Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар соли ҷорӣ низ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

Вобаста ба ин, соли 2023 ба Низомномаи озмун як қатор тағйироту навгониҳо ворид гардида, он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусиятҳои синнусолӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.

Дар номинатсияи эҷоди назму наср низ тағйирот ворид шуда, соли ҷорӣ довталабони бахши эҷоди назм ва эҷоди наср дар алоҳидагӣ иштирок мекунанд.

Ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштрокчиёни озмуни имсола миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, дар маҷмуъ ғолибони ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд карда шуд.

Ҳамзамон шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонида шуд.

Вобаста ба тағйироти зикргардида маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории озмун дар ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ зиёд карда шуда, дар маҷмуъ 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат соли ҷорӣ барои довталабони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, боло бурдани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.

Соли 2023 озмун миёни гурӯҳҳои касбӣ — хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин коллеҷҳои санъату рассомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳо ва театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ ва гурӯҳи ҳаваскорон — хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ходимони илмӣ ва эҷодӣ гузаронида мешавад.

Дар соли ҷорӣ озмун аз рӯйи 5 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуда, номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор мегарданд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ ширкат мекунанд.

Дар ин замина, шумораи ҷойҳо барои ғолибони озмун 40 адад зиёд гардида, дар маҷмуъ 115 ҷойро ташкил медиҳад. Ҳамчунин шумораи ғолибони Ҷоизаи ифтихорӣ (шоҳҷоиза) низ 2 нафар зиёд шуда, ба 5 нафар мерасад.

Шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври сеюми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Ҷоизаи ифтихорӣ (шоҳҷоиза) мегарданд, 15 адад зиёд гардида, ба 61 адад расонида шудааст.

Вобаста ба тағйироти зикргардида маблағи мукофоти ғолибон ва баргузории озмун 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1 210 000 сомонӣ зиёд мебошад.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Дов»-и Тоҷикистон дар Кинофестивали байналмиллалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар байни 14 филм ҷоизаи «Таваҷҷуҳи ҳакамон»-ро соҳиб гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» коргардони филми мазкур Муҳиддини Музаффар.

Тавре қаблан хабар додем, аз 27 то 31 январ дар шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон Кинофестивали байналмилалии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар бахши озмунии он филмҳои ҳунарии «Дов»-и коргардон Муҳиддин Музаффар, «Охирин сайди сайёд»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил ва «Роҳ»-и коргардон Носир Саидов ба намоиш гузошта шуданд. Инчунин Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён дар Кинофестивали байналмиллалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карда, дар бахши озмунии он ба ҳайси довар иштирок намуд. Дар бахши ғайриозмунии кинофестивал филми кӯтоҳи ҳунарии «Этюд»-и коргардон Мумин Қодиров низ намоиш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки филми «Дов» моҳи декабри соли 2022 дар Фестивали байналмилалии Калкуттаи Ҳиндустон дар бахши номинаи филмҳои Осиё дар байни 8 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Ҳиндустон, Бангладеш, Шриланка ва Қирғизистон беҳтарин филм дониста шуд.

Бояд тазаккур дод, ки муҳтавои филм дар бораи ду рафиқе қисса мекунад, ки барои таъмини зиндагӣ тарки касб карда, роҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд. Қаҳрамонони филм барои расидан ба орзуҳо ва наҷоти фарзанд аз беморӣ аз ҳам ҷудо мешаванд.

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф  гардидааст. Чунин ибрози андеша намудааст Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин МУҲРИДДИН дар мақолаи худ бахшида ба иқдомҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   

Дар зер матни пурраи он пешниҳоди хонандагон мегардад.

— Дар робита ба пешниҳоди Тоҷикистон, қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бори дигар ин амрро тасдиқ намуд.

Аҳамияти пиряхҳо ба сифати манбаъҳои асосии захираҳои об дар таъмини аҳолии сайёра бо ин неъмати табиӣ, ки сарчашмаи ҳаёт аст, хеле муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, обшавии босуръати пиряхҳо яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, оқибатҳои манфиро ба бор меорад. Бинобар ин, ташаббусҳои Сарвари давлати мо роҷеъ ба ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ саривақтӣ арзёбӣ шуда, аҳли башарро аз дигаргуниҳои ҷиддии табиат ҳушдор дод. Маҳз иқдоми навбатии Пешвои тоҷикон – сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз таҳдиди обшавии пиряхҳо, кишварҳои дунёро ба андешидани тадбирҳои фаврӣ ва муҳим водор намуд.

