Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. То оғози соли нави таҳсил   рӯзҳои башумор боқӣ монда, ҳоло дар тамоми муассисаҳои таълимии  мамлакат  барои сазовор пешвоз гирифтани ин рӯз омодагӣ мебинанд.  Имсол таҷлили Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара дар назар дошта шудааст.

Идома

ДУШАНБЕ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Русия Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони «Шаҳри ояндаи ман -шаҳри рушди устувор аст» бо иштироки намояндагон аз 30 давлати дунё идома дорад. Дар он намояндагони филиалҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон КВД «Маркази ташаккули шахсият ва рушди сиёсии ҷавонон», Иттифоқи ҷавонони шаҳри Турсунзода, Иттифоқи ҷавонони ноҳияи Лахш ширкат доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми мазкур иброз доштанд, ки дастгириҳои имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи ҳамешагии Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи бомароми сиёсати давлатии кор бо ҷавонон бараъло мушоҳида гардида, баҳри фароҳам овардани шароити таҳсил ва касбу ҳунаромўзии онҳо дар мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосири таззодҳои ҷаҳонӣ, пайваста дар талош аст, ки фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавононро бо омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта густариш диҳад. Маҳз бо ин мақсад ҷавонони фаъолро баҳри омӯзиш ва табодули таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва дарёфти роҳҳои муассир ба давлатҳои хориҷӣ мефиристад. Зеро дар шароити мустақилияти комили давлатӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ ва демократӣ ин масъалаҳо мақоми афзалиятнок доранд.

Дар идома гуфта шуд, ки Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба пешрафт ноил гардидааст, ки саҳми ин қишри ояндасоз дар рушди он намоён аст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ба иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат ба шаҳри фарҳангию варзишӣ табдил ёфта, бо мақсади интихоби ҳаёти солим барои ҷавонон садҳо толору майдончаҳо, қасру маҷмааҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳои наву замонавӣ бунёд ёфтаанд.

Намояндагони Тоҷикистон иштирокчиёни Форумро даъват намуданд, ки ба ҷумҳурии мо ташриф биёранд ва аз меҳмоннавозӣ, табиати дилфиреб ва манзараҳои нотакрори он баҳра баранд.

Иштирокчиён дар ҳошияи Форум дар корҳои панелӣ ва форсайт сесияҳо фаъолона иштирок ва баромад намуданд.

Форум 27 август оғоз гардида, то 31 август идома меёбад.

ДУШАНБЕ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти Баали шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия шоҳасари фарзанди баруманди Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров —«Тоҷикон»-ро дар ду ҷилд ба забони арабӣ аз чоп баровард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар, ки нашри китоб таҳти назорат ва бо муқаддимаи ӯ анҷом ёфтааст, хабар дод.

Китобро адиб ва тарҷумони шинохтаи Сурия  доктор Иброҳим Истанбулӣ ба забони арабӣ баргардонидааст.

Ёдовар мешавем, ки тарҷумаи осори як силсила адибони бузурги Русия, аз ҷумла Расул Ғамзатов ва дигар нависандагони Доғистон ба забони арабӣ ба қалами доктор Иброҳим Истанбулӣ тааллуқ дорад.

Дар муқаддимаи «Тоҷикон» ба забони арабӣ, аз ҷумла омадааст: «Лоҷарам, хонандаи араб бо таърихи халқи тоҷики куҳанбунёд ҳанӯз тавассути китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки ду маротиба дар Қоҳира солҳои 2009 ва 2011 дар чор ҷилд дар нашриёти Дору-л-фикри-л-арабӣ ба табъ расида буд, бори нахуст шинос шудааст ва акнун чопи ин китоб фурсати дигареро ба хонандаи араб барои шиносоии амиқтар муҳайё месозад».

Ҳамчунин муаллифи муқаддима ба таваҷҷуҳи хонандаи араб мерасонад, ки китоби «Тоҷикон» дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аҳамияти беандоза касб намуда, бо ташаббуси Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ нашр ва ба ҳар хонадон эҳдо шуд. Ҳамзамон маъракаи тарҷумаи он ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони арабӣ оғоз шуда, соли 2023 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти китоби «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардид.

Ноширон, тавре ки дар паёми худ (нусхаи он дар ихтиёри АМИТ «Ховар» қарор дорад) ба унвони Сафорати Тоҷикистон дар Москва изҳор доштаанд, чопи якуми тарҷумаи ин шоҳасарро ба муносибати Соли бузургдошти китоби «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун армуғон ба Соҳиби ташаббуси тарғиби он- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшидаанд.

Имрӯзҳо дар Муассисаҳои томактабии шаҳру навоҳии мамлакат давраи солимгардонӣ дар арафаи анҷомёбист. Тавре маълум аст,дар Муассисаҳои томактабӣ ин давра 3 моҳро дар бар гирифта, он дар фасли тобистон ҷараён меёбад. Дар ин мавсим тарбиятгирандагон бештар ба машғулиятҳои  мусиқӣ ва тарбияи ҷисмонӣ фаро гирифта шуда, ҳаматарафа обутоб меёбанд. Дар Муассисаи томактабии рақами 72-юми ноҳияи Фирдавсӣ 8 гуруҳ кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ба кӯдакон мураббияҳои соҳибтаҷриба машғулиятҳоро бо бозичаҳо ва асбобҳои айёнӣ гузаронида, саъю талош меварзанд, ки онҳо номҳои асбобу ашёҳоро ёд гирифта, забони модариро хуб омӯзанд. Инчунин дар давраи солимгардонӣ ба дӯстрӯякон 4 вақт таъомҳои серғизо ва меваю сабзавотҳои тару тоза дода мешавад, ки барои ташаккули ҷисмонии онҳо муфид мебошад.

