Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.

Идома

ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.

Идома

ДУШАНБЕ, 19.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 19.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву таҳқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Агентии  миллии иттилоотии  Тоҷикистон «Ховар» тасмим гирифтааст, ки таҳти сарлавҳаи ««Шоҳнома»- мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллӣ» пайваста пажуҳишҳои тоза ба тозаи аҳли илму адаб ва андешаҳои донишмандонро пешниҳоди хонандагон намояд.

Идома

ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 9-и Гимназияи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Абдураҳмон Саидбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсуи бразилӣ (Absolute Championship of Brazilian Jiu-Jitsu - World Open Championship 2023) дар вазни 55 кг ғолиб омада, медали тиллоро сазовор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил аз рӯйи зинаҳои бакалавр, магистратура, аспирантура, докторантура, коромӯзӣ ва ординатураи клиникӣ тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар зиёда аз 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон оғоз шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 17.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» дар вилояти Хатлон барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври вилоятии озмун пирӯз омаданд, инчунин хароҷоти изофагии озмун 578 ҳазору 520 сомонӣ ҷудо гардид.

Идома