Бояд хотирнишон сохт, ки ҳанӯз соли 2009 дар пойтахти Дания – шаҳри  Копенгаген зимни суханронии Сарвари давлат дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод шуда, ибтикори мазкур, инчунин, дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои Маҷмаи умумии СММ, дигар чорабиниҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ матраҳ гардида, барои пешбурди ин ташаббус бо ҳамаи шарикон ҳамкориҳои зарурӣ роҳандозӣ гашт.

Зимнан, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2022 қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, басо муҳим ва боиси ифтихори ҳар як ҳамватани мост. Тавассути ин Қатънома Созмони Милали Муттаҳид ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳам Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳоро эълон кард, ки он аз муҳимтарин дастоварди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ин айём аст. Ҳамчунин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ба нақша гирифта шуд, ки бозгӯ аз мавқеи хос ва пешсафии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ба шумор меравад.

Дар санади қабулшуда аз ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ дар Фонди эътимоди ҳифзи пиряхҳо бо мудирияти Дабири кулли СММ ва ниҳодҳои дахлдори ин созмон, даъват ба амал оварда шудааст. Ҳадафи асосии Фонд, ҷалби дастгирии кишварҳо ҷиҳати вокуниши сареъ ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои он аст.

Рӯйдоди муҳиму таърихӣ арзёбӣ шудани қабули Қатъномаи мазкур, яъне ташаббуси навбатии Тоҷикистон  дар  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022) низ, сабаб дорад. Зеро тибқи ин қатънома, дар таърихи СММ бори аввал аст, ки як рӯзи алоҳида – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид. Албатта, ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯзҳои зиёди таърихию байналмилалӣ вобаста ба соҳаҳои гуногун дорад, аммо бояд қазоват кард, ки бо ҷонибдории 193 кишвари ҷаҳон эътироф шудани рӯзи алоҳидаи ҷаҳонии пиряхҳо ва он ҳам бо ташаббуси як давлате, ки на узви Шурои амнияти СММ асту на дорои захираҳои ҳангуфти энержию молӣ ва дигар зарфиятҳои фишороварӣ, воқеан кори саҳл нест. Ин эътироф, дарвоқеъ эътирофи нуфузи байналмилалӣ ва эътибори баланди сиёсии Пешвои тоҷикон ба шумор меравад.

Мусаллам аст, ки таъсир ба захираҳои обии сайёра, яке аз ҷанбаҳои муҳими тағйирёбии глобалии иқлим, маҳсуб меёбад. Ташвишовар он аст, ки захираҳои оби ошомиданӣ ҳамарӯза кам гардида, сифати он коҳиш меёбад. Ҳалли чунин мушкилӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, ки об дар онҳо асоси рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ҳаётан муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин росто зарур аст, ки дар баробари механизмҳои бешумори марбут ба вокуниш ба тағйирёбии иқлим чунин абзорҳо ва бархӯрди муносиб дар мавриди обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои ногувори он низ, роҳандозӣ гарданд. Дигар нуктаи муҳим он аст, ки  бо  ибтикори Тоҷикистон ва ҳамёрон, бори нахуст дар доираи Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, яъне “COP 27”, мавзуи об ҳамчун як масъалаи алоҳида, минбаъд дар рӯзномаи тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор мегирад ва бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон акнун, мавзуи пиряхҳо дар платформаҳои байналмилалӣ баррасӣ хоҳад шуд. Зимнан, қобили тазаккур аст, ки 21 декабри соли 2020 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлоси 75-ум Қатъномаи А75/212-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии аксарияти мутлақи давлатҳои аъзои СММ пешниҳод шуда буд, бо номи “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, (2018 – 2028) қабул намуд.

