Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дарвоқеъ, рушду тавсеаи  равобит бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи бунёдгузори сиёсати хориҷии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои ба даст овардани истиқлолият то имрӯз аз муҳимтарин ва авлавиятноктарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи сиёсӣ таҳлил ва хулосагирӣ менамуданд, ки иҷрои вазифаҳои ниҳоят вазнин ва печидаи бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ ва ташаккули қудрати иқтисодии он бе ҳамкории сиёсию иқтисодии фарогир бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон имконнопазир аст. Чунин ибрози назар намуд муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ  Парвиз Муҳаммадзода.

Идома

ДУШАНБЕ, 11.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз пагоҳ даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бо иштироки 1605 нафар довталаб оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар».

Дар даври якуми озмун 140 ҳазору 787 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 19 ҳазору 735 нафар дар даври дуюми озмун иштирок намуданд. Аз теъдоди иштирокчиёни даври дуюми он 1605 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд.

Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Он ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд.

Дар озмун соли равон довталабони зиёде иштирок намуданд.

Раиси комиссияи озмун ба аъзои ҳакамон дастур додааст, ки дар ҷараёни озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд ва нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.

Инчунин ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур шуморида шуд, ки ҷараёни даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Даври сеюми озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 12 то 22 сентябр баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад.

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюдусолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.

Идома

"Литсейи Умари Хайём"-и ш. Душанбе соли 2022 дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор ёфтааст. Тибқи иттилои масъулин таълимгоҳи мазкур барои 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз 8 бинои 3 ва 4 ошёнаи бо ҳам пайваст иборат аст. Тамоми биноҳои таълимгоҳ бо маркази гармдиҳӣ пайваст буда, дар айёми сармо пурра гармии синфхонаҳо таъмин карда мешавад. Литсейи мазкур дорои 70 синфхонаи фаннӣ, озмоишгоҳҳои замонавӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология,физика, китобхона,мусиқию рассомӣ ва дигар синфхонаҳо буда, ҳамаи синфхонаҳо барои шавқовар гузаронидани дарсҳо бо дастгоҳу айёниятҳои зарурӣ васлу насб шудаанд. Инчунин дар ин макони илму маърифат синфхонаи компютерӣ бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, ҷиҳати омӯзонидани он тамоми шароитҳо ва айёниятҳои зарурии таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Ба хонандагон 56 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд.

Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ корҳои омодагиву бунёдкорӣ дар сатҳи зарурӣ идома дорад. Ба ифтихори ин санаи фархунда Муассисаи томактабии рақами 30-юми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қабои идона ба бар кардааст. Дар ин Кӯдакистон машғулиятҳо тибқи талаботи барномаҳои таълимӣ ҷараён гирифта, аҳли мураббияҳо мекӯшанд дӯструяконро дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат таълиму тарбият диҳанд. Бинои Муассисаи томактабии мазкур дар соли сипаришуда, дар оғози соли таҳсили 2022мавриди истифода қарор дода шудааст.Дар Муассисаи томактабӣ  9 гурўҳ  бо теъдоди 270 нафар кўдак ба таълим фаро гирифта шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хурдсолон пайваста машғулиятҳои намунавӣ гузаронида мешавад, ки дӯстрӯякон дар машғулиятҳо фаъолона ширкат меварзанд. Чун дар пеш ҷашни Истиқлолият аст ин дӯструякон доир ба истиқлолият, Ватану Тоҷикистон низ шеърҳо қироат карданд.

Муассисаи томактабии №15 ш. Душанбе  барои 100 нафар насли наврас бунёд гардида ондар арафаи ҷашни Истиқлолият аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  мавриди баҳрабардорӣқарор дода шуд .Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар он 5 гуруҳ бо фарогирии 20 нафар  кўдак фаъолият менамояд. Муассиса бо тамоми аёниятҳо ва асбобу лавозимотҳои лозима муҷаҳҳазонида шудааст.  Дар Кӯдакистон 20 мураббияи соҳибтахассус ба кори доимӣ таъмин карда шуда, ба дустрӯякон таълиму тарбия медиҳанд.

Бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр дар Тоҷикистон гузаронида мешавад дар Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ", Рӯзи дарҳои боз баргузор гардид. Зимни он барои дар сатҳи хуб муаррифӣ намудани китобу китобхона аз ҳисоби кормандони тамоми шуъбаву бахшҳо 40 нафар кормандони ҷавон ҷалб шудаанд. Ёдовар мешавем, ки аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ чун Рӯзи китоб таҷлил  карда шавад. Ва ҳамасола ин санаи фархунда дар гӯшаву канори мамлакат дар сатҳи баланд доир мегардад.

Дар остонаи таҷлили ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид. Дар намоиш-фурӯш сокинону меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти гуногуни кишоварзии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа шинос шуда, бо нархҳои дастрас аз он харидорӣ намуданд. Ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ гӯшаи дигари намоиш-фурӯшро ташкил дод, ки ба ҳамоиш ранги дигар бахшид.

ДУШАНБЕ, 04.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози соли нави таҳсил Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ.

Тавассути озмун аз байни 500 нафар довталаб танҳо 250 нафар имкон пайдо намуданд, ки дар ин муассисаи таълимии муосир ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо тасмими роҳбарияти донишгоҳ дар баробари гурӯҳҳои тоҷикӣ инчунин таълим дар гурӯҳҳои русӣ низ ба роҳ монда шуд.

Ба ҷӯяндагони илму маърифат омӯзгорони варзидаи дорои дараҷаҳои баланди илмӣ ва мутахассисони варзидаи соҳибкасб таълим медиҳанд, ки ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Литсей бо технологияи муосири инноватсинӣ муҷаҳҳаз буда, барои хонандагон тамоми шароити мусоиди таълим фароҳам гардидааст.

Ифтитоҳи Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ туҳфаи арзишманд ба ҷӯяндагони дониш дар соли нави таҳсил мебошад.

ДУШАНБЕ, 04.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи китоб имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр, Рӯзи дарҳои боз ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир шуд. Дар он ҳамзамон як зумра фаъолони соҳаи китобдорӣ қадрдонӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Доир намудани ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромада, ба сокинони мамлакат имкон медиҳад, ки бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд.

Сурат-гузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ пешниҳод мегардад.