ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини кураш дар Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ ба хотири Маҳмуд паҳлавон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар шаҳри Исфаройини вилояти Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.
ИдомаРаздел: Хабарҳо
Дар Тоҷикистон Фестивал- намоишгоҳи якуми байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад.
ДУШАНБЕ, 20.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 26 апрел дар Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи якуми байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Рамазон Одинаев иттилоъ дод.
ИдомаДонишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи информатика байни 70 муассисаи олии ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
ДУШАНБЕ, 22.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни тоҷик дар Олимпиадаи дуюми байналмилалӣ оид ба информатика, ки дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон ба номи Ягшигелди Какаеви шаҳри Ашқобод доир шуд, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
ИдомаФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад.
ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар мусобиқаи рушди УЕФА, ки аз 23 то 28 апрел дар Беларус баргузор мешавад, иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
ИдомаМАРОТИБАИ АВВАЛ. Байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии Душанбе озмуни забондонӣ идома дорад.
ДУШАНБЕ, 17.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маротибаи аввал байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Ҷаҳондонӣ аз забондонист» гузаронида мешавад. Озмун дар айни замон ҷараён дошта, ба амалигардонии «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бахшида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Идома«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид.
ДУШАНБЕ, 18.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои омодагии ҳамаҷониба бобати ташкил ва баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар шаҳри Душанбе машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
ИдомаПрезиденти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлатии тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
ИдомаСуратгузориши АМИТ «Ховар» аз истиқболи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз истиқболи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 18.04.2024
Фоторепортаж со встречи Президента Республики Узбекистан уважаемого Шавката Мирзиёева Президентом Республики Таджикистан уважаемым Эмомали Рахмоном в Международном аэропорту Душанбе, 18.04.2024
ДУШАНБЕ — МУАРРИФИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамасола дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе таҷлил мегардад.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кӯчаю хиёбонҳои пойтахт навсозӣ гардида, бо нақшу нигори миллӣ оро дода мешаванд.
Имрӯзҳо кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳои пойтахт ба макони писандидаи сокинон ва меҳмони шаҳр табдил ёфтаанд. Хиёбони Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт аз ҷумлаи онҳост, ки чанд сол пеш навсозӣ шудааст.
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Суратгузориш аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд манзур мегардад.
ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» гулпарварони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» низ бо шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ин фестивалро гузаронида, барои пешвозгирии меҳмонону сайёҳон саҳни онро ба гулгашт табдил додаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин фурудгоҳ хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки фестивали «Сайри гули лола» бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 ва густариши корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо ва вилоят баргузор мегардад.