Перейти к содержимому
 

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 10 синфхонаи таълимӣ сохта мешавад.

ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нуристони ҷамоати 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода дар заминаи Муассисаи таълимии №111 10 синфхонаи таълимӣ бо фарогирии 480 хонанда дар ду баст сохта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Корҳои бунёдӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва сокинони маҳаллӣ амалӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорони маҳалливу  сокинони деҳот дар деҳаи Саттор Раҷабови Ҷамоати деҳоти Навобод сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфт. Бинои мактаб аз ду ошёна, 16 синфхона ва як утоқи кори омӯзгорон иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Он дар майдони зиёда аз 0,50 гектар сохта мешавад.