
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ аст ва дар гузаштаҳо ҳамеша шаб баргузор мешуд, хеле қадимӣ буда, ба давраҳои пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ) ва ҳам хаттӣ дар устураҳои мансух ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма ба мо расидааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошанд, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам дида мешаванд.
Идома







