Дар шаҳри Самарқанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ- кёкушинкай доир шуд. Дар ин сабқати сатҳи байналмилалӣ дастаи варзишгарони намуди каратэ кёкушинкай, ки дар Ташкилоти мададгори мудофиа машқу тамрин менамоянд иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас ба ватан баргаштанд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар мусобиқаи мазкур 400 нафар варзишгар аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Кирғизистон ва Қазоқистон иштирок дошта, миёни ҳам рақобат доштанд. Ҳамин тавр, дар ин сабқати сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 нафар варзишгари навраси аз сини 6 то 17 сола ширкат варзида, 10 нафари онҳо сазовори ҷойи аввал, 7 нафар сазовори мақоми 2-юм ва 3 нафар сазовори зинаи 3-юм гардиданд, ки онҳо бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.
Раздел: Хабарҳо
Омӯзиши фанҳои дақиқ дар МТМУ № 62 ш. Душанбе.
Дар таълимгохи мазкур 1471 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки онхо дар синфхонахои фаннӣ аз омӯзгорони сохибтахасус дарс меомӯзанд. Дар Муассиса 37 синфхона мавчуд буда, аз ин шумора 10 синфхонаи фаннӣ бо асбобу лавозимоти хониш муҷҷаҳаз мебошад. Тибқи иттилои масъулин хонандагони таълимгоҳ дар олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзида, аз он ҷумла 4 нафар ҷойи 1-ум, 3 нафар ҷойи 2- юм ва 3 нафар хонандаи дигар сазовори ҷойи 3-юм гардидаанд. Дар таълимгоҳ 88 компютер муҷҷаҳаз бо 12 тахтаи электронӣ буда, хонандагон дар раванди дарсҳо аз онҳо истифода менамоянд.
Ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни «Хонандаи сол».
Дар Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе маросими қадрдонӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Хонандаи сол» баргузор гардид. Мувофиқи хулосабарории узви ҳакамон хонандаи синфи 10-уми Муассисаи таълимии рақами 8-уми ноҳияи мазкур Розиямоҳ Зоҳидова сазовори ҷойи аввал гардида, бо дипломи дараҷаи аввал мукофотонида шуд. Исфандиёр Солеҳов аз Литсейи рақами 1 ҷойи 2-юмро ишғол намуд. Дилнозаи Улуғбек бошад аз таълимгоҳи рақами 1 зинаи 3- юмро ишғол намуда, соҳиби диплом гардид. Ҳамин тариқ аз миёни ҷоизадорон танҳо барандаи мақоми аввал Розиямоҳ Зоҳидова ба даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол» роҳхат гирифту халос.
Омодагӣ ба фасли сармо.
Муассисаи томактабии рақами 50 - уми назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар давраи соҳибистиқлолӣ аз таъмиру тармими хушсифат бароварда шуда, дар он 120 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Муассисаи мазкур аз бинои 2 ошёна иборат аст. Кӯдакон дар 4 гуруҳ ба таълиму тарбия ҷалб гардида, бо 3 вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд. Масъулину мураббиён ва дигар кормандони хоҷагию техникӣ тайёриро ба фасли сармо ханӯз аз моҳи май оғоз карда, роҳраву гуруҳҳоро бо сифати баланд таъмиру таҷдид намуданд.Дару тирезаҳоро ба таври муосир рангу бор ва ду қабата шишабандӣ намуданд. Дар ҳамаи гуруҳҳо таҷҳизотҳои барқӣ насб карда шудааст, ки тавассути онҳо гуруҳҳо гарм карда мешавад.
Омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон.
Мусобиқаи дохилимактабӣ оид ба ушу бо дастгирии Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба ташкилу роҳандозӣ гардид. Дар сабқат беш аз 100 варзишгар иштирок намуд. Мусобиқаи дохилимактабӣ, ки аз рӯи ду навъи ушу гузаронида шуд, чун марҳилаи омодагӣ ба сабқати байналмилалии дар пеш истода маънидод гардид. Дар натиҷа Сано Абдулҳайзода, Билол Назиров, Нозанин Ҳимматова, Фурӯғ Файзова дар вазнҳои хеш ғолиб омаданд. Акнун дар пеш ушучиёнро чемпионати ҷаҳон, ки дар ИМА баргузор мегардад, мунтазир аст.