Инак, дар доираи татбиқи Қатъномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо баргузории ҳамоишу конфронсҳо ва чорабиниҳои муҳим идома меёбанд, ки Тоҷикистон дар онҳо аллакай, ба сифати кишвари соҳибтаҷрибаву ташаббускор аз мавқеъ ва манзалати хос бархӯрдор буда, дар умури тадорукот мудириятро низ бар уҳда дорад. Дар доираи қатъномаҳои бо ташаббуси Тоҷикистон қабулшуда, дар минтақаҳо ва кишварҳои дунё даҳҳо сохтори минтақавию байналмилалӣ таъсис ёфтанд, ки мақсади асосии онҳо мусоидат ба масъалаҳои таъмини аҳолӣ ва бахшҳои мухталифи иқтисодӣ бо об ва беҳтар намудани ҳамкориҳо дар соҳаи об дар ҳама сатҳҳо – маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.

Чуноне дар гузоришу ҳисоботи СММ ва ниҳодҳои зертобеи он, Бонки ҷаҳонӣ инчунин, дигар сохторҳои байналмилалӣ мушоҳида мешавад, татбиқи қатъномаҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, яъне вобаста ба таъмини оби ошомиданӣ ва беҳдошти экологии иқлим инчунин, роҳандозии ҳамкории созанда байни давлатҳо замина ва шароити муносибро эҷод мекунад. Яке аз мисолҳои возеҳ, ин тақвияти ҳусни эътимод ва фарогиру беҳтар шудани сатҳи ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои самаранок истифода бурдани захираҳои оби минтақа мебошад.

Қобили қайд аст, ки имрӯз дар ҷаҳон тақрибан ягон минтақае нест, ки аз мушкилоти об вобастагӣ надошта бошад ва бино ба таҳлилҳо, агар саъю талошҳои муассири муштарак анҷом дода нашавад, масоили мазкур аз ин бештар печидаву мураккаб хоҳад шуд.

Чуноне ишора намудем, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти мавзуи мавриди назар ва ширкати фаъол доштан дар пешбарии рӯзномаи ҷаҳонии об ва таъмини платформаи муколамаи сиёсӣ, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид конфронсҳои байналмилалии сатҳи баландро ташкил ва мизбонӣ менамояд. Ин нишастҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун “Раванди Душанбе оид ба масоили марбут ба об” эътироф намудааст. Чорабиниҳои сатҳи баланди Душанбе, ки дар ду сол як маротиба баргузор мешаванд, имконияти саривақтиро барои тавсеаи шарикӣ, пайдо намудани роҳҳалҳои оқилонаи мушкилоти марбута фароҳам меоранд ва аз ҳама муҳим, ҳусни эътимодро миёни давлатҳои ҷаҳон тақвият медиҳанд.

Мусаллам аст, ки обрӯю нуфуз ва мавқеи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ, дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаву ҳусни ҳамҷавории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз эътироф кардааст, ки Пешвои миллати тоҷикон ташаббускори шаш иқдоми бузург: “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005 – 2015), “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018 – 2028), Соли ҳифзи пиряхҳо (2025) ва эълони 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд ва ҳар яки он барои аҳли башар ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Маврид ба зикр аст, ки соли 2021 Панели сатҳи олию баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим зери унвони “Пешвоёни обу иқлим” аз ҷониби Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва механизми “СММ – Об” таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсиси Панел, пешбарии ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми арзанда дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз аввалин даъватшуда барои узвият дар ин Панел буданд.

Соли ҷорӣ аз 22 то 24 март дар қароргоҳи СММ – шаҳри Ню-Йорк Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд бо ҳамраисӣ Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”- ро баргузор мекунанд. Ин дуюмин конфронси сатҳи ҷаҳонист, ки пас аз нахустин Конфронси оби соли 1977-и СММ (Аргентина) баргузор мегардад.

Дар ин робита, ҳанӯз моҳи апрели соли 2021 аз ҳисоби коршиносони Тоҷикистон, Нидерланд, UNDESA ва UN-Water гурӯҳи корӣ ташкил шуда, он ба таври мунтазам ҷаласаҳои худро баргузор менамояд. Дар ин раванд якчанд санадҳои дахлдор, аз ҷумла Консепсияи баргузории Конфронс, Харитаи роҳ, Стратегияи корбарӣ бо ВАО, изҳороти назариявӣ ва ғайра таҳия шуд, ки барои омодагӣ ба Конфронс ва корбарӣ бо ҷонибҳои гуногуни манфиатдор мусоидат менамоянд. Илова бар ин, дар доираи фаъолияти гурӯҳи кории тоҷикистонӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, инчунин Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал лоиҳаи мавзуъҳои интерактивии Конфронс, Нақшаи ҷалби тарафҳои манфиатдор, уҳдадориҳои ихтиёрӣ дар соҳаи об, лоиҳаи Ҳисоботи миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии об ва дигар санаду маълумотномаҳои марбут ба мундариҷаи Конфронс таҳия гардид.

Ҷониби мо то имрӯз, якҷо бо Нидерланд ба мақсади муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи Конфронси мазкур якчанд ҷаласаҳои махсусро дар ҳошияи чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор намуд. Аз ҷумла, Ҳафтаи ҷаҳонии об (августи соли 2021 дар Стокголм), Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим (ноябри соли 2021, Глазго), ҷаласаи Гурӯҳи дӯстони об (октябри соли 2021, Ню-Йорк), ҷаласаи СММ-Об (октбяри соли 2021, Женева), Форуми 9-уми ҷаҳонии об (марти соли 2022, Сенегал), Саммити 4-уми оби Осиё ва уқёнуси Ором (апрели соли 2022, Ҷопон), Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об (июни соли 2022), Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим (ноябри соли 2022, Миср).

Дар доираи омодагиҳо ба Конфронси мазкур баргузории Марафони глобалӣ бо ширкати давандаи машҳури австралиягӣ хонум Мина Гули оғоз гардид, ки он аз 22 марти соли 2022 то 22 марти соли 2023 давом мекунад. Дар ин давра, дар маҷмуъ, 200 марафон дар мавзеъҳо ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон ташкил шуда, дар доираи он ҷалби беш аз 200 миллион нафар ва гирифтани уҳдадорӣ аз ҷониби 200 ширкати хусусӣ оид ба татбиқи амалҳо дар соҳаи об дар назар аст. Тавре маълум аст, хонум Мина Гули дар ҳошияи Конфронси дуюми Душанбе оид ба даҳсолаи об (6-9 июни соли 2022) чунин марафонро дар кишвари мо низ баргузор намуд. Дар намоишгоҳи махсус, ки дар ҳошияи Конфронси СММ-2023 дар Ню-Йорк доир мегардад, натиҷаҳои Марафони байналмилалӣ тавассути аксу видеонаворҳо ба маърази тамошобинон гузошта мешавад.

Дар ҷараёни Конфронси оби СММ-2023 қарор аст, дар баробари дигар мушкилоти марбут ба захираҳои об, ба рушди устувор ва мудирияти ҳамаҷонибаи захираҳои обӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва муҳити зист, татбиқу тарғиби барномаву тарҳҳои марбута, инчунин таҳкими ҳамкорӣ, шарокат дар ҳама сатҳҳо ба манзури мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои обӣ, аз ҷумла ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи СММ оид ба рушди устувор барои давраи то соли 2030 бозтоб ёфтаанд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад. Мо умед дорем, ки баргузории нишасти мазкур дар сатҳи олӣ рӯйдоди муҳими таърихӣ дар раванди амалисозии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” хоҳад гашт. Ин дар ҳолест, ки интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ҳамоиши таърихӣ хеле зиёд аст ва кишвари мо тавассути омодагии фарогиру ҳамаҷониба саъй мекунад, то Конфронси мазкурро дарвоқеъ, натиҷаовар гардонад. Дар ин росто, Тоҷикистону Нидерланд ҳамчун мизбонони ин ҳамоиш ба манзури муваффақ арзёбӣ шудани Конфронс, ҷалби бештари таваҷҷуҳ ва маблағгузорӣ ба соҳаи об, аз кишварҳои узви СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал меоранд, ки дар баробари иштироки фаъол дар кори Конфронс, инчунин уҳдадориҳои ихтиёрии худро оид ба суръатбахшӣ ба амалҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди марбут ба об, эълон намоянд.

