Ҳамасола аз санаи 2-юм то 9- уми моҳи апрел бо ибтикори масъулини Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги мамлакат дар сар то сари кишварамон Фестивали ҷумхуриявии ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон баргузор мегардад. Айни замон кормандони ин макони илму маърифат ба ин тадбири сатҳи баланд, омодагии ҷиддӣ дида, толорҳои китобхонаро ҳаматарафа ороиш доданд. Фестивали ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон санаи 15-уми апрел ҷамъбаст мегардад.
Раздел: Хабарҳо
ТАСВИРИ ПИРЯХҲО ВА ОБҲО ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт.
ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 22 асар аз эҷодиёти рассомони машҳури Тоҷикистон дар намоише, ки дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» ба ифтихори Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Тасвири пиряхҳо ва обҳо дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Сардори шуъбаи экскурсионӣ-оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллӣ 22 асар аз эҷодиёти рассомони машҳури Тоҷикистон, ба мисли Х. Хушвахтов, Ю. Ҳабибулоев, В.Боборикин, З. Довудов, И.Волинский, Б.Раҳимов, Ю.Сангов, А. Ҳайдаров, Ю. Талдигин, Р. Богдасаров, Я. Мамадкулов, ва Б. Одинаев ба намоиш гузошта шудааст.
Дар офаридаҳои мусаввирони Точикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр: пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорон тасвир ёфта, сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаҳои обҳои муссафо муаррифӣ менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-ум қатънома оид ба эълон намудани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул гардид. Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, ки тибқи он 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, дар назди Созмони Милали Муттаҳид Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.
Соли 2025 дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ҳамчунин 22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (барои солҳои 2018-2028)» бо ҷонибдории 177 давлати аъзои созмон қабул намуда буд.
Тоҷикистон сарзамини аз ҷиҳати об бой буда, беш аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад. Заминаи обҳои Тоҷикистон 13000 пирях, 1300 кӯл ва қариб 1000 дарё мебошад, ки оби онҳо аз лиҳози сифат ҳамчун оби нӯшокӣ истифода мешавад.
Намоиши «Тасвири пиряхҳо ва обҳо дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи миллӣ то 4 апрел идома меёбад.
Суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023.

Олиҷанобон,
Муҳтарам Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Муҳтарам Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид,
Иштирокчиёни муҳтарам,
Дар давоми се рӯзи охир Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард.
ИдомаИштирок дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ.

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 иштирок карданд.
ИдомаМулоқот бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони СММ (ЮНИСЕФ) хонум Катерин Рассел.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид хонум Катерин Рассел мулоқот намуданд.
ИдомаМусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо хабарнигори телевизиони СММ Шакунтала Санзиран мусоҳиба анҷом доданд.
Мавриди зикр аст, ки ташкилоти бонуфузи сайёра - Созмони Милали Муттаҳид сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионии худро дорад, ки дар онҳо аз фаъолияти рӯзмарраи Созмон ва ниҳодҳои он, инчунин ҷараён ва натиҷаҳои кори ҷаласаҳои корӣ маводҳо пахш менамояд.
ИдомаСуханронӣ дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”.

Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, шуморо дар ин чорабинии канорӣ таҳти унвони “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” хайрамақдам мегӯям.
Бо истифода аз фурсат, ҳамчунин миннатдории худро ба шариконамон – ЮНЕСКО, Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкории судманд дар ташкили ин чорабинӣ иброз менамоям.
ИдомаИштирок дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”.

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони Тоҷикистон - ЮНЕСКО, Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкории судманд дар ташкили ин чорабинӣ изҳори сипос намуданд.
ИдомаОмӯзиши фанҳои дақиқ дар Муассисаҳои таълимӣ.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11- уми шаҳри Душанбе 2339 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Тибқи иттилои масъулин 11 нафар хонандагон дар олимпиадаи фаннӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Тавре мушоҳида шуд, дар таълимгоҳ 65 синфхона мавҷуд буда, аз ин шумора 7 синфхонаи фаннӣ бо асбобу таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон муассиса дорои 9 адад тахтаи электронӣ, 2 синфхонаи лингафонӣ, 2 синфхонаи техналогияи иттилотӣ бо 148 адад компютер муҷаҳҳаз мебошад, ки ҳамаи он дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Рушди бадминтон дар ноҳияи Кӯшониён.
Бадминтон яке аз риштаҳои маъмулу машҳури соҳаи варзиш мебошад. Ин риштаи варзиш дар ноҳияи Кӯшониён сол то сол рушд карда, имрӯзҳо зиёда аз 80 нафар наврасону ҷавонони ноҳия ба ин намуди варзиш бо майлу рағбати беандоза машғуланд. Дар муассисаи таълимии рақами 14-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия толори махсус барои гузаронидани тамрини риштаи бадминтон ва мусобиқаҳо муҳайё буда, мураббиёни мактаби варзишии ноҳия бо гуруҳҳои махсуси бадминтонбоз дар вақтҳои муайяншуда машқу тамрин мекунанд. Аз рӯи ин намуди варзиш дастпарварони муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия дар мусобиқа ва чемпионатҳои Осиёи Марказӣ ва Авруосиё фаъолона ширкат варзида, 3 нафар ба гирифтани ҷойҳои дуюм ва сеюм мушарраф гаштаанд.