Перейти к содержимому
 

Таҷлили рӯзи забони тоҷикӣ дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар.

Дар Муассисаи давлатии китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба рӯзи забони давлатӣ чорабинии фархангӣ адабӣ баргузор гардид. Дар чорабини   омӯзгорону узви фаъоли  китобхона, донишмандону забоншиносон, инчунин адибон ҳузур доштанд. Дар тадбири мазкур нахуст аҳли адаб суханронӣ намуда ҳозиринро бо ин рӯзи муборак ва муқаддас табрику шодбош намуданд. Зимни суханрони иброз намуданд, ки забон ҳастии милат, муҳимтарин унсури бақои миллат , оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира  мебошад. Хамин тавр, аз ҷониби хонандагон шеъру таронаҳо инчунин  маърузаҳо дар васфи забони тоҷикӣ  пешниход карда шуд.