Перейти к содержимому
 

Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бунёд гардида, мутобиқ ба талаботи замони муосир  сохта шудааст. Иншооти мазкур барои ҷалб ва дастгирии  ҷавонон мусоидат намуда, дар рушди ин самт саҳмгузор аст. Тибқи иттилоъи масъулин  Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб дорои шароити муосир буда, аз толори фарҳангӣ, синфхонаи дӯзандагӣ, қаннодӣ, озмоишгоҳи инноватсионӣ, утоқи волонтёрон ва дигар ҳуҷраҳои кориву ёрирасон иборат мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин Марказ дар баробари омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон маҳфилҳои адабиву фарҳангӣ ва курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

Бо ташабуси Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони ватанӣ ба истиқболи соли нави хониш ва ҷашни фархундаи миллат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои созандагиву  бунёдкорӣ ҷараён дорад. Аз ҷумла, МТМУ №90-уми н. Синои ш. Душанбе пурра таъмир гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид  фароҳам оварда шудааст. Муассисаи мазкур аз 3 ошёна иборат буда,  барои 1276 нафар  хонанда дар 1 баст  пешбинӣ гардидааст. Ёдовар мешавем, ки таълимгоҳи мазкур дорои 62 синфхона аз ҷумла 24 синфхона  барои синфҳои ибтидоӣ 38 синфхона барои синфҳои болоӣ, утоқҳои корӣ,  7 адад кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, 3 адад синфхонаи компютерӣ, инчунин  толори фарҳангӣ  бо 172 ҷойи нишаст,  толори варзишӣ ва ошхона бо 166 ҷойи нишаст, майдони варзишӣ бо 246 ҷойи нишаст,  пешниҳоди хонандагон мегардад.

Имрўзҳо бо ташаббуси ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни кӯдакон ва наврасони 12-13 сола мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми шаҳри Душанбе» идома дорад. Ин мусобиқа бо иштироки 60 дастаи футбол дар майдончаҳои навбунёди чор ноҳияи пойтахт ҷараён гирифта истодааст. Иқдоми мазкур бо дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он пешгирӣ аз беҳудагардию даст назадани насли наврас ба корҳои номатлуб маънидод карда мешавад. Ба иттилои масъулин баъд аз он, ки дар ҳудуди пойтахт майдончаҳои варзишии муосир бунёд шудааст,  шумораи ҷиноятҳо низ аз ҳисоби наврасони беҳудагард  коҳиш ёфта, дастаҳои футболи кӯдакона низ бештар шудааст, ки ҳар як тим бо мураббӣ таъмин гардидаанд. Мусобиқа дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо қадршиносии ғолибон ҷамъбаст мегардад.

Дар толори таълимгоҳи рақами 65-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо иштироки  сардори Сарраёсати маорифи пойтахт, муовини раиси ноҳияи мазкур,  мудири шӯъбаи маорифи ноҳия ва кормандони соҳаи маориф  конфронси  августии аҳли маорифи ноҳияи номбаршуда, баргузор гардид. Дар намоиши мазкур  мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Ҷамила Мӯсоҷонзода доир ба «Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ва ҳамзамон аз баъзе норасогиҳои  соҳа, ки таи соли сипаришуда, мушоҳида гардид, суханронӣ намуд. Ҳамзамон дар як вақт  бо иқдоми масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шӯъбаи маорифи ноҳияи номбаршуда,  як зумра собиқадорони соҳа,аз ҷумла бархе аз директорону омӯзгорон ва мудирони Муассисаҳои томактабӣ ва мураббияҳо, инчунин дигар кормандон, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳо ширкат варзида, комёбӣ ба даст овардаанд, бо нишони «Аълочии маорифи ҶТ» ва ифтихорномаю туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар   сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва намояндагони  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  дарёфт ва рушди истеъдодҳо» Маросими ҷамъбасти  истироҳати тобистонаи хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии  Ҷоми Пойтахт дар ш. Душанбе баргузор гардид. Ёдовар мешавем ки аз санаи 15 то 21 августи соли 2022 дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» истироҳати хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» ташкил карда шуд, ки дар он зиёда аз 200 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Бинои нави иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-уми ноҳияи Шоҳмансури  шаҳри Душанбе дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Сохтмони бинои мазкур аз моҳи июли соли 2021 оғоз ёфтааст. Бинои иловагии таълимгоҳ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, он барои 640 хонанда дар як баст пешбинй шудааст. Муассисаи таълимӣ аз 31 синфхона, кабинетҳои фаннии химия, биология, физика 5-адад кабинет барои фанни техналогияи меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои лингафонй ва техналогияи иттилоотй, китобхона бо толори хониш ва электронй, толори фарҳангй дорои 384 ҷойи нишаст, толори варзишӣ барои 194 нафар, ошхона дорои  216 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Корҳои  сохтмонӣ дар бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-уми шаҳри Кӯлоб дар сатҳи хуб ҷараён дошта, иншооти мазкур барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳа иншооти мазкур аз ду ошёна ва аз 10 синфхонаи таълимӣ иборат мебошад. Хотиррасон менамоем, ки дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 50 Муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, хонандагон аз паи таҳсил ҳастанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бошад дар шаҳру деҳоти минтақаи Кӯлоб 32 бинои нав ва 203 синфхонаи иловагӣ дар назди мактабҳо барои зиёда аз 12480 ҷойи нишаст сохта ба истифода супорида шудааст.

Бо дастгирии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии №30- юми ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо тарҳи наву замонавӣ  пурра  аз навсозӣ карда шуда истодааст. Ба иттилои масъулин Кӯдакистони номбурда аз бинои 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 204 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Хотиррасон менамоем, ки кӯдакистон аз кабинетҳои таълимӣ, толори фарҳангӣ, расмкашӣ, толори варзишӣ, ҷойи хоб, ошхона ва дигар кабинетҳои корӣ иборат мебошад.

Ҳамасола аз ҷониби нашрияи Вазорати маориф ва илми кишвар  китобҳои дарсӣ ба чоп расида, пешкаши таълимгирандагон гардонида мешавад. Бино ба иттилои манбаъ тибқи нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои Муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ дар соли 2022 чопи 30 номгӯӣ китоби дарсӣ ба теъдоди 2млн, 330 ҳазор нусха  чоп гардида, пешниҳоди Муассисаҳои таълимии кишвар  гардонида шуда истодааст. Китобҳои дарсие, ки имрӯзҳо нашр шуда истодаанд, аз мазмуну муҳтаво, сифат ва  риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ  аз китобҳои солҳои пешин ба куллӣ фарқ доранд.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ - ҷамъиятӣ ва  намояндагони  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, инчунин кормандони маорифи ноҳияи Шоҳмансур тадбири омӯзишӣ - дастурдиҳӣ гузаронида шуд. Дар ин  ҷамъомад бархе аз муовинони директорон оид ба тарбия дар мавзуи «Сабаб ва омилхои пастравии маънавиёти хонандагон» маърӯза намуда, роҳҳои пешгирии онро бо мисолу андешахои ҷолиб баён доштанд.