Перейти к содержимому
 

Омӯзиши илмҳои дақиқ дар муассисаҳои типпи нав.

Вобаста ба омӯзиши бистсолаи илмҳои дақиқ омӯзгорони литсейи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ  ва соҳибкории Тоҷикистон чораю тадбирҳои мушаххас  андешида, фаъолияти хешро тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монда аз роҳу усул ва барномаҳои нави таълимӣ истифода намуд,ки дар натиҷа ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Айни замон дар Литсейи мазкур 630 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 38 нафар омӯзгори  соҳибтаҷриба ва сохибтахассус таълиму тарбия медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки  таълимгирандагони  Литсейи номбаршуда дар олимпиадаи фаннӣ дар даври шаҳрӣ  16 нафар ширкат варзида, 3 нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.