Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 бозгӯи дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои об, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе.

Мавриди тазаккур аст, ки моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти Тоҷикистон аз ҷониби 153 давлати узви СММ дастгирӣ ёфтанд. Дар асоси он 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, дар назди СММ Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Инчунин соли 2025 дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъкид намудааст. Инчунин дар ин санад гуфта шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст. Шумораи зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бозгӯи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

Ҳамзамон Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки барои дар амал татбиқ намудани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат тадбирҳои зарурии амалӣ андешида шуданд.

ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соли гузашта дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ 2201 нафар  баъди хатми донишгоҳ  ҳамчун омӯзгор фиристода шуд. Ин матлабро Ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

«Бо ин мақсад тасмим гирифтем, ки давра ба давра донишҷӯёнро ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ба муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ сафарбар намуда, мушкилоти ҷойдоштаи норасоии мутахассисонро дар муассисаҳои таълимӣ бартараф намоем», -гуфт  ректори донишгоҳ.

Иброз карда шуд, ки шартномаи ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ нисбат ба солҳои пешин ба маротиб зиёд шудааст, аз ҷумла агар то соли 2021 бо 25 мактаб шартномаи ҳамкорӣ вуҷуд дошт, соли 2022 ин теъдод ба 35 адад расидааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 январи соли 2023 баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар сатҳи мутобиқ ба талаботи муосир тайёр намудани омӯзгорон ва ба ин восита пурра бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор тавассути пешниҳоди имтиёзҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳо, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Аҳлиддин Ибодуллозода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли равон Литсейи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои хонандагони синфҳои 5-11 ба фаъолият оғоз менамояд. Инчунин имсол дар факултетҳои химия, биология ва физика 3 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода мешавад.

«Давоми соли 2023 нақша дорем, ки барои донишҷӯёни факултетҳои химия, биология ва география бинои нави дуошёнаи таҷрибомӯзиро, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми он идома дорад, мавриди истифода қарор диҳем», гуфт Аҳлиддин  Ибодзода.

Соли 2022 шуъбаҳои рӯзона ва фосилавии донишгоҳро 3093 нафар хатм намудаанд.

ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 нашриёти «Адиб» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 номгӯй китоб, аз ҳисоби даромадҳои дохилии муассиса 23 номгӯй китоби бадеӣ ва 21 номгӯй адабиёти кӯдаконаро рўи чоп оварда, дастраси хонандагон намудааст. Дар ин хусус имрўз дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Тазаккур дода шуд, ки бори нахуст дар таърихи мамлакат бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби Фонди захиравии Сарвари давлат силсилаи китобҳои қаламкашони барҷастаи тоҷик «Ахтарони адаб» бо сифати баланд ба нашр расид.

Таъкид гардид, ки дар силсилаи «Ахтарони адаб» осори мунтахаби 101 шоири классики тоҷику форс дар 39 ҷилд ва дар баёзҳои мухтасари насри муосир намунаи осори 22 нависанда ва дар бахши назм намунаи ашъори 41 шоири муосир муаррифӣ гардида, теъдоди умумии силсила 250 ҳазор нусхаро дар бар мегирад, ки дар маҷмӯъ осори 163 адиби классик ва муосир дар он гирдоварӣ шудаанд.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» соли 2022 12 унвон китобро бо теъдоди умумии 16,500 нусха мунташир кард. Аз китобҳои нашршуда 85 фоизашон таълифӣ ва 15 дарсади он баргардон аз форсӣ мебошанд.

Муассисаҳои нашриявии вазорат дар соли сипаришуда дар маҷмӯъ 98 номгӯй китоб бо теъдоди 108 ҳазору 750 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расониданд.

ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ«Ховар»/. Хонандагони Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи ВМКБ» барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»— оинаи таърихи миллат» ҳамаҷониба омодагӣ  мегиранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба муассисаи мазкур хабар медиҳад.

Тибқи низомнома, озмуни мазкур аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврал то моҳи декабри соли 2023 доир карда мешавад.