То оғози соли нави таҳсили 2023-2024 рӯзҳои башумор мондааст. Аз ин рӯ дар тамоми Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии мамлакат давраи омодагӣ ба соли нави таҳсил хеле хуб ҷараён дорад. Масъулин ва омӯзгорон мекушанд, ки наврасону ҷавононро бо таъби болида  истиқбол гирифта, онҳоро дар синфхонаи бо лавозимоти хониш оро ёфта,  таълим диҳанд. Ва рӯзи донишро бо муваффақият гузаронанд. Айни замон масъулин ва омӯзгорони фаннӣ дар таълимгоҳи рақами 31-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 61 синфхонаро тибқи талаботи замони муосир бо асбобу лавозимоти хониш ороиш дода, 11 адад кабинети  фаннӣ ва синфҳои ибтидоиро бо 15 тахтаи электронӣ  муҷаҳҳаз намуда, барои  қабули   насли наврас ба таҳсил ҳаматарафа омода мебошанд. Инчунин таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ дар сатҳи хуб қарор дорад. Таълимгоҳи мазкур дорои ду синфхонаи технологияи иттилоотӣ, ки онҳо бо 144 компютер муҷаҳҳаз ва 2 сифхонаи лингафонӣ мебошад, ки барои  дар сатҳи лозима гузаронидани  фанҳои забони русӣ ва англисӣ мусоидат мекунад.

ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 август дар ноҳияи Рашт Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор гардид. Дар он зиёда аз 200 варзишгар аз тамоми манотиқи мамлакат иштирок намуда, барои ба даст овардани унвони чемпионӣ байни ҳам рақобат намуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Қобили тазаккур аст, ки дар рӯзи якум рақобатҳо байни варзишгарони вазнҳои то 60 кг, то 66 кг, то 73 кг ва рӯзи дуюм байни вазнҳои то 81 кг, то 90 кг, то 100 кг ва +100 кг доир гардиданд. Дар рӯзи якуми мусобиқа медалҳои тилло насиби варзишгарон, чун Умар Шеров дар вазни то 60 кг, Набии Нуралӣ дар вазни то 66 кг ва Муҳсиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг аз шаҳри Душанбе гардиданд.

Ҳамчунин Сунатулло Мусоев дар вазни то 73 кг, Муқтадири Бобоҷон дар вазни то 66 кг, Манучеҳр Фармонбеков дар то 60 кг медалҳои нуқраро соҳиб шуданду Эҳсон Сафарзода дар вазни то 60 кг, Баҳром Чақалов дар вазни то 66 кг, Фазлиддин Садриддинзода дар вазни то 66 кг, Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни 73 кг барандаҳои медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар вазни то 81 кг узви дастаи мунтахаби вилояти Суғд Сайфиддин Сайфиддинзода медали тилло ба даст овард. Ӯ дар финал намояндаи дастаи шаҳри Душанбе Сунатулло Лоиқовро мағлуб намуд. Медалҳои биринҷии ин вазн насиби Бахтиёр Ғафуров ва Кароматулло Мирзоев гардиданд. Сомон Кишвар чемпиони ҷумҳурӣ дар вазни то 90 кг шуд. Сомон Кишвар узви дастаи шаҳри Душанбе буда, дар рақобати сахту сангини финалӣ бар Зикриё Одиназода аз дастаи Суғд зафар ёфт. Медалҳои биринҷиро Бузургмеҳр Муҳаммадшокирзода ва Музамир Каримзода ба даст оварданд.

Хотиррасон мешавем, ки ба ғолибони зинаи сеюм 2000 сомонӣ, барандаи медали нуқра 3000 сомонӣ ва ҷойи аввал 5000 сомонӣ мукофотпулӣ таққдим шуданд. Парвиз Абдураҳмонов аз шаҳри Душанбе ғолиби вазни то 100 кг шуд. Ҳабибулло Ашуров дар ин категория барандаи медали нуқра гардид. Муҳсин Малаев аз шаҳри Душанбе ва Шомихурдӣ Бурҳонзода аз вилояти Хатлон мақомҳои сеюмро касб намуданд.

Некрӯз Некбахтзода аз дастаи Суғд чемпиони Тоҷикистон дар вазни ҷамъи 100 кило шуд. Ӯ дар финал бар варзишгари шаҳри Душанбе Аминҷон Раҷабов пирӯз гардид. Усмон Нарзуллоев аз шаҳри Душанбе ва Ҷумъахон Бозиев аз ВМКБ барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.

Аз рӯйи натиҷаи Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон беҳтаринҳо ба мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон, ки 4-8 октябр дар Португалия ба нақша гирифта шудааст, равон мешаванд.

ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 нафар одамон, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва бозмондагони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд.

Роҳбари давлат, ҳамчунин, ба Сарвазири мамлакат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида кумак расонида, доир ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.