Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел, соати 09:00 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шоҳҷоизаи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2025»-ро Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ бо намоиши «Достони Сиёвуш» сазовор  гардид. Дар хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги мамлакат  иттилоъ медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 20.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни аҳолии ҷавони мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад.

Идома