Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Тоҷикистон 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин хусус 2 феврал зимни нишасти матбуотии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 1-уми сентябри соли 2022 дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Русия дар Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ таъкид намуданд, ки «Дар давоми се даҳсолаи охир Тоҷикистон ва Русия дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар рӯзномаи муносибатҳои мо масъалаҳои вобаста ба густариши пайвастаи равобити гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мақоми хосса доранд. Саъю талошҳои мо дар роҳи тавсеаи имкониятҳо ҷиҳати гирифтани маълумоти миёна ва олӣ ба забони русӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд».

«Имрӯз дар Тоҷикистон 39 мактаби таҳсилашон ба забони русӣ мавҷуд буда, дар онҳо тақрибан 27 ҳазор нафар хонандагон таълим мегиранд. Ҳамчунин зиёда аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ фаъолият дорад, ки фарогири ҳудуди ҳафтод ҳазор хонанда мебошад», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Мавриди зикр аст, ки омӯзиши забони русӣ ҷузъи ҳатмии барномаҳои таълимӣ маҳсуб шуда, шурӯъ аз синфи дуюм дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки ҳудуди 4 ҳазор мактабро ташкил медиҳанд, омӯхта мешавад.Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи алоҳидаи иҷтимоӣ омӯзгорон аз Русия дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба хонандагони тоҷик таълим медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон низ фаъолияти самаранок дорад. Илова бар ин, дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Русия, аз қабили Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи энергетикии Москва ва Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии «МИСиС» бомуваффақият фаъолият доранд.

Дар маҷмӯъ, бо назардошти донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва филиалҳои зикршудаи донишгоҳҳои Русия, шумораи ҷавонони тоҷик, ки бо таҳсил бо забони русӣ фаро гирифта шудаанд, беш аз сӣ ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Имрӯз дар беш аз ҳафтсад донишгоҳи Русия ҳудуди бисту панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамояд.

ДУШАНБЕ, 03.02.22023 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» рассомон ва дизайнерон иштирок мекунанд. Ин тағйирот имсол ба Низомномаи озмун ворид гардидааст. Дар ин ду номина низ мисли дигар номинаҳои озмун иштирокчиён аз рӯи синну сол, яъне аз аз 12 то 17-сола ва  аз 18 то 40-сола иштирок карда метавонанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.

Ба гуфти мавсуф, бо пешниҳоди устоди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони мамлакат ин ду номина ба озмун ворид карда шуданд. Ҳадаф аз пешниҳод гардидани ин номинаҳо- дарёфти беҳтарин рассомон ва дизайнерон, тарғиби ин навъи санъат байни қишрҳои ҷомеа мебошад.

«Тӯли чор сол озмуни мазкур дар ҷумҳурӣ аз рӯи се номина- композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ доир мегардид. Имсол  озмун аз рӯйи 5 номина — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳамчунин номбурда иброз намуд, ки номинаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал гузаронида мешаванд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ иштирок мекунанд.

Дар Низомномаи озмун вобаста ба талаботи номинаи санъати тасвирӣ чунин омадааст:

«— дар иҷрои барномаи санъати тасвирӣ маҳорати рассомӣ, интихоби асар, мазмуни асари офаридашуда, масолеҳи истифодашуда ҳангоми офаридани асар ба эътибор гирифта мешавад;

— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;

— иштирокчии номинаи санъати тасвирӣ метавонад асари худро аз рӯи равияҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра, санъати ороиши амалӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, коркарди чӯб, бофандагӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ пешниҳод намояд».

Талаботи ба номинаи дизайн чунин аст:

«— дар иҷрои барномаи дизайнерӣ касбияти дизайнерӣ, диди нав, навоварӣ, эҷоди асарҳои мубрам ба эътибор гирифта мешавад;

— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;

— иштирокчии номинаи дизайн метавонад асарҳои худро дар равияҳои батика, гобелен, кошинкорӣ, мӯд, витраж, зебосозии либос, реклама, дизайни графикӣ ва ғайра пешниҳод намояд».

Ёдовар мешавем, ки имсол маблағи мукофоти ғолибон ва баргузории озмун 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1 210 000 сомонӣ зиёд мебошад.

ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ситоди корӣ бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 декабри соли 2022 «Дар бораи баргузории чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2022» доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоти и дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли равон маъракаи муҳими давлатдорӣ ба хотири ҳифзи сарҳад ва арзишҳои миллию муқаддасоти давлатӣ, сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор мегардад.

Ситоди мазкур зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода доир гардида, дар кори он роҳбарияти сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аъзои Комиссияи шаҳрию ноҳиявии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, роҳбарияти шаҳриву ноҳиявии комиссариатҳои ҳарбӣ ва комиссияи тиббӣ ҳузур доштанд.

Бо ин мақсад ҷиҳати анҷоми корҳо дар самти омодагии муташаккилона барои омӯзиш ва сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки сол аз сол шароити техникии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беҳтар мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри фароҳам овардани шароити арзанда барои хизматчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ин имконияти фароҳамгардида насли ҷавони мамлакатро вазифадор месозад, ки аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ накарда, барои ҳифзи марзу буми он доим омода бошанд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлол ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист. Ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллии худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» саҳми ҷавонон дар ҳимояи марзу буми мамлакат таъкид гардид.

«Мо бо ҷавонони давлати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд», иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии  ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» аз рӯйи чор гурӯҳ ва як номина соҳиби мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 25 ҳазор сомонӣ то 50 ҳазор  сомонӣ мешаванд. Шоҳҷоиза барои ғолиб дар ҳар гурӯҳ 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2023  даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»  дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот  оғоз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор давр аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 доир карда мешавад.

Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он аҳолии мамлакат, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, олимону муҳаққиқони соҳаи таърих), докторони илм (анъанавӣ), узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ) иштирок карда метавонанд.

Нафароне, ки мехоҳанд дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» иштирок намоянд, метавонанд барои маълумоти муфассал ба масъулони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути телефонҳои 904 29 22 66; 225 84 26; Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — 221 40 65; 221 15 11; Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — 221 37 42; 221 20 93 ва Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — 221 06 32; 221 89 76; 221 02 76 тамос гиранд.

ДУШАНБЕ, 02.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имсол теъдоди стипендияи президентӣ аз 400 адад ба 3000 адад, маблағи он низ ба 600 сомонӣ расонида шуд, гуфта шуд зимни баргузории ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем». Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур дар Литсейи интернати президентӣ барои хонандагони болаёқат бо иштироки 320 нафар гирандагони стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2022-2023 доир гардид.

Гуфта шуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат имрӯз ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду босавод имтиёзҳои гуногун роҳандозӣ карда шудаанд. Яке аз ин иқдом таъсиси стипендияҳои президентӣ барои донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад.

Ҳамзамон баён гардид, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт шароити зарурӣ ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Намунаи он баргузор гардидани чанд озмуни сатҳи шаҳрии заҳнӣ ва таъсиси стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯён ва Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби гирандагони стипендияи президентӣ ба Пешвои миллат барои қадрдонияшон миннатдорӣ баён карда шуд. Дар охир аз ҷониби масъулин ба таври тантанавӣ ба гирандагони стипендияи президентӣ шаҳодатнома ва маблағи стипендия супорида шуд.