19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҶДММ «Маркази тиббии Саломат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
ИдомаРаздел: Хабарҳо
Ифтитоҳи Дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул” дар ноҳияи Фархор.
19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Фархор Дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул”-ро ба истифода доданд.
ИдомаГуманитарная помощь Таджикистан пострадавшему от землетрясения народу Афганистана отправилась в путь.
Дар Душанбе бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд.
ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористию экстремистӣ ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳамоиш бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода баргузор гардида, дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, директорони коллеҷу литсейҳои шаҳри Душанбе, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода оид ба иҷрои дастури Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа бо мақсади таҳкими пояҳои сулҳу осоиштагӣ, дӯстиву рафоқат, муҳаббату садоқат ба давлату миллат, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ба масъулон супориш дод.
Мавсуф оид ба ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба насли наврасу ҷавон, инчунин вобаста ба одобу маданияти шаҳрнишинӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ибрози андеша намуд.
Тазаккур дода шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар паёмҳояшон таъкид намудаанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо он аст, ки Истиқлолияти давлатамонро пойдор нигоҳ дошта, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоем. Яъне насли имрӯз бояд бомаърифат, бофарҳанг, эҷодкор, номбардори миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардад.
Ҳамзамон ҳозиринро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон даъват намуданд.
Мулоқот бо Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ.
18 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба равобити Тоҷикистону Эрон ва дар ин зимн ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо бо ишора ба шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти муқовимат ба чунин зуҳуроти онҳо, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.
Ду кишвар аз тавсеаи фаъолияти абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, ҳамчунин татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳо ва мувофиқаҳои дар ин соҳа ҳосилгардида ҷонибдорӣ карданд.
Дар Душанбе корҳои омодагӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд.
ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар асоси қарори мазкур, дар пойтахт баргузории конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт, мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши китобҳои Пешвои миллат дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд. Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон 105 фоизро ташкил дод.
ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш ва истифодаи мақсадноки замин дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба 25 миллиарду 48 миллион сомонӣ расонида шуда, афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 19 миллиону 601 ҳазор сомонӣ ё 105 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ дар майдони 22054 гектар, аз ҷумла 11616 гектар байни боғу токзор, 5717 гектар чарогоҳ, 2109 гектар заминҳои партов ва 2612 гектар заминҳои зери сохтмони мелиоративӣ қарордошта зироати гуногуни кишоварзӣ кишт шуд, ки ба афзун гардидани ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ мусоидат намуд.
Фаъолияти масъулини соҳа ва кишоварзони вилояти Хатлон пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани боздеҳи замин, яъне гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин, афзоиш додани ҳосилнокии зироат ва рушди соҳаи тухмипарварӣ равона гардидааст.
Имсол дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 350391 гектар зироати кишоварзӣ кишт шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ 1845 гектар зиёд мебошад.
Имрӯз бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода мешавад.
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад
Кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад ва он намунаи олии ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми давлати ҳамсояи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ташаббуси «Тозагии ҳаво» дар шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки ихроҷи партовҳо аз воситаҳои нақлиёт камтар шавад.
ДУШАНБЕ, 16.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади тоза нигоҳ доштани ҳавои атмосфера ва коҳиш додани партовҳои саноатию нақлиётӣ ҳамасола тадбирҳои экологӣ амалӣ менамояд. Махсусан амалӣ гардидани ташаббуси «Тозагии ҳаво» аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хеле манфиатбахш буда, чунин ибтикор имкон медиҳад, ки ихроҷи партовҳо аз воситаҳои нақлиёт ба шиддат кам шавад. Дар ин хусус котиби матбуоти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саидаҳмади Акрампур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Идома«ШАҲРИ МАН-ХОНАИ МАН». Дар Душанбе намоиши аксҳои Заур Дахте баргузор шуд.
ДУШАНБЕ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳти унвони «Шаҳри ман-хонаи ман» намоиши аксҳои филмбардор ва аксбардори шинохта Заур Дахте баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Намоиш дар доираи Синоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор шуда, дар он 100 акс ба маърази тамошо гузошта шуд, ки Душанбеи имрӯзаро таҷассум менамоянд.
Заур Дахте, ки дар гузашта наворбардори филмҳо буд, аввалин намоиши аксҳояшро соли 2003 дар шаҳри Душанбе баргузор намудааст. Аз он сол то ҳоло намоиши аксҳои Заур Дахте дар 14 давлати дунё баргузор шудаанд.
Дар намоиш инчунин китоби «Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик» рӯнамоӣ шуд, ки он достони зиндагӣ ва корномаи Заур Дахтеро бозгӯ аст.
Ҳамзамон дар намоиш «Дарси устод ва шогирд» баргузор шуда, иштирокчиён доир ба санъати аксбардорӣ барои худ маълумоти муфид бардоштанд.
Заур Дахте соли 1936 ба дунё омада, соли 1958 дар студияи «Тоҷикфилм» ба кор оғоз намудааст. Аввалин филми бардоштаи ӯ «Вохӯрӣ дар масҷиди кӯҳна» буда, баъдан филмҳои машҳури «Рустам ва Сӯҳроб», «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Чаҳор нафар аз Чорсанг» ва даҳҳо филми дигарро наворбардорӣ намудааст.