Перейти к содержимому
 

ТОЗАГИВУ ХУРРАМГАРДОНӢ-КОРИ ҲАМАГОНӢ. Маҳз муҳити тоза ва сарсабзи зист яке аз ченакҳои асосии сатҳи зиндагии инсон ба ҳисоб меравад.

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тозагиву хуррамгардонии  пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе кори як сохтор ё ташкилоту муассиса набуда, балки вазифаи ҳамагонӣ, махсусан рисолати сокинони шаҳри Душанбе мебошад. Дар ин хусус андешаҳои сармуҳаррири ҳафтаномаи «Мароми пойтахт» Шаҳриёр Олимов дар мавриди ободонии пойтахт ва ба «шаҳри сабз» табдил додани он манзур мегарданд.

— Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 7 сол муқаддам, 15 феврали 2017 зимни вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони пойтахт иброз дошта буданд, ки «пойтахт симо ва ойинаи давлату миллат буда, рафъи камбудиву мушкилоти мавҷуда ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намудани он вазифаи на фақат мақомоти шаҳрдорӣ, балки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад».

Сокини пойтахт будан дар баробари ифтихор масъулияти бузург низ дорад. Зеро вақте дар шаҳр маскун мебошӣ, аз обу ҳавояш нафас мекашӣ, дар боғу гулгаштҳо ва хиёбону кӯчаҳояш саёҳат мекунӣ, аз нақлиёти ҷамъиятиаш истифода мебарӣ, фарзандонатро дар майдончаҳои зебову замонавии варзишиаш машғули бозӣ мебинӣ ва аз тамоми имконот ва шароити муҳайёгардида ба сурати комил истифода мебарӣ,  пас дар баробари ин ҳама уҳдадор низ ҳастӣ, ки дар тозагиву озодагии ин сабзшаҳр саҳм гузорӣ ва муқаррароти Маромномаи сокини пойтахтро риоя намоӣ. Агар ин ҳамаро бечуну чаро ба шиори ҳамешагиат табдил диҳӣ, пас ин саҳми ту дар рушду шукуфоии шаҳри Душанбе мебошад.

Иқдоми «шаҳри сабз» ва аҳамияти он

4 сол муқаддам, 23 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал оварданд, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти Тоҷикистон саҳм гузоранд. Аз ҷумла, аз ҷониби муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, ки «ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ҳар оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонида, онро парвариш намояд».  Ҳамзамон таъкид гардид, ки «бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро сарсабз мегардонем ва дар ободонии он саҳм мегузорем, балки барои насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзаминамонро меомӯзем».

Имрӯз ин иқдом, ки идомаи мантиқии сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат аст, аз аҳамияти бағоят муҳим бархӯрдор аст. Зеро иқдоми «шаҳри сабз» агар аз як тараф, ба ривоҷи фарҳанги экологии ҳар шаҳрванди Душанбе марбут бошад, аз тарафи дигар, ба баландшавии сатҳи донишҳои экологии ҷавонон, баланд шудани завқи эстетикӣ ё зебоипарастии ҳар сокини пойтахт заминаи воқеӣ мегузорад.

Мусаллам аст, ки имрӯз ҷаҳони муосир бо талошҳои зиёд кӯшиш дорад, ки экологияи сайёраи мо ҳифз гардад ва ихроҷи гази карбон коҳиш дода шавад, чунки маҳз муҳити тоза ва сарсабзи зист  яке аз ченакҳои сатҳи зиндагии инсон ба ҳисоб меравад. Агар муҳити зисти инсон аз ҷиҳати экологӣ тоза бошад, пас он ба саломатии одамон таъсири мусбат мерасонад ва ба истеҳсоли сармояи инсонӣ асос мегузорад. Маҳз дарахтони сарсабз ва наботот табиатро бо оксиген таъмин менамоянд.

Мавриди тазаккур аст, ки иқдоми «шаҳри сабз» бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истеҳсоли энергияи «сабз» низ иртиботи мантиқӣ дорад, ки он асоси сиёсати экологии давлати моро ташкил медиҳад. Зеро тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли энергияи «сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш давлати пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар мамлакат 98 фоизро ташкил медиҳад.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки давлатҳои пешқадами дунё бо вуҷуди ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил шудан кӯшиш намудаанд, ки сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ баланд шавад. Бешубҳа, иқдоми «шаҳри сабз»-и муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҷиби афзоиш ёфтани шавқи наврасону ҷавонон ва умуман аҳолӣ ба иттилоот ва донишҳои экологӣ мегардад.

«Шаҳри ман – хонаи ман»

Таҳти ин шиор чанд муддат аст, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17 январи соли 2024 тасдиқ гардид, кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва сохторҳои ноҳиявии он бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти «Созандагони Ватан» ва кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба ҳашар баромада, дар тозагиву озодагӣ ва хуррамгардонии пойтахт саҳм гузошта, майдончаҳои варзиш ва минтақаҳои гуногунро аз ҳар гуна партов ва хазонбаргҳо тоза менамоянд. Интихоби шиори ҳизбиён низ гувоҳи он аст, ки онҳо моҳияти тозагиву хуррамгардониро хуб дарк намуда, аҳамияти онро дар зебоиву дилороӣ ва сарсабзу шукуфоии қалби поку муқаддаси Тоҷикистон – шаҳри Душанбе муҳим арзёбӣ менамоянд.

Макони тоза ҳузуру ҳаловати бошандагони он аст

Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ назар намоем, падидаи ҳашар дар гузашта хеле мавқеи баланд дошт ва имрӯз низ аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст, зеро ҳадафи асосии он ободонӣ, солимгардонӣ, кумак ба ҳамсояву наздикон ва хешу табор мебошад. Нақши  ҳашар дар муттаҳидӣ, ғамхорӣ ва тафаккури ҷамъиятӣ, яъне бо ҷомеа будану аз ҷомеа дур нашудан хеле барҷаста арзёбӣ мешавад. Аз ин лиҳоз гузаронидани ҳашарҳо ва корҳои ободонӣ агар аз як тараф, ба тозагии муҳити атроф ва хуррамгардонии он нақши назаррас гузорад, аз тарафи дигар, дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа муттаҳидию сарҷамъиро таблиғу ташвиқ менамояд.

Дӯст доштани Ватан ва саҳмгузорӣ дар  ҳаёти мамлакат низ маҳз аз иштироки фаъолона дар корҳои маҳал, махсусан дар ҳашарҳо оғоз меёбад, зеро Ватан аз маҳал сар мешавад. Байни покизагии муҳит ва саломатии бошандагони он иртиботи мустақим вуҷуд дорад. Маконе, ки поку озода бошад, аз шаъну мақоми баланди сокинонаш гувоҳӣ медиҳад. Ва ё тибқи гуфтори маъруфе, ки мову шумо хуб медонем, назофат ва покизагӣ нишонаи имон аст.

Даъват ба саҳмгузорӣ дар кори хайр

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд, ки «биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем».

Дар пайравӣ ба ин гуфтаҳои Сарвари давлатамон пас, биёед, ҳар рӯзро барои тозаву озода намудани манзилу кошона, кӯчаву маҳаллаҳои зист, ободу зебо ва озода гардонидани шаҳр ва тарбияи фарзандонамон самаранок истифода бурда, дар ободонию созандагӣ, тозагиву покизагӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани майдончаҳои варзишӣ саҳми арзишманд гузорем!