Даври якуми он моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, даври дуюм моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) баргузор мешавад. Даври сеюми озмун нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барпо мегардад. Даври чоруми озмун нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва шинохти бештари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» баргузор карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 30.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи Муассисаи давлатии «Мактаби мусиқии бачагонаи 3-и ба номи А. С. Ленский»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Муаттар Маликова дар онлайн-озмуни байналмилалии «Дунёи маҳорат» («Мир талантов»), ки дар Олмон баргузор шуд, дар байни 600 нафар иштирокчӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо навозиши асбоби аврупоии «Фортепиано»   соҳиби Гран-прии озмун гардид. Дар ин озмун хонандаи дигари ин муассиса Гулнора Низомова низ иштирок карда, сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори муассисаи мазкур Абдусамад Акрамов хабар дод.

Дар озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва ташкилкунандагони он ба омӯзгори муассиса Фирӯза Қосимова «Сипоснома» тақдим карда шуд.

Инчунин хонандаи муассисаи мазкур Муаттара Маликова моҳи январи соли равон дар онлайнозмуни 7-уми байналмилалии мусиқии (cantabile)-и Ҷумҳурии Туркия соҳиби ГРАН- прии озмун гардида, омӯзгори муассиса Фирӯза Қосимова бо «СЕРТИФИКАТ» қадрдонӣ гардид.

Мояи ифтихор аст, ки Муаттара Маликова аз 6 то 13 январи соли равон дар Озмуни байналмилалии шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия низ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид. Омӯзгори ӯ Фирӯза Қосимова бо унвони «Беҳтарин омӯзгор» қадрдонӣ карда шуд.

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 29 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ҷашнгоҳ гулхани баргу, ки рамзи ин ид мебошад, афрӯхта мешавад. Инчунин дар ин рӯз гӯшаи тавсияи олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ, тухмиҳои зироати кишоварзӣ ва дигар маҳсулоте, ки ҷашни Садаро ифода  мекунанд, пешниҳод мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа низ дар назар дошта шудааст. Сокинони пойтахт имкон доранд, ки аз ин ҷашнгоҳ гулу бутта ва ниҳолҳои гуногунро бо нархи арзон харидорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола иди Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, зеро он таърихи аз 3000 то 5000-соларо дорост. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёии қадим гирифта шуда, оташро ифода менамояд.

Ба иттилои пажӯҳишгарон, дар рӯзи таҷлили иди Сада афрӯхтани оташ ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан маънои онро дорад, ки баъди сардиву карахтии фасли зимистон мебояд боз ба гармиву хушиҳои зиндагӣ рӯй овард. Аҷдодони мо бо афрӯхтани оташ бо дили гарму нармашон мардуми оламро ба ободкорӣ, меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат ҳидоят менамуданд.

Ба андешаи таърихнигорон, номи ҷашн аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ- Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон якчанд унсурҳои фарҳанги миллии халқи тоҷик ба Феҳристи умумиҷаҳонии репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Инчунин номинаи ҷашни «Сада» низ ба феҳристи мазкур пешниҳод гардида, барои шомил намудан ба ин  феҳрист мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар канори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ба эҳёи ҷашни Сада чун ҷашни пайванди инсон ва табиат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Дар Паёми Пешвои миллат (26 декабри соли 2018) чунин омадааст: «Дар даврони истиқлоли давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд».

Шоири маҳбубу хушбаён, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ дар шеъри «Ҷашни Сада» ин идро раҳкушояндаи Наврӯз номида, хеле зебо ва дилнишин гуфтааст:

Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,

Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.

Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,

Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.

ДУШАНБЕ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ки макони асосии тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили ин иди бостонӣ интихоб шуда буд, ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.

Дар ҷашнгоҳ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, навъҳои тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ ва маҳсули меҳнати дастии донишҷӯён ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар ҷашни Сада гулхани рамзӣ афрӯхта шуда, барои шодию фараҳи иштирокдорон гурӯҳи ҳунармандони хушсалиқаи шаҳр намоиши театрикунонидашударо ба ифтихори ин ҷашни аҷдодӣ пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳро, ки тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Сада яке аз ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрўз расидааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз доштанд, «мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст».