Перейти к содержимому
 

 Бар асоси хулосабарории ҳайати ҳакамон омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Сиротулло Зоиров дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2023» ғолиб дониста шуд. Сиротулло Зоиров номзади илмҳои педагогӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, сазовори ҷойи дуюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва аз ёд намудани осори адибони классик» мебошад. Ҳайати ҳакамони озмун дар дарсҳои намунавии довталабон аз рӯи ихтисос иштирок намуданд. Ҳамзамон довталабон таҷрибаи кории худро муаррифӣ намуданд.

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Роҳбарони ду давлат аз муколамаи созандаи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, идомаи муваффақонаи робитаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёту транзит, сайёҳӣ, ҳамкории бисёрсамтаи минтақаҳо ва вилоятҳои ду кишвар, афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва содда гардонидани рафтуомади мардумони ду кишварро зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030” ва идомаи фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои амалисозии ҳадафҳо аҳамияти хос хоҳад дошт. 

Дар ҷараёни вохурӣ роҳбарони ду давлат ҳамкории кишварҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории исломӣ муҳокима карданд. 

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, ки ба вазъи амниятии кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд, табодули андеша намуданд.

Вобаста ба вазъи Афғонистон таъкид карда шуд, ки Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои наздиктарин ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвар беш аз дигарон манфиатдоранд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо дар баробари муҳокимаи робитаҳои дуҷониба, инчунин оид ба рӯзномаи ҳамоиши мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид табодули андеша карданд.

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун мулоқот карданд.

Дар  рафти мулоқот масоили таҳкиму густариши робитаҳои Тоҷикистону Алҷазоир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ба масъалаи тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб муфид, ҳамчунин масоили мубрами рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. 

Муҳтарам ҷаноби Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзӯи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад.

Воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.

Идома

19 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка Саммити Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони дигар давлатҳо, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Идома

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҳамоиш бо истиқболи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва маросими аксбардории хотиравии иштирокдорон оғоз гардид.

Идома

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва онро яке аз шарикони калидии худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 саъю талош дорад ва дар ин самт Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030қабул карда, чандин барномаҳои дигари давлатиро мавриди иҷро қарор додааст.

Дар рафти мулоқот ба Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.

Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯҳои асосии мулоқот буданд.

Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя таъкид гардид, ки Тоҷикистонтамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишварбарои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст. Бозорҳои наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуданд.

Инчунин дар назар аст, ки зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ карда, дар ҳошияи ин чорабиниҳо бо як қатор сарони давлатҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигари масъалаҳои мубрамро баррасӣ намоянд.

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 78-уми  Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - ИМА” ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.