Вобаста ба омӯзиши бистсолаи илмҳои дақиқ омӯзгорони литсейи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чораю тадбирҳои мушаххас андешида, фаъолияти хешро тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монда аз роҳу усул ва барномаҳои нави таълимӣ истифода намуд,ки дар натиҷа ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Айни замон дар Литсейи мазкур 630 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 38 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба ва сохибтахассус таълиму тарбия медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки таълимгирандагони Литсейи номбаршуда дар олимпиадаи фаннӣ дар даври шаҳрӣ 16 нафар ширкат варзида, 3 нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Раздел: Хабарҳо
Омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ.
Дар МТМУ №70 пойтахт дарси технологияи иттиллоотӣ тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои масъулин дар таълимгоҳ 2 синфхонаи технологияи иттилоотӣ мавҷуд буда, бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Мавриди зикр аст, ки муассиса дорои 125 адад компютер буда, хонандагон ба компютерхо дастрасӣ доранд. Иштироки хонандагони талимгоҳ дар озмуну олимпиадаҳо низ назаррас мебошад. Аз ҷумла, 5 нафар хонанда дар даври ноҳиявӣ ва 3 нафар хонандаи дигар дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.
Ҷалби кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим.
Дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба якҳарбаҳои шарқӣ мусобиқаи шаҳрӣ оид ба каратэ-кёкушинкай миёни кӯдакону наврасон баргузор гардид. Дар натиҷа Муҳаммад Шарифов миёни муҳорибачиёни 9 то 10 сола ҷои аввалро ишғол намуд. Самир Раҳмонов дар байни варзишгарни 9 то 10 сола қаҳрамон шуд. Шаҳром Худойдодов дар вазни 28 кг, Билол Саидов дар вазни то 28 кг, Раҳим Алиев дар вазни то 24 кг ҷои аввалро соҳиб шуданд. Дар вазни 35 кг Сафо Назарамонов ҷои аввалро касб намуд. Миёни варзишгарони 14 то 15 сола мақоми аввал насиби Комрон Назаров гардид. Дар байни варзишгарони 10-11 сола Муҳаммад Раҳимзода аз ҳама пештар шаҳди пирӯзиро чашид. Муҳаммад Фидоев дар вазни то 30 килло зафар ёфт.
Роҳандозии семинар-машварати равоншиносон дар Кӯдакистонҳо.
Семинар-машварати равоншиносони Кӯдакистонҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси нақшачорабиниҳои Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур, дар як моҳ ду маротиба баргузор карда мешавад. Чорабинии навбатӣ дар Муассисаи томактабии рақами 3-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки равоншиносони Кӯдакистонҳои ҳудуди ноҳия сурат гирифт. Дар доираи семинар нахуст машғулияти омӯзишӣ бо иштироки тарбиятгирандагон дар мавзуъи «Об манбаи ҳаёт» баргузор гардида, дар ҷараёни он кӯдакон фаъолона иштирок намуданд.
Баланд бардоштани сатҳи сифати таълим.
Бо иқдоми Сарраёсати маорифи ш. Душанбе дар Муассисаҳои таълимӣ ва томактабии 4 ноҳияи пойтахт дар байни масъулин ва кормандони соҳа машваратҳои омўзишӣ ба роҳ монда шуд. Чунин семинар-машварати омўзишию дастурдиҳӣ дар таълимгоҳи № 58 ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе бо иштироки директорони Муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ва намояндагони шуъбаи маориф баргузор гардид. Зимни машварат чанде аз соатҳои дарсии омўзгорони МТМУ №58 пойтахт мавриди санҷишу баррасӣ қарор гирифта шуд.
Артиши миллӣ-кафили сулҳу суботи комили ҷомеа.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Китобхона, собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони имконияташон маҳдуд ва ҳамчунин дӯстдорони каломи бадеъ ширкат доштанд. Нахуст масъулини китобхонаи мазкур суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ табрику шодбош гуфтанд ва барояшон бурдборию сулҳу субботро таманно намуданд. Дар фарҷом аз ҷониби хонандагони фаъоли китобхона барномаи фарҳангӣ тақдим гардид, ки ба иштирокдорон писанд омад.
Таҷлили рӯзи Артиши миллӣ дар Муассисаҳои томактабӣ.
Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар он афсарону сарбозон, мураббияҳо ва кӯдакон ширкат намуданд. Нахуст дар чорабинӣ кӯдакони Муассисаи томактабии №83 пойтахт бахшҳои гуногунро пешниҳод карданд. Аз ҷумла онҳо тарзи иҷрои амалиётҳои ҷангиро нишон дода, дар раванди он машқҳои ҳарбиро пешниҳод намуданд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷамъомад кӯдакон либосҳои низомиро ба бар карда, аз иҷрои амалҳои ба уҳда доштаашон ба пуррагӣ баромаданд. Саҳнаҳои пешниҳодшуда бештар дар мавзуҳои ҳифзу нигаҳбонии Ватан, ватандӯстӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва дигар самтҳоро фарогир буд. Яке аз бахшҳои муҳим, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун буд, аз ҷониби кӯдакон дар сатҳи баланд иҷро карда шуд.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад.
ИДОМААртиши миллӣ сипари боэътимоди миллат.
Ба муносибати 30 -солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар Кӯдакистони №98 -уми ноҳияи Синои пойтахт маҳфили идона бо иштироки тарбиятгирандагон ва мураббиён баргузор гардид. Дар ин тадбир масъулин суханронӣ карда, дустрӯяконро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо дар зиндагӣ комёбиҳои беназирро таманно намуданд. Сипас барномаи фарҳангии тарбиятгирандагон оғоз гардид. Дустрӯякон дар даст парчамҳо бо садо додани суруди дилнишин дар васфи ватан бо иҷрои амалу машқҳои гуногун ҳунарашонро ба ҳозирин нишон доданд.
Таҷлили рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар Муассисаҳои томактабӣ.
Дар ҷамъомад дӯструякони Кӯдакистони №124 пойтахт бо орзуҳои зиёд ба бар либоси низомӣ намудаанд, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки кӯдакон низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар оянда мехоҳанд, дар ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар саҳмгузор бошанд. Қобили қайд аст, ки дар чорабинӣ кӯдакон бо руҳу илҳоми тоза дар васфи ватану диёри хеш порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Тавре мураббиёни Муассисаи мазкур иброз доштанд, мо пайваста барои пешвози санаҳои таърихии кишварамон дар кӯдакистон чорабиниҳои гуногун доир менамоем, то ин ки аз овони наврасӣ дар дили тарбиятгирандагон меҳри ватан афзун гардида, ҳимоя ва содиқона хазмат намуданро дар роҳи ватан ҳадафи асосии хеш қарор диҳанд.