Дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ маҳфили идонаи бошукуҳ ва хотирмон бо иштироки васеи кормандон ва таълимгирандагони Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, инчунин меҳмонон ва сокинони пойтахт баргузор гардид. Таълимгирандагони маҳфилҳои амалкунандаи Муассисаи мазкур дастранҷи маҳсули эҷодашонро дар гушаҳои боғ ба намоиш гузошта, дар маҳфилҳои варзишию расмкашӣ ҳунару маҳорати худро пешкаши ҳозирин намуданд. Сипас аз ҷониби таълимгирандагони маҳфилҳои эчодӣ-бадеӣ ва ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» -и Муассисаи мазкур бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ дар васфи Тоҷикистони азиз барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид, ки хеле дилнишин ва хотирмон гузашт.
Раздел: Хабарҳо
Бозгашти варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи ҷаҳонӣ бо 1 медали тилло, чор нишони нуқра ва 1 ҷоизаи биринҷӣ.
Дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Руссия чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаи ғайрикасбии унифайт миёни наврасону ҷавонон, баргузор гардид. Дар ин сабқати ҷаҳонӣ беш аз 17 давлат ширкат варзид. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши варзишӣ шаш варзишгар ва ду мураббӣ намояндагӣ кард. Медали тиллоро Муҳаммадҷони Одил ба даст овард. Фирдавс Салимов, Абдулло Давлатзода, Муҳаммадшукур Солеҳов дар вазнҳои худ мақоми дуюмро касб карданд. Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати даставӣ дар чемпионати ҷаҳон мақоми дуюмро ишғол намуд.
Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар Муассисаҳои томактабӣ.
Дар Муассисаи томактабии «Нури шамс» -и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ бо иштироки 4 гурӯҳ дӯструякон ва мураббиёну волидайни онҳо доир гардид. Ҳамаи иштирокдоронро ба ин ҷашни бузурги миллӣ масъулини Кӯдакистон шодбош гуфта, ба онҳо осмони софу беғубор сиҳатии комилро таманно намуданд. Сипас бархе аз дӯструякон дар васфи Тоҷикистон, истиқлолият,зебогиҳои кишвар, сулҳу Ваҳдат ва шаҳри зебои Душанбе шеърҳоро қироат карданд. Инчунин рақсхои зебои тарбиятгирандагон ба ин тадбири фарҳангӣ нуру таровати рангин бахшид. Гузаронидани чунин тадбирҳо ба кӯдакон имкон медиҳад то дар руҳияи ватандустию хештаншиносӣ ба камол расанд.
Қадршиносии дастаҳои ғолиби мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми ш. Душанбе
Дар таърихи варзиши кишвар бори аввал бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 17-уми август то 6-уми сентябр мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди футболи хурд байни наврасони 12 - 13 сола барои дарёфти Ҷоми шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 60 даста иштирок намуданд ва ин дастаҳо танҳо дар майдончаҳои кӯча ва маҳаллаҳои хеш тамрин мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки аз номи Раиси шаҳри Душанбе дастаҳое, ки зинаҳои ифтихориро ишғол намуданд, ҳамчун ҳавасмандӣ аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ифтитоҳи Мактаби велосипедронӣ дар шