Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 сол аст, ки аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон амалиёти муштарак гузаронида мешавад. Зимни амалиёти мазкур ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани ҷинояткориҳо дар байни ноболиғону наврасон, аз ҷумла бо волидайни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора зимни мулоқоти намояндагони мақомоти милитсия бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино, раисони кумитаҳои маҳал ва фаъолони ҷомеа баён карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе.

Дар мулоқот иброз гардид, ки гарчанде аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чандин сол сипарӣ гардида бошад ҳам, ҳанӯз аз ҷониби баъзе аз волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ ба назар мерасад. Ин аст, ки ҳоло ҳам сар задани муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни наврасон, содир намудани ҷиноятҳои дуздиву ғоратгарӣ, бо худ гардонидани яроқи сард, махсусан корд ва шабгардиву ба амалҳои ношоям даст задани наврасон решакан нагардида, боиси нигаронӣ мебошад.

Мулоқоти мазкур бо мақсади тавзеҳи бандҳои алоҳидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии содиркунии амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби ҷавонону ноболиғон ва баррасии роҳҳои ба илму дониш роҳнамоӣ сохтани ин қишри ояндасози ҷомеа доир гардид.

Дар он сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонон ва ноболиғони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Бухоризода, муовини раиси ноҳияи Сино Ашурбӣ Каримова ва сардорони ШВКД-1 ва ШВКД-2 дар ноҳияи Сино иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ ва ба илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани ҷавонон таъкидҳои махсус намуда, масъулини сохторҳои давлатиро муваззаф сохтанд, ки барои илмомӯзии наврасон чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар робита ба ин аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкорӣ бо ҷомеа барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон чорачӯӣ карда шуда, сол то сол шумораи он коҳиш меёбад. Вале чуноне таъкид гардид, ҳамаи ин нишондиҳандаҳо кофӣ набуда, бояд ҳамагон ба таври дастҷамъона дар тарбияи наврасон саҳми арзанда гузорем, зеро ояндаи дурахшони давлату миллат аз насли донишманду ватандӯст вобастагии калон дорад.

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Китоби «Tajik Linguistics» аз ҳашт фасл иборат буда, як фасли он ба қалами забоншиноси тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон тааллуқ дорад.

Фаслҳои боқимондаи китобро забоншиносон ва ховаршиносон аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Канада, Ҷопон, Олмон, Русия ва Эрон таълиф кардаанд.

Китоби мазкур дар шабакаи ҷаҳонии интернет дастрас буда, дар мағозаҳои китоби кишварҳои Аврупо ба фурӯш гузошта шудааст.

Мавриди тазаккур аст, ки забони тоҷикӣ ва таҳқиқ дар заминаи он солҳои охир дар Америка ва Аврупо беш аз пеш таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва алоқамандонро ба худ ҷалб менамояд.

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму тараб онро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта истодаанд. Дар ин робита, хабарнигори АМИТ бо президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ АСОЗОДА оид ба моҳияти иди Сада суҳбат намуд, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем:

— Мояи ифтихор аст, ки ҷашни ниёгон- иди Сада бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, бо фарорасии он деҳқонону кишоварзони мамлакат ҳамаҷониба ба кишту кори баҳорӣ омодагӣ мегиранд.

Ҳамасола ба истиқболи ҷашни Сада кишоварзони ҷумҳурӣ бо заҳмати дучанд истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар арафаи ин ҷашни кишоварзӣ давраи яксолаи фаъолияташонро бо номи «Аз Сада то Сада» натиҷагирӣ намуда, аз дастовардҳои назарраси худ ёдовар мешаванд. Аз ҷумла, олимони муассисаҳои илмии Академия дар ин давра 13 патенту шаҳодатномаи муаллифии ихтироот, 6 хабарнома барои натиҷаи мусбати экпертизаи расмӣ ва 3 арзнома ба даст овардаанд.

Ҳамчунин бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахтаи навъи «Файзи Сомон», ҷуворимаккаи навъи «Шараф-19» ва ангури навъи «30-солагии Истиқлол» ноҳиябандӣ гардида, 7 навъи зироати кишоварзӣ ва навъи дарахтони меваю ангур аз ҷониби комиссияи мазкур ба таври расмӣ қабул гардид.

