Перейти к содержимому
 

Барои беҳтар намудани омодагии довталабон ба Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ санҷишҳои озмоишӣ гузаронида мешаванд.

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Марказ дар соли 2023 иттилоъ дод, ки  озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври сеюм дар асоси саволномаҳои тестӣ (хаттӣ), ки аз рӯйи гурӯҳи ихтисосҳо бо забони давлатӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони фаннӣ ва таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои ҳар ихтисоси ҷудошуда дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия ва тасдиқ мегардад, гузаронида мешавад.

Вобаста ба ин Марказ бо дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2023 барои баргузории озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз ҳар  гурӯҳи ихтисосҳо ва шаҳру ноҳияҳо саволномаҳо таҳия намуд. Саволномаҳо вобаста аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо 3-субтестиро дар бар мегирифтанд. Дар маҷмуъ 610 варианти саволномаҳо чоп шуд, ки дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо барои ҳар шаҳру ноҳияе, ки аз онҳо тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ қабул  мешуданд, 2‑вариантӣ рост меояд.

Инчунин дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо вобаста аз ҳар минтақа 2‑вариантии дигар (барои 6 минтақа, дар маҷмуъ – 60 вариант) барои истифодаи эҳтиётӣ саволномаҳо таҳия, чоп ва бастабандӣ шуданд. Дар маҷмуъ, 670 варианти саволномаҳо чоп ва бастабандӣ ва тибқи санад дар дохили қуттиҳо ба намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2019 инҷониб Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ имтиҳонҳои озмоиширо дар шакли тест, интихобан дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ баргузор менамояд. Аз ҷумла, давоми моҳҳои ноябр-декабри соли 2023 имтиҳонҳои озмоишӣ бо иштироки хатмкунандагони синфҳои 11‑уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор шуданд.

Тавре роҳбарияти Маркази миллии тестӣ шарҳ доданд, ҳадаф аз баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ шинос намудани хатмкунандагон бо тартиби Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД), аз ҷумла, тарзи иҷрои тест ва пур намудани варақаи ҷавобҳо, инчунин додани маълумот ба хатмкунандагону омӯзгорон дар бораи сатҳи омодагии хатмкунандагон ба ин имтиҳонҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии хатмкунандагон ба Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) мебошад.

Ҷолиби диққат ин аст, ки барои баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ муассисаҳои таълимие, ки натиҷаҳои умумии миёнаи бадастовардаи хатмкунандагони онҳо дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) нисбат ба муассисаҳои таълимии дигар паст аст, интихоб мешаванд.

Пас аз анҷоми имтиҳонҳои озмоишӣ маълумот дар бораи холҳои бадастовардаи иштирокдорон ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардид. Ба ин восита хатмкунандагони дар ин имтиҳонҳо иштирокнамуда дар бораи сатҳи омодагияшон ба имтиҳонҳо аз фанҳои дахлдор маълумот гирифтанд.