Перейти к содержимому
 

ҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ соҳиби шаҳодатнома ва сипосномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардиданд.

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо ибтикори Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия оид ба фаъолияти назарраси донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун пайравони пешқадами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят дар мавзуи «Ҷавонон- ояндасози миллат» маъруза намуда, иброз дошт, ки дар меҳвари ташаббуси ҷавонони ояндасози миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Маҳз бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи Сарвари давлат Тоҷикистон рушд ва пешрафт намуда, ҷавонон дар он мақом ва манзалати созанда ва ояндасози миллатро касб менамоянд.

Дар ҳамоиш оид ба иҷрои нақшаву барномаҳо вобаста ба касбу кори ҷавонон ва занон, масъалаҳои тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон ҳамчун такягоҳи боэътимоди Ватан, арҷ гузоштан ва эҳтиром намудани муқаддасоти миллӣ сухан гуфтанд.

Дар фарҷом  ба донишҷӯёни донишгоҳ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва  сипосномаҳои Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим шуданд.