Дар ин давра беш аз 500 навъи тухмии намунаҳои гуногуни зироати кишоварзӣ, растаниҳои шифобахш ва намудҳои гандуми ёбоӣ аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва ба Маркази миллии захираҳои генетикӣ ворид карда шуда, дар маҷмўъ миқдори тухмии навъу намунаҳо ба зиёда аз 13 ҳазор расонида шуд.

Ҳоло навъҳои ватании зироати кишоварзӣ аз 40 то 80 дарсади майдонҳои кишти ҷумҳуриро ташкил ва ба зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати соҳа мусоидат менамояд.

Олимони соҳаи чорводории Академия дар натиҷаи меҳнати самарабахшу тўлонӣ зоти алои сершири тоҷикии чорвои калони шохдор, зоти гўсфандони маҳинпашми тоҷикӣ ва типи занбўри асали тоҷикиро офариданд, ки бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Саршумори зиёди онҳо дар хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ парвариш карда мешавад.

Аз ҷониби олимони Академия ҷиҳати устувор нигоҳ доштани бозори дохилии озуқавории мамлакат роҳҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқавории худӣ то сатҳи меъёрҳои ҳадди ақалл аз нигоҳи илм асоснок шуда, бунёди низоми маҷмўи сармоягузорию устуворгардонии идораи рушди ҳудудҳои деҳот дар асоси таносуби муносиби иштироки давлат ва шарикони хусусӣ пешниҳод гардид. Инчунин муҳаққиқони Академия вобаста ба нақшаи ҷойгиркунии зироат ва зерсоҳаҳои алоҳидаи кишоварзӣ шакли нави хоҷагидорӣ, яъне кластеркунонии ташкили меҳнат ва истеҳсолотро дар чанд намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ангур дар водии Ҳисор, гандум дар Данғара, зардолу дар Ашту Исфара, кластери шир ва маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Ёвон пешниҳод намуда, амалигардонии онро дар раванди ислоҳоти соҳа мувофиқи мақсад мешуморанд.

Барои татбиқи вазифаҳои дар назди олимон гузошта зарур аст, ки ҳар порча замини кишоварзӣ, обҳои мусаффои диёр ва нурҳои ҷонбахши Офтоб самаранок истифода шуда, вобаста ба имконияти агроиқлимӣ гирифтани ду-се ҳосили зироати кишоварзӣ амалан татбиқ шавад.

Дар ҳалли масъалаҳои муҳими кишвар ва таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ саҳми кишоварзон ниҳоят калон аст. Имрӯзҳо бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон кишоварзон дар фазои орому осоишта умр ба сар мебаранд ва фаъолияти пурсамар намуда, маҳсулоти фаровони кишоварзӣ истеҳсол менамоянд. Ин ба танзими нархҳои дастрас барои аҳолӣ замина мегузорад.

Аз аҳди бостон то ин дам кишоварзон ҷашни Садаро интизорӣ мекашанд. Деҳқонон тибқи анъана дар ин айём барои кандани каналу заҳбӯрҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ва шудгори замин, буридани шохаҳои дарахтон, омода намудани тухмӣ, мошинолоти кишоварзӣ, нигоҳубини махсуси чорво ва аз зимистон солим баровардани ҳайвоноти хонагӣ тадбирҳои махсус меандешанд.

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ мулоқоти Президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва Сафири Фавқулодаи  Ҷопон дар Тоҷикистон  Тошиҳиро Айки баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ мусоҳибон имконоти рушди дзюдоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Таъкид шуд, ки Федератсияи дзюдои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ 5 маркази олимпии  дзюдо бунёд намояд.

Ҳамзамон музокирот барои бастани қарордод бо мутахассисони дзюдои ҷопонӣ барои омодагии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва Лос-Анҷелеси соли 2028 идома дорад.

Сафир Тошиҳиро Айки ба рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба бо Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба таблиғи арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии дзюдо нигаронида шудаанд, изҳори боварӣ намуд.

Ҳамчунин нақшаҳои федератсия оид ба баргузории Гран-при Душанбе дар доираи Сайри ҷаҳонии дзюдо, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ мешавад, инчунин ҷорӣ намудани дзюдо дар мактабҳо ва тарғиби он байни занон баён гардид.

