ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз осори муаррихон огоҳ ҳастем, мақсади асосии омӯзиши фанни таърих маҳз он аст, ки мо бояд аз таърихи гузаштаи худ сабақ гирем. Бояд аз комёбиҳои аҷдодони худ ифтихор намуда, онҳоро ҳифз намоем ва ба ояндагон ба мерос гузорем. Афкори илмии академик Бобоҷон Ғафуровро таҳлил намуда, ба хулосае омадем, ки муаррих бо нашри китоби «Тоҷикон» мехост собит намояд, ки дар ҳудуди васеи Осиёи Миёна аз замони қадимтарин ва қадим тоҷикон маскун буданд. Ин нуктаро дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Аловиддин Шоинбеков ба АМИТ «Ховар» иброз намуд. Дар зер мулоҳизаҳои номбурда дар бораи аҳамияти омўзиши китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров пурра оварда мешавад:
Идома