ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як либоси варзишӣ (футболка) бо нақшу нигори миллӣ, парчами давлатӣ ва навиштаҷоти «Эмомалӣ Раҳмон», инчунин як тӯб бо соядасти футболбозон ва рамзи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа гардид.
ИдомаҶАШНИ САДА. Он ба ҷуз аз ҷанбаҳои табиӣ, кишоварзӣ ва фалсафӣ аҳамияти тарбиявӣ, ахлоқӣ ва таърихӣ-ҳуқуқӣ низ дорад.
ДУШАНБЕ, 25.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон иди Садаро бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, ҳамчун ҷашни омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз истиқбол мегардад. Ин ҷашн дар баробари ҷанбаҳои табиӣ, кишоварзӣ ва фалсафӣ инчунин аҳаммияти бузурги тарбиявӣ, ахлоқӣ ва таърихӣ-ҳуқуқӣ дорад. Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Саъдизода ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Идома«НОБИҒАГОН». Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи илму ҳунар озмун оғоз ёфт.
ДУШАНБЕ, 26.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и ноҳия оид ба амалисозии «Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040» ва «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» озмуни ноҳиявии дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи илму ҳунар таҳти унвони «Нобиғагон» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.
Идома«Таҳамтан»
Сарвари давлат аз вазъи сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
ДУШАНБЕ, 25.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 январ зимни баргузории маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Идома«Сафои саҳар»
«Алифбои роҳ»
Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар тарбияи ватандӯстии насли наврас саҳми назаррас мегузорад.
ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент» ҷиҳати таъсиси осорхонаҳои мактабӣ дар ҳар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Панҷакент барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия тадбирҳои зарурӣ меандешад. Имрӯз дар шаҳру деҳоти Панҷакент 10 осорхонаи мактабӣ фаъолият доранд, ки зери назорати Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошанд.
ИдомаСАДА ЧӢ МАЪНО ДОРАД ВА ЧӢ ГУНА ҶАШН АСТ? Номзади илмҳои таърих Ҷамолиддин Шарипов ба ин савол посух медиҳад.
ДУШАНБЕ, 23.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Сада чӣ маъно дорад, чӣ гуна ҷашн аст ва аз куҷо маншаъ мегирад? Ба ин савол номзади илмҳои таърих, дотсент, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистион Ҷамолиддин Шарипов барои хонандагони сомонаи АМИТ “Ховар” посух медиҳад.
ИдомаМАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Асал бадани инсонро аз ҳар гуна моддаҳои зарарнок пок месозад.
ДУШАНБЕ, 22.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш ва дигар захираҳои табиии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки дар ҷумҳурӣ соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад. Ба гуфтаи мутахассисон, дар нафъ ба саломатӣ ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест, зеро он илоҷи аксари бемориҳо буда, баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад.
Идома