Перейти к содержимому
 

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба китобхонаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» 600 нусха китобу адабиёти тозанашр тақдим намуд.

ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати зиёда аз як саду ҳафтоднафараи устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, асосан аз ҳисоби занону духтарон ва ҷавонон  дар мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо рафти  корҳои сохтмонӣ ва иншоти асосии неругоҳ  шинос шуданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷараёни сафар аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба китобхонаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» 600 нусха китобу адабиёти тозанашр тақдим гардид.

Инчунин барои болидахотирии коргарону сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби дастаи ҳунарии «Наврӯз» — и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангӣ- фароғатӣ пешниҳод шуд.

Ин тадбири роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боиси руҳбаландии коргарону сохтмончиёни иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат-НБО «Роғун» гардида, умеду боварии онҳоро дар партави дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон афзун менамояд.

Ҳамин гуна иқдомро дар пайравӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дигар муассисаҳои олии таълимии  мамлакат низ дар рӯзҳои таътили тобистонӣ метавонанд барои ҳайати кормандон ва устодон амалӣ намуда, бо рафти корҳои сохтмони дар неругоҳ ва шукӯҳу шаҳомоти ин иншооти нодири гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шаванд.