Перейти к содержимому
 

Ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни «Хонандаи сол».

Дар Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе маросими қадрдонӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Хонандаи сол» баргузор гардид. Мувофиқи хулосабарории узви ҳакамон хонандаи синфи 10-уми  Муассисаи таълимии рақами 8-уми ноҳияи мазкур Розиямоҳ Зоҳидова сазовори ҷойи аввал гардида, бо дипломи дараҷаи аввал мукофотонида шуд. Исфандиёр Солеҳов аз Литсейи рақами 1 ҷойи 2-юмро  ишғол намуд. Дилнозаи Улуғбек бошад аз таълимгоҳи рақами 1 зинаи 3- юмро ишғол намуда, соҳиби диплом гардид. Ҳамин тариқ аз миёни ҷоизадорон танҳо барандаи мақоми аввал Розиямоҳ Зоҳидова ба даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол» роҳхат гирифту халос.