Дар Муассисаи давлатии китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба рӯзи забони давлатӣ чорабинии фархангӣ адабӣ баргузор гардид. Дар чорабини омӯзгорону узви фаъоли китобхона, донишмандону забоншиносон, инчунин адибон ҳузур доштанд. Дар тадбири мазкур нахуст аҳли адаб суханронӣ намуда ҳозиринро бо ин рӯзи муборак ва муқаддас табрику шодбош намуданд. Зимни суханрони иброз намуданд, ки забон ҳастии милат, муҳимтарин унсури бақои миллат , оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира мебошад. Хамин тавр, аз ҷониби хонандагон шеъру таронаҳо инчунин маърузаҳо дар васфи забони тоҷикӣ пешниход карда шуд.
Раздел: Хабарҳо
Баргузории даври сеюми озмуни «Илм фуруғи маърифат» дар МТМУ № 102.
Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-юми пойтахт даври 3 -юми озмуни ҷумҳуривии «Илм фуруғи маърифат», бо иштироки ғолибони даври дуюми озмуни мазкур баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки дар озмуни имсола 328 нафар рақобат намуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумхуриявии озмуни мазкур роҳхат мегиранд. Озмуни имсола ба мисли соли гузашта аз рӯи 7 наминатсия, физика, химия, математика, биология, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, география, технологияи иттилоотӣ гузаронида мешавад.
Бунёди Муассисаҳои наву замонавӣ дар пойтахти кишвар.
Муассисаи томактабии рақами 30-и ш. Душанбе дар остонаи рӯзи «Дониш» мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт. Масоҳати умумии иншоот 3915 метри мураббаъро ташкил дода, бино дар масоҳати 1211 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Он барои 9 гуруҳ, ки 210 кӯдакро дар бар мегирад, пешбинӣ шудааст. Дар Муассисаи мазкур таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи имрӯза ба роҳ монда шудааст. Зеро Муассиса аз толори варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат ва ғайра иборат мебошад.
Ҷалби хонандагон ба ҳунару ҳунаромӯзӣ.
Таълимгоҳи №48-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе яке аз он муассисаҳое мебошад, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бунёд гардидааст ва дар он дар баробари дигар синфхонаҳо, синфхонаи технологияи меҳнат низ фаъолият менамояд. Дар синфхонаи мазкур духтарон бо истифода аз мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар лавозимот ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидаанд. Бояд гуфт, ки духтарон ҳафтае, як маротиба ба дарси технологияи меҳнат фаро гирифта шуда, бо ёрии омӯзгори ин фан ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳоро меомӯзанд.
Омодагии Муассисаҳои таълимӣ ба давраи зимистони солҳои 2022-2023.
Барои бе мушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 маъмурият ва омӯзгорону кормандони хоҷагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз шароиту имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода намуда, барои дар ҳамаи ҳолат таҳсилро идома додани насли наврас таълимгоҳро дар сатҳи зарурӣ таъмиру таҷдид карданд. Инчунин Муассиса бо хати маркази гармидиҳӣ пайваст буда, 38 синфхонаи муассиса бо батареяҳо таъмин мебошанд. Дар таълимгоҳи номбурда, зиёда аз 1632 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 66-омӯзгори сохибтаҷриба дарс мегӯянд.
Роҳандозии машғулиятҳои намунавӣ.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар таълимгоҳи №55-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳафтаи дарсҳои намунавӣ гузаронида шуд. Инчунин ҷиҳати хубтару беҳтар омӯзонидани фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ ин ҳафта дарсҳо дар сатҳи хуб ва бо омодагии ҷиддии омӯзгорони фаннӣ ҷараён гирифт. Аз ҷараёни дарси физика маълум гардид, ки хонандагон мавзӯи дарсро хуб дарк карда, ба саволҳои омӯзгори ин фан ҷавобхои мушаххас доданд. Мавзӯи дарси хонандагон «Сохти атом» буда, дар соати дарси намунавӣ хонандагон хеле фаъолона ширкат варзиданд. Ва доир ба паҳлӯҳои мухталифи сохти атом маълумоти саҳеҳ бардоштанд ва дар бобати неругоҳҳои атомӣ ва обӣ ибрози назар намуданд. Гузаронидани чунин дарсҳо ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва онҳоро ба омӯхтану донистани фанҳои табиию риёзӣ, дақиқ ва забономӯзӣ ҳамаҷониба равона менамояд.
Рӯзи дарҳои кушод дар Маркази кӯдакон ва наврасони ш. Душанбе
Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки теъдоди зиёди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва падару модарони онҳо чорабинии рамзии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ вориди бинои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» шуда, бо шароитҳои фароҳамгардида баҳри таълиму тадриси кӯдакону наврасон дар маҳфилҳо аз наздик шинос гардиданд ва ба маҳфилҳои писандидаашон худро номнавис намуданд. Баъди ошноӣ пайдо намудан бо фаъолияти маҳфилҳо ба иштирокчиёни чорабинӣ дар толори фарҳангии Муассиса аз тарафи маҳфилҳои эҷодӣ-бадеӣ ва ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» -и Муассиса барномаи рангини консертӣ пешкаш гардонида шуд.
Рӯзи дарҳои кушод.
Аз 13-14 уми сентябри соли равон қабули хонандагон дар Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур таҳти унвони «Дарёфти истеъдодҳои нав» ташкил ва баргузор мегардад. Ин иқдом, бо мақсади ҷалби бештари хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи гуногун, дарёфти хонандагони лаёқатманд ва муаррифии истеъдодҳои нав ба роҳ монда шудааст. Ёдовар мешавем, ки қабули хонандагон аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ, ҳамзамон маҳфили доимоамалкунандаи «Шоҳмот» сурат гирифта, хонандагони аз синфҳои 5 то 11 ҷалб карда мешаванд.
Дастовардҳои Литсейи №1 ш. Душанбе
Дар Литсейи рақами 1-ум барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе барои хонандагон шароити мусоиди хониш фароҳам оварда шудааст. Хонандагон дар кабинетҳои фаннӣ таълим гирифта,дар равияи табиӣ, риёзӣ фанҳои мазкурро бо забони русӣ меомӯзанд. Ҳамзамон хонандагони Литсей дар ин самт ба як қатор комёбиҳо ноил гардидаанд. Аз ҷумла, дар олимпиадаи байналмиллалӣ, ки таҳти унвони «АЙ ЭС АЙ - Ҷуниор» аз фанни технологияи иттилоотӣ миёни хонандагони синфҳои 5- 8, ки аз 1 то 8-уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифта буд, 3 нафар хонадагони ин таълимгоҳ ширкат варзида, 1 нафар соҳиби мақоми 2-юм ва 2-нафар зинаи 3-юмро ишғол намуданд.
Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар «Боғи кӯдакон»
Дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ маҳфили идонаи бошукуҳ ва хотирмон бо иштироки васеи кормандон ва таълимгирандагони Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, инчунин меҳмонон ва сокинони пойтахт баргузор гардид. Таълимгирандагони маҳфилҳои амалкунандаи Муассисаи мазкур дастранҷи маҳсули эҷодашонро дар гушаҳои боғ ба намоиш гузошта, дар маҳфилҳои варзишию расмкашӣ ҳунару маҳорати худро пешкаши ҳозирин намуданд. Сипас аз ҷониби таълимгирандагони маҳфилҳои эчодӣ-бадеӣ ва ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» -и Муассисаи мазкур бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ дар васфи Тоҷикистони азиз барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид, ки хеле дилнишин ва хотирмон гузашт.