Перейти к содержимому
 

ҲИСОР, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзҳои нахустини моҳи октябр  муовини  Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар шаҳри Ҳисор ба Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳр  рафта, бо шароити таълиму тарбия ва зиндагии кӯдакони маъюб шинос гардид. Дар ин хусус масъулини Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  хабар доданд.

Ба муовини Сарвазири Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор  312 нафар  хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, таҳсил дар зинаҳои ибтидоӣ ва умумии асосӣ дар як баст ба роҳ монда шудааст. Бошандагон тибқи оиннома ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, бо ҷойи хобу зисти шабонарӯзӣ  таъмин мебошанд.

Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор дорои бинои хуби таълимӣ, хобгоҳ, ошхона, духтурхона, майдончаи варзишии мутобиқ ба вазъи саломатии бошандагон мебошад, ки онҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон ва соҳибкорони муваффақ таъмири пурра шуда, бо беҳтарин таҷҳизоти замонавӣ, мизу курсӣ ва компютерҳои нав муҷаҳаз мебошанд. Дар муассиса 29 нафар омӯзгор ва 30 нафар мураббии ихтисосманд ба таълиму тарбияи кӯдакони ниёзманд машғул ҳастанд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол баҳри омӯзиши ҳунар барои бошандагони ин муассиса маҳфилҳои касбомӯзии  пухтупаз, пойафзолдӯзӣ, дастони моҳир,  сартарош, рассомони ҷавон ва дастаи ҳаваскорон ташкил гардид, ки ба баланд гардидани тарбияи зебоипарастии тарбиятгирандагон мусоидат менамояд.

Дар Мактаб–интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус баҳри  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024”  108 тонна ангишт, 30 куб ҳезум, 24 гармкунаки барқӣ, 3 тонна орд, 300 литр равған, 250 кг биринҷ, 500 кг шакар, 1 тонна картошка, 500 кг пиёз, 200 кг сабзӣ ва 500 зарф шарбати меваю қайлаи помидор захира намудаанд. Дар фасли сармо биноҳои муассиса  тариқи 7 дегхона ба воситаи шабакаи ягонаи  гармидиҳӣ гарм мешаванд.

Зимни  шиносоӣ дар  муассиса муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо тарбиятгирандагон суҳбати самимона намуданд.

ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон дар заминаи татбиқи барномаҳои гуногуни давлативу сармоягузорӣ дастовардҳои назаррас рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, давоми солҳои 2007-2023 дар соҳаи маориф дар доираи 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо саҳми Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд 422 миллион доллари амрикоӣ ҷалб шуда,  татбиқи 16 лоиҳа ба маблағи умумии 212 доллари амрикоӣ пурра ба анҷом расидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Идома

ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даврҳои вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи  маърифат», ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ва «Маснавихонӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ин  маросим ба ғолибони даврҳои вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ супорида шуданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» бо қарори раиси вилоят барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва мураббиёни онҳо 1 миллиону 434 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2022    806 ҳазору 500 сомонӣ зиёд мебошад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-уми ноҳияи Ховалинг бо иштироки сарвари давлат соли 2022 дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз намудааст. Муассисаи мазкур бо тамоми таҷҳизотҳои зарурии хониш муҷаҳҳаз буда, раванди таълим ба таври назариявӣ ва амалӣ сурат мегирад. Таълимгоҳ аз 2 ошёна ва 17 синфхона  иборат буда, барои 320 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Дар ин баробар синфхонаҳои технологияи меҳнат барои духтарон ва писарон амал мекунад, ки  бо тамоми таҷҳизотҳои дарсӣ муҳайё карда шудааст ва хонандагон соатҳои дарсии худро тавассути аёниятҳо мегузаронанд. Ҳамзамон дар Муассиса як синфхонаи компютерӣ, як синфхонаи лингафонӣ , 17 кабинетхои фаннӣ, 5 тахтаи электронӣ  мавҷуд аст.

