ДУШАНБЕ, 29.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хатмкардагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59, воқеъ дар деҳаи Чиртаки Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонии муассиса тасмим гирифтанд, ки синфхонаҳои таълимгирифтаашонро таъмири мукаммал намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
ИдомаРаздел: Хабарҳо
«НЕРУИ СУХАН». Озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон доир мегардад.
ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон Озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» доир мегардад. Дар озмун рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон, намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалие, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолият доранд, иштирок намуда метавонанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
ИдомаУстодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳу илҳоми тоза гирифтанд.
ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуда, аз он руҳу илҳоми тоза гирифтанд.

Тоҷикистон ба гурӯҳи давлатҳое шомил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд аст.
ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон ба гурӯҳи давлатҳое шомил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон байни 183 давлати таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол намудааст. Чунин гуфта шуд имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».
ИдомаСоли 2024 дар Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид.
ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
ИдомаМАКТАБ — БОРГОҲИ ИЛМУ ДОНИШ. Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.
ДУШАНБЕ, 28.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз натиҷаи фаъолияти Ҳукумати мамлакат дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, молия, иҷтимоиёт, маданияту фарҳанг, муносибатҳои ҷамъиятӣ, робитаҳои сатҳи олӣ бо давлатҳои Осиёву Аврупо, Амрикову Африко, ҳамкории судманд бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сатҳ ва сифати зиндагии сокинони мамлакат иборат мебошанд.
ИдомаЭмомалӣ Раҳмон: «Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем».
ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем», — иброз гардид дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар идома Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардид.
«Ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,500 техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд», — тазаккур доданд Президенти мамлакат.

Президенти Тоҷикистон: «Дар 7 соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат то ба 10 фоиз коҳиш дода шавад».
ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар 7 соли минбаъда то ба 10 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ чораҳои зарурӣ амалӣ намояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
ИдомаВарзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон аз намуди пауэрлифтинг соҳиби 8 медали тилло шуданд.
ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати нуҳуми ҷаҳон аз намуди пауэрлифтинг (сеҳарба), ки дар шаҳри Москваи Федератсия Русия 16-17 декабр баргузор шуд, соҳиби ҳашт медали тилло ва як нуқра гардиданд.

«БЕҲТАРИН ДОНИШГОҲИ НАВОВАР ВА ПЕШРАФТАИ СОЛИ 2023». Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби ин ҷоиза гардид.
ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи «Мактаби тиҷорати рақамии Лондон» («London School of Digital Business») Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро барои саҳми арзанда дар самти илм ва маориф, фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ, субот ва эътирофи дастовардҳо бо ҷоизаи «Беҳтарин донишгоҳи навовар ва пешрафтаи соли 2023 (LREA 2023)» қадрдонӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
