Перейти к содержимому
 

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2023» ҷамъбаст гардид.

ДУШАНБЕ, 19.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар Боғи фарҳангии фароғатии ба номи Садриддин Айнии  шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва  ҷоизасупории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2023»  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар ибтидо, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода суханронӣ намуда, аз дастгириву  ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду такомули фарҳангу ҳунари миллӣ ва ҳифзи таъриху арзишҳои миллат ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни  ҷумҳуриявии мазкур ҳифзи фарҳанг ва мероси моддию маънавӣ, иттиҳоду ҳамбастагии мардум, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, дарёфти ҷеҳраҳои нав ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи миллию ватанпарварӣ мебошад.

Сипас, баҳри болидахотирӣ ва истироҳати меҳмонону иштирокчиён барномаи фарҳангии гулчини фестивал пешниҳод гардид, ки хеле ҷолибу хотирмон буда, аз рӯи бахшҳои намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, суруди ҳамсароён, навозиши умумӣ, намоиши либосҳои миллӣ, навозиши якка, суруди якка, рақси якка, бадеҳа, намоиши анъанаҳои мардумӣ, сюитаи рақсӣ-овозӣ, суруди анъанавӣ ва суруди ҳаҷвӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

Дар маросими ҷамъбасти Фестивал-озмуни   «Андалеб-2023»  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, ноҳияҳои Файзобод ва Муъминобод сазовори ҷойи дуюм ва ноҳияҳои Панҷакенту Мастчоҳ  сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар озмун барои ҷойи аввал 20 000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 15 000 сомонӣ, барои ҷойи сеюм  10 000 сомонӣ  ва барои иштироки фаъолона ба ноҳияҳои дигар ба маблағи 5 000 сомонӣ мукофоти пулӣ ва дипломҳои ифтихорӣ тақдим гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки баргузории Фестивал-озмуни мазкур гувоҳи осоишу ободии Ватани азизамон буда, дар ҳифзи арзишҳои миллию таърихӣ ва таҳқими давлату миллат нақши босазо дорад. Зеро таҳкими  иттиҳоди миллӣ ва давлат ниёзи имрӯз ва зарурати фардост.