Зимни вохӯрӣ Президенти федератсия Исмоил Маҳмадзоир аз Тошиҳиро Айки даъват намуд, ки дар маросими ифтитоҳи  Чемпионати Тоҷикистон  оид ба дзюдо, ки 11-12 феврали соли 2023 баргузор мешавад, иштирок  намояд.

ДУШАНБЕ, 26.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ нақша дорад, ки тавассути сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ норасоии омӯзгоронро аз байн бардорад. Ин матлаб имрӯз зимни вохӯрии ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо 883 таҷрибаомӯз баён гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки маҳз таҷрибаомӯзӣ донишҷӯро бо рисолати муқаддаси омӯзгорӣ шинос месозад. Ин имкон медиҳад, ки малакаву маҳорат ва донишҳои андӯхтаашро такмил дода, худро ҳамчун мутахассиси ҷавони дорои хислатҳои баланди ахлоқӣ, ба хонандагон меҳрубон ва нисбат ба касби худ садоқатманд муаррифӣ намояд.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки давра ба давра сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ имкон медиҳад, ки норасоии омӯзгорон аз байн бардошта шавад.

Дар ин замина аз мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва директорону масъулини таҷрибаомӯзӣ хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати назорати таҷрибаомӯзон ҳамкориро бо донишгоҳ мустаҳкам намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 январи соли 2023 баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар сатҳи мутобиқ ба талаботи муосир тайёр намудани омӯзгорон ва ба ин восита пурра бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор тавассути пешниҳоди имтиёзҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳо, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳои қатъӣ андешад.

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон карда, иброз доштанд, ки «…агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

ДУШАНБЕ, 26.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди гуштини миллӣ давоми се соли сипаришуда ҷадвали баргузории чорабиниҳои варзишӣ байни аҳолии кишвар аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла таҳия ва татбиқ карда шуд.

«Агар давоми соли 2020 485 мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир шуда бошад, соли 2021 он ба 2159 адад ва соли 2022 қариб ба 4000 чорабинӣ расонида шуд», — гуфт зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода.

Ба иттилои ӯ, дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» аз нав эҳё шуд ва мунтазам рушд меёбанд.

Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат соли 2015 зимни таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба хотири ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон ва сокинони кишвар ба бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Ҳамзамон дар ин раванд бо таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд. Таваҷҷуҳ ва иштироки бештари варзишгарони хориҷӣ дар ин чорабиниҳо гувоҳи возеҳи он буд, ки гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) тавонист қаламрави худро васеъ намояд ва мақоми байналмилалиро соҳиб шавад.

Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии пояҳои давлатдории миллӣ- ин эҳё ва рушди эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ мебошад. Зеро намудҳои миллии варзишӣ ҳамчун нишонаи соҳибфарҳангӣ барои миллати тоҷик рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат мебошанд, ки ба таблиғи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона карда шудаанд.

Ин аст, ки инак дар саҳифаи варзиши мамлакат боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди варзишӣ ба вуқӯъ пайваст. Гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар ин хусус санади дахлдор аз ҷониби Раёсати адлия ва корҳои дохилии кишвари Шветсария 17 июни соли 2022 ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд.

Зимнан ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушду густариши минбаъдаи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» давоми соли 2023 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ»-и Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё оид ба гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) бо иштироки варзишгарон аз хориҷи кишвар дар назар дошта шудааст. Ин метавонад дар рушди ҳамагонии ин намуди варзиш мусоидати фаъолтар намояд.

Гӯштини миллии тоҷикон дорои таърихи чандинасра мебошад

Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар миёни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Гӯштингирӣ ё худ гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта, қувваозмоӣ кардан) бармеояд.

Паҳлавон ё худ шахсе, ки дар маъракаҳои гӯштингирӣ баромада, маҳорати худро ба дигарон пешниҳод мекард, аз азал миёни мардуми тоҷик маҳбубияти хоссаро доро буд. Дар замонҳои пеш ҷашни Наврӯз аз оғози баҳор то даромадани фасли тобистон, аниқтараш давоми се моҳ паҳлавононро бо ҳам ҷамъ меовард. Наврӯзро мардуми тоҷик деҳа ба деҳа дар алоҳидагӣ ҷашн мегирифтанд ва паҳлавонон ба майдон баромада, ҳар яке деҳи худро муаррифӣ мекард. Аслан паҳлавонон дар болои сабзаи наврӯида бо пойҳои луч ва чакманҳо баромада, қувва месанҷиданд. Мардум маҳорати паҳлавононро дида, дар васфи онҳо то Наврӯзи оянда шеъру таронаҳо эҷод мекард, ки ин аз варзишдӯст будани мардуми тоҷик дарак медиҳад.