Омӯзиши фанҳои дақиқ дар МТМУ № 89.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ шароити муносиб фароҳам оварда шудааст. Тибқи иттилои масъулин дар соли таҳсили 2021-2022 иштироки хонандагони таълимгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ зиёд гардидааст. Аз ҷумла, 40 нафар хонанда дар олимпиадаҳои фаннӣ, 3-нафар хонанда дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва 3 – хонандаи дигар дар озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ - Душанбе» ширкат варзида, сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Ҳамзамон 10 нафари дигар дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, бо медалу ифтихорнома қадрдонӣ гардидаанд. Бояд гуфт, ки маъмурият ва омӯзгорони таълимгоҳ мақсад доранд, ки дар соли таҳсили 2022- 2023 иштироки хонандагонро дар озмуну олимпиадаҳои мухталиф дучанд намоянд.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар пойтахти кишвар.
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Майдони Истиқлоли пойтахт ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намоядагони сохторҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, роҳбарияту донишҷӯёни Донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат доштанд. Ин ҷамъомади сатҳи баланд бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар идома роҳпаймоии оммавии осоишта ҷараён гирифт. Бояд гуфт, ки ин роҳпаймоӣ аз майдони "Истиқлол" оғоз гардида, то саҳни «Боғи Парчами давлатӣ» идома ёфт. Дар қисмати дигар аз ҷониби сарбозону афсарон машқҳои низомӣ гузаронида шуд, ки иҷрои ҳар як амали он дар дили насли наврасу ҷавон меҳру муҳаббат ва садоқат ба ватанро бедор месозад. Қисмати фарҳангии чорабинӣ низ хотирмон ҷараён гирифта, аз ҷониби аҳли санъат барномаи идона пешниҳод карда шуд, ки писанди ҳамагон гардид.
Идомаи даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар ш. Душанбе.
Давоми 3 рӯз аст,ки даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Ёдовар мешавем, ки имсол ба даври чоруми озмун 374 нафар роҳхат гирифт. Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология доир гардида истодааст. Бояд гуфт, ки 66 нафар довталаб, 30 нафар хонанда, 17 нафар донишҷӯ ва 19 нафари дигар калонсолон аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ дониши хешро месанҷанд. Бар асоси низомномаи озмун бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба дониш, маҳорат ва малакаи довталабон аз ҷониби комиссияи озмун ҷадвали 10-хола муқаррар карда шудааст.
Рӯзи Парчам дар Муассисаи томактабии №7.
Муассисаи томактабии рақами 7-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қабои идона ба бар дошт. Дар ин тадбир мураббиёну кӯдакон фаъолона ширкат варзида, доир ба Парчами миллӣ маълумот доданд. Гуфта шуд, ки Парчами давлатӣ рамзи сулҳу субот ва сарҷамъии миллати тоҷик буда, имрӯзи моро бо ояндаи дурахшон мепайвандад ва миллати фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик ба он арҷу эҳтиром мегузорад. Мавриди қайд аст, ки дар як вақт дар гуруҳҳои Кӯдакистон низ машғулиятҳои намунавӣ бахшида ба ин сана роҳандозӣ карда шуд, ки дар он кӯдакон фаъолмандӣ нишон доданд.
Таҷлили «Рӯзи парчам» дар Кӯдакистони №41.
Дар Кӯдакистони №41-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар тадбири мазкур дӯстрӯякон бо тайёрии ҷиддӣ ширкат варзида, дар васфи парчам шеъру сурудҳоро қироат намуданд ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки гузаронидани ҷашну маросимҳои миллӣ ҳар як насли хурдсолро водор месозад то аз рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ огаҳ шаванд. Дар чорабинии мазкур тарбиятгирандагон дар тан либосҳои идона, ки рамзи парчами давлатиро таҷассум мекард, суруди умумиро иҷро намуданд, ки ҷолибу дилнишин буд.