Мавриди зикр аст, ки ба ғайр аз ҷаласаҳои пленарӣ ва интерактивӣ бо иштироки роҳбарони ҳайатҳо, инчунин дар ҳошияи Конфронс, зиёда аз 200 чорабинии канории мавзуӣ танҳо дар қароргоҳи Созмон ба таври ҳузурӣ ташкил карда мешавад ва зиёда аз 200 чорабинии дигар берун аз қароргоҳи СММ ё тариқи онлайнӣ дар рӯзҳои Конфронс баргузор мегардад.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки Конфронси соли 2025, чорабинии ҷамъбастӣ ба мақсади расидан ба ҳадафҳо ва татбиқи қатъномаи пиряхҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо саъй бар он хоҳем кард, то бо ҳамаи ҳамёрон якчанд чорабинию намоишҳои муҳимро дар кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон баргузор намоем. Натиҷаи ин чорабиниҳо ҷиҳати ҷамъбасти пешниҳодҳои мушаххас ба мақсади таҳияи барнома ва лоиҳаи санадҳое, ки дар ин Конфронс қабул хоҳанд шуд, мусоидат мекунад. Боварӣ дорем, ки дар доираи ин ҳамоиш стратегия, харитаи роҳ ва дигар санадҳои муҳими байналмилалӣ оид ба татбиқи чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ таҳия ва тасдиқ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, мо бояд ҳамкориро бо ниҳодҳои байналмилалӣ ҷиҳати назорату мониторинги вазъу ҳолати пиряхҳои кишвар ва минтақа, аз ҷумла тариқи истифодаи аксҳои моҳворавӣ ва технологияҳои муосир ба роҳ монем. Чунин ҳамкории муштарак, аллакай бо ЮНЕСКО оғоз гардид ва мо кӯшиш хоҳем кард, то дар раванди татбиқи ин ташаббус марказҳои байналмилалии пажӯҳишӣ, ҷонибҳои манфиатдор ва донорҳоро ҷалб намоем.

Итминони комил дорем, ки бо ҳидояту роҳбарии Пешвои миллат, ки ташаббускори ин қатъномаҳо ҳастанд, Тоҷикистон ҳамаи иқдомҳои созандаи худро то ҳадди ниҳоӣ муваффақона анҷом хоҳад дод.

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараёни баргузории ҷашни бошукуҳи Сада дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ.

ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод карда шуд, ки бештари онҳо вобаста ба ҷарроҳиҳои гуногун ва дорувориҳои зиддимикробӣ мебошанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф изҳор дошт, ки ҳар ихтирое, ки дар самти тиб ба амал меояд, дар тамоми маҷаллаҳои ҷаҳонӣ ба нашр расида, онро плагиат кардан номумкин аст.

«Ихтирооти аз ҷониби Донишгоҳ пешниҳодшуда вобаста ба ташхису табобат барои баланд бардоштани дараҷаи муолиҷаи беморон ва ҳамчунин паст намудани сатҳи беморӣ миёни аҳолӣ хизмат хоҳанд кард»,-афзуд ӯ.

Тазаккур дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ пурра аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, ба талаботи стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва дорои Сертификати мутобиқат мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо зиёда аз 72 муассисаи илмию таълимӣ ва ташкилоти хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, имрӯз донишгоҳ бо кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Молдова, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Италия ва ғайра ҳамкории зич дорад.

Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки соли сипаригардида 2 созишномаи дуҷониба тамдид ва 12 созишномаи дуҷониба ба имзо расонида шуданд.

«Ҷиҳати татбиқи шартномаҳои мазкур дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мунтазам барномаҳои мубодилаи академӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқоти илмӣ-амалии муштарак амалӣ карда мешаванд. Тибқи мубодилаи академӣ, дар давраи ҳисоботӣ 19 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати идомаи омӯзиш дар семестри баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба Академияи давлатии тиббии Ижевск равона карда шуданд»,-гуфт ректори донишгоҳ.

ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз 27 декабри соли 2022 Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода номгузорӣ шуд. Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон тасмим гирифтааст дар ин макони фарҳангӣ осорхонаи ҳаҷвнигори нотакрори тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозодаро таъсис диҳад. Дар ин хусус дирўз, 31 январ зимни нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфта шуд, ки дар вилоят 890 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 492 адад китобхона, 286 адад муассисаҳои клубӣ 3 адад филармонияи халқӣ 3 адад театрҳои касбӣ, 35 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 адад осорхона мавҷуд аст, ки аз ин шумора 52 китобхона, 36 иншооти фарҳангӣ таъмирталаб мебошанд.

Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода иттилоъ дод, ки дар ҳудуди вилоят 3 адад ансамблҳои касбии «Шашмақом», «Хутал», «Фалак», 1 ансамбли рақсии «Ситора»- и шаҳри Бохтар ва 11 ансамблҳои рақсӣ фаъолият доранд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик 17 феврали соли равон дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ солҳои охир вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.

Аловуддин Абдуллоев 15 майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Ҳунарманд соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм карда, корро дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа оғоз намуд. Ӯ дар ин ҷо ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карда, чандин солҳо роҳбарии ин театрро бар дӯш дошт.

А. Абдуллоев барои нақшҳои мондагор ва хидматҳои пурарзиш соли 2006 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2013 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Ҳунарпешаи нотакрор дар намоишҳои театрии «Моҷарои имтиҳон», «Антигона», «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мол-олон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» нақшҳои марказиро бозидааст.

Ҳамчунин ҳунарманд дар филмҳои «Братан», «Падари маҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра низ нақшҳои мондагор офаридааст.

Ҳунарманди маъруф бо таҳияи барномаи «Шӯхиҳои Аловуддин», ки тайи 10 соли охир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мегардид, миёни тамошобини тоҷик аз маҳбубияти хос баҳравар буда, ҳаводорони ҳунараш рӯз то рӯз меафзуданд.

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар Литсейи хонандагони болаёқати ноҳияи Шаҳринав вобаста ба шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо ҷавонони фаъоли ноҳия мулоқот доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.

Дар ҷамъомад муовини Раиси ноҳияи Шаҳринав Шоиста Неъматуллозода ва намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Холова сухан гуфтанд.

Зимни мулоқот дар баробари тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ҳамзамон доир ба масъалаҳои гиромӣ доштан ва ҳимояи истиқлолу озодии миллати тоҷик, таҳкими ваҳдати миллӣ, амалӣ гардонидани раванди корҳои ободонӣ, омӯзишӣ, маърифативу фарҳангӣ, тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва оиладорӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби занону ҷавонон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ибрози андеша карда шуд.

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Раддабандии байналмилалии IAAR Eurasian University Ranking (IAAR EUR)-2022, ки 8 октябри соли 2022 натиҷаҳои он дар Форуми VI байналмилалии Осиёи Марказӣ доир ба таъмини сифати таҳсилот бо иштироки шабакаҳои аврупоӣ эълон гардид, соҳиби ҷойи 4-ум ва соҳиби ҷоизаи «IAAR EUR Worldwide recognition» Award гардид. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода 31 январ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.

Қобилҷон Хушвахтзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли 2022 ҳамчунин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аз рӯйи 36 нишондиҳандаи илмиву таълимӣ дар байни 34 муассисаи олии таълимӣ мақоми аввалро касб кард.

Ин раддабандӣ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаи олии Тоҷикистон аст. Ҳоло ин донишгоҳ 14 факултет ва 125 кафедра дорад. 1334 нафар омӯзгор, аз ҷумла 12 академик, 13 узви вобастаи АМИТ, 192 доктори илм, профессор, 649 номзади илм ва дотсентон ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Шумораи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 22 787 нафар аст.Инчунин дар нишасти матбуотӣ иброз карда шуд, ки соли сипаригашта бо ибтикори раёсати Донишгоҳ Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев, Студияи таълимии радиои факултети журналистика рӯи мавҷи алоҳида дар диапазони 90,5 FM бо унвони “Садои Донишгоҳи миллӣ”, Озмоишгоҳи нанотехнологияи Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, лабораторияи илмӣ дар факултети химия, таъсиси филиали китобхонаи илмӣ дар “Шаҳраки донишҷӯён”, ба истифода додани амфитеатр ва майдончаи варзишӣ дар саҳни бинои Конфутсий ва таҷдиди Маркази русӣ сурат гирифт.

Ҳар кадоми ин озмоишгоҳу марказҳо барои истифодаи самараноки устодону донишҷӯён дар раванди машғулияти дарсӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона гардидаанд.