Тавре Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  методӣ»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз медорад, гӯштини миллии тоҷикӣ сароғози ҳама намудҳои гӯштин буда, варзиши суннатии миллати тоҷик аст.

«Дар замони Шӯравӣ ин намуди гӯштин чандон тарғиб намешуд, вале дар байни  мардум маҳбубияти худро гум накард. Мардум бо хоҳиши худашон дар маъракаву ҷашнҳо ва махсусан ҷашни Наврӯз мусобиқаи гӯштингирӣ барпо мекарданд. Бо шарофати Истиқлолият солҳои охир мо тавонистем, ки гӯштини миллиро дубора дар шаклу усули наву муосир эҳё намоем», — иброз дошт ӯ.

Ба андешаи ӯ, дар замонҳои пеш паҳлавонон бо чакман болои сабзаи баҳорӣ қувва меозмуданд. Вазни чакмане, ки варзишгарон ба бар мекарданд, вазнин буд ва давоми сабқат ба паҳлавонон халал мерасонид. Барои паҳлавонон вақти муайян ҷудо нашуда буд. Варзишгарон то аз пой афтодан муҳориба мекарданд, ки аксари муҳорибаҳо мусовӣ анҷом меёфт ва ин барои тамошобин дилгиркунанда буд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Федератсияи гӯштини миллӣ ва соҳибкорони ватанӣ солҳои охир барои рушди ин намуди варзиш якчанд иқдомро ба роҳ монданд. Барои паҳлавонон вақти муайяни сабқат ҷудо шуд. Ҳамчунин давоми рақобат ба усулҳои анҷомдодаи паҳлавонон аз ҷониби довар баҳо гузошта мешавад. Шумораи мусобиқаҳо низ дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ зиёд карда шуд.

Бояд гуфт, ки мутахассисони соҳа дар кишвар бар он ақидаанд, ки сарчашмаи аксар намудҳои гӯштин гӯштини миллии тоҷикӣ аст ва беҳтарин усули он дар дигар гӯштинҳо истифода мешавад. Аз ҷумла, дар дзюдо, самбо, кураш ва камарбандӣ. Асосгузорони ин намудҳои гӯштин аз усули гӯштини тоҷикӣ истифода бурда, гӯштинҳои худро дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ ва олимпӣ муаррифӣ намуданд. Миёни онҳо аз ҳама наздик гӯштини кураш аст, ки хоси мардуми узбек буда, ба гӯштини тоҷикӣ пайванди зич дорад. Солҳои охир дар баробари гӯштини миллӣ дар арафаи Наврӯз дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд гӯштини камарбандӣ ҳам доир карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ба паҳлавонони гӯштини тоҷикӣ мутахассисони соҳаи варзиши ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус доштанд. Аз ҷумла, сармураббии тими яккачини Иттиҳоди Шӯравӣ Владлен Михайлович Андреев паҳлавонони тоҷикро «дзюдочиёни тайёр» номидааст. Дар маҷаллаи «Физкультура и спорт» мақолае зери унвони «Гӯштингирӣ бародари самбо» аз чоп баромада буд, ки дар он ба усулҳои истифодабурдаи паҳлавонони тоҷик бо баҳои баланд дода буданд. Мутахассиси варзиш Евгений Чумаков паҳлавонони гӯштини тоҷикиро самбочиёну ҷудокорони тайёр унвон карда, ин намуди гӯштинро василаи хуби омода намудани паҳлавонон дар дигар намудҳои гӯштин арзёбӣ намуда буд.

Мояи ифтихор аст, ки таваҷҷуҳи мутахассисони хориҷӣ  ба паҳлавонони мо зиёд аст, зеро паҳлавонони мо аз овони хурдӣ ба омӯзиши гӯштини суннатии гузаштагонамон машғул мешаванд.