Яке аз бозиҳои қадимии тоҷикон ин чавгонбозӣ мебошад, ки навъе аз варзиши қадимаи ориёиҳост.  Бояд гуфт, ки  ин намуди варзиш  таърихи беш аз ҳазорсоларо дар бар мегирад. Айни ҳол дар чор минтақаи ҷумҳурӣ наврасону ҷавонон ба чавгонбозӣ фаро гирифта шудаанд. Гуруҳҳои писарон ва духтарон дар мактабҳои варзишии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод фаъолият доранд. Чавгонбозӣ дар таълимгоҳи №23-юми ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  роҳандозӣ шудааст. Ба ин навъи бозӣ 2 гуруҳ духтарони чавгонбоз ҷалб карда шудаанд, ки нозукиҳои ин намуди варзишро  аз мураббиёни  соҳибтаҷриба меомўзанд. Ба иттилои масъулин гуруҳи  чавгонбозони муассиса 4 маротиба дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.  

ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ  «Ховар»/. Ба нашри нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 304 намуди наботот ва 253 намуди ҳайвоноти нодире, ки зери таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд, ворид мешаванд. Баъзе намудҳои набототу ҳайвонот вобаста ба вазъи кунуниашон аз Китоби сурхи Тоҷикистон хориҷ мегарданд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба таҳия ва нашри нави сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ итттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш беш аз 40 нафар олимон, мутахассисон ва коршиносон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва аз Русияю Қазоқистон иштирок намуданд.

Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов доир ба Китоби сурх ва моҳияти он барои ҳифзу нигоҳдории намудҳои нодиру камёфти набототу ҳайвонот ва дар маҷмуъ захираҳои табиии мамлакат сухан гуфт.

Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Абдулқодир Мавлодод изҳор дошт, ки “Китоби сурх ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба таъмини ҳифзу нигоҳдорӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба ҳифзу афзоиш ва истифодаи оқилонаи набототу ҳайвонот ва гуногунии биологӣ нигаронида шудааст. Дар Китоби Сурхи Тоҷикистон ҷамъбасти тамоми маълумоти мавҷуда доир ба ҳаёт, паҳншавӣ, вазъи гурӯҳ, тағйири миқдори ҳайвонот ва набототи нодиру камшумор, муайян намудани вазифаҳои амиқи минбаъдаи тадқиқу дарёфти роҳҳои асосии муҳофизат ва таҷдиди онҳо ҷамъ оварда мешавад”.

Дар ҳамоиш гурӯҳҳои корӣ доир ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва экспедитсионии дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида, ки ба омӯзиш ва муайянкунии ҳолати кунунии набототу ҳайвонот нигаронида шудаанд,  маълумот пешкаш намуданд.

ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Фалак ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Ҳамоиш бо иштироки роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, шоирону адибон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагону донишҷӯёни донишгоҳ, коллеҷу муассисаҳои таълимии шаҳр доир шуд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки  фалак жанри озод буда, дар шаҳри Кӯлоб ҳамеша дар такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Чуноне ки медонем, Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии фалак пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси Пешвои миллат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Маҳз чунин ташаббусҳои созанда сабаб гардиданд, ки фалак аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги умумибашарӣ эътироф гардад.

Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра ҳунармандони шаҳри Кӯлоб барои хизматҳои назаррас, ноил гардидан ба дастовардҳои пурсамари меҳнатӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи фарҳанг Сипосномаи Раиси шаҳри Кӯлоб тақдим шуд.

Дар идомаи ҳамоиш барномаи фалаксароёни шаҳри бостонии Кӯлоб пешниҳоди иштирокчиён гардид.

ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки устодони фалаксаро ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Идома

Санъати мусиқӣ – падидаи нодир ва арзишманди ҳаёти иҷтимоӣ мебошад, ки  дар рушди маънавии ҷомеа нақши  муҳим дошта, ҷузъи қавии  фарҳанг, омили бузурги хештаншиносӣ ва этногенези ҳар миллат  маҳсуб меёбад.

Идома

Мураккаб гаштани вазъияти сиёсӣ дар Ховари Миёна, ки сабабгори талафоту осеб дидани сокинони осоишта ва вайрону валангор гаштани иншооти зиёди таъиноти гуногун гардид, боиси нигаронии амиқи ҷониби Тоҷикистон шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти баамаломадаро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои фавран хотима додани нооромӣ ва оғози муколама баҳри барқарории сулҳу осоиштагӣ даъват менамояд.