Перейти к содержимому
 

Бозгашти варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи байналмилалӣ.

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ-кёкушинкай баргузор гардид. Дар натиҷа ба варзишгарони навраси мо муяссар шуд, то сазовори 5 медали тилло ва 1 ҷоизаи биринҷӣ гарданд. Аз ҷумла,медалҳои тилло ба Рустам Исломов, Сафиаллоҳ Одиназода, Аниса Шералиева, Умар Ҷўрахонзода мутаалиқ  аст. Оиша Мирзоева дар мусобиқаи мазкур ҷои сеюмро ба даст овард.