иностранных дел государств Центральной Азии, передает корреспондент НИАТ «Ховар» со ссылкой на Министерство иностранных дел Таджикистана.

Как ожидается, в ходе совещания главы МИД Центральной Азии обсудят тексты проектов Совместного заявления глав государств по итогам Пятой Консультативной встречи глав государств Центральной Азии, Душанбинского заявления глав государств-учредителей МФСА, а также пакет итоговых документов душанбинских саммитов.

Напомним, что 14-15 сентября в Душанбе под председательством Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона состоится Пятая юбилейная Консультативная встреча глав государств Центральной Азии и очередное заседание Совета глав государств-учредителей Международного фонда спасения Арала (МФСА).

Бо ибтикори Сарраёсати  маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади  санҷидани маҳоратии касбии мураббияҳои  4-ноҳияи пойтахт даври  шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2023» оғоз гардид. Озмуни мазкур бо иштироки ҳакамони он дар Муассисаи томактабии рақами 45-уми ноҳияи Исмоили Сомонӣ шуруъ гардида, дар он мураббияи Кӯдакистони мазкур Манзура Исмоилова дар гуруҳи калони томактабӣ машғулиятро доир намуд. Бояд қайд кард, ки озмуни мазкур аз ду қисм иборат буда, дар он донишҳои назариявӣ ва  фаъолияти амалии довталабон ҳаматарафа аз ҷониби аъзои ҳакамон санҷида мешавад. Сипас аз рӯи ба даст овардани холҳои зиёд аз миёни 4 нафар довталаб аз 4 ноҳия ғолиби озмун муайян  мегардад. Мавриди зикри хос аст, ки дар ин тадбири ақлонию зеҳнӣ довталабон аз рӯи 7 шарт сабқати зеҳнӣ менамоянд.