СУҒД, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон таҳти унвони «Хизмати Модар- Ватанро аз дилу ҷон мекунем!» мулоқоти афсарону сарбозон бо хатмкунандагони Гимназияи 2 баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳр.

Мулоқот бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Иштирокдорон оид ба иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан, эҳсоси гарми ватандӯстӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Бо такя ба ин меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони ҷасуру матиниродаи мо имрӯзҳо бо азму иродаи устувор, неруву ҷасорат ва мардонагӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пайваста, сарбаландона марзу буми Ватани аҷдодиамонро муҳофизат карда истодаанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба мактаби мардонагиву ҷасорат, марҳилаи ташаккули инсони тавонманду чобук ва хештаншиносу ватандӯст табдил ёфта, дар камолоти ҷисмониву эҳсоси ватанпарастии насли шоистаи замон нақши арзишманд мегузорад.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Бӯстон «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2023»  тасмим гирифта шудааст, ки ҷавонписарони синни даъватӣ, ки барои адои қарзи шаҳрвандии хеш омодаанд, дар Ташкилоти мададгори мудофиа тариқи ройгон ба курсҳои кӯтоҳмуддат ба омӯзиш фаро гирифт шуда, пас аз соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардидан онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шаванд. Зимни суҳбат сарбозони шуҷои Гвардияи миллӣ Наврӯз Хушаков ва Шаҳзод Қудратов аз шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва раванди адои қарзи шаҳрвандӣ сухан гуфта, ҳамсолони худро ба ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан ва иҷрои қарзи фарзандӣ даъват намуданд.

ДУШАНБЕ, 26.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ба истифода дода мешаванд. Инчунин дар мамлакат ҷамъомаду  мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба марафони шиноварӣ баргузор карда мешаванд. Чунин иброз гардид зимни вохӯрии ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Абдулло Раҳмонзода бо Президенти Ташкилоти варзишҳои обии ҷаҳонӣ, директори генералии Шӯрои олимпии Осиё Ҳусейн Ал-Мусаллам, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар КМОТ.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин президенти Федератсияи байналмилалии Кураш, директори Департаменти Бозиҳои Осиёии Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон, президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама Ал-Шафар, аз ҷониби КМОТ ноиби Президенти КМОТ Дилшод Назаров, котиби генералии КМОТ Муҳаммадшо Абдуллозода ва директори генералии КМОТ Мавзуна Чориева ширкат доштанд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки агар соли 1990 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 1000 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шуда буд, ин шумора феълан ба беш аз 10 000 расидааст. Аз ҷумла, соли 2021 дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишҳои обӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ба истифода дода шуд, ки имкон аст дар он мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ гузаронида шаванд.

Чунин вохӯрӣ бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Директори генералии Шӯрои олимпии Осиё, котиби генералии Кумитаи олимпии Кувайт, Президенти Ташкилоти «Варзишҳои обии ҷаҳонӣ» Ҳусейн Ал-Мусаллам ва ҳайати ҳамроҳонаш доир гардид, иттилоъ доданд дар Вазорати корҳои дохилӣ.

Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари обҳои мусаффост, намудҳои гуногуни варзишҳои обӣ ва шиноварӣ рушд намудаанд. Мояи сарфарозист, ки ташаббусҳои беназири Сарвари давлати тоҷикон дар мавриди об ва иқлим 5 маротиба аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти рушду густариши намудҳои гуногуни варзиши обӣ, шиноварӣ, велосипедронии варзишӣ, заврақронӣ, варзиши сабук, гӯштин ва дигар мавзӯъҳои мубрам таболуди афкор намуданд.

Зимни вохӯрӣ омодагии ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкорӣ изҳор карда шуд.

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ-кёкушинкай баргузор гардид. Дар натиҷа ба варзишгарони навраси мо муяссар шуд, то сазовори 5 медали тилло ва 1 ҷоизаи биринҷӣ гарданд. Аз ҷумла,медалҳои тилло ба Рустам Исломов, Сафиаллоҳ Одиназода, Аниса Шералиева, Умар Ҷўрахонзода мутаалиқ  аст. Оиша Мирзоева дар мусобиқаи мазкур ҷои сеюмро ба даст овард.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

идома