Перейти к содержимому
 

ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Хатмкардагони мактаб дар шаҳри Турсунзода дар таъмири он саҳм мегузоранд.

ДУШАНБЕ, 29.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хатмкардагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59, воқеъ дар деҳаи Чиртаки Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонии муассиса тасмим гирифтанд, ки синфхонаҳои таълимгирифтаашонро таъмири мукаммал намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Ин иқдом аллакай оғоз гардида, дару тирезаҳои фарсудаи синфхонаҳо мутобиқи талаботи замон иваз шуда, мизу курсиҳо ва таҷҳизоти дигар пурра нав мешаванд.

Ташаббуси ободонии муассисаи таълимӣ шоистаи дастгирӣ буда, онро хатмкардагони дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна низ метавонанд амалӣ намоянд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки «рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Яъне, бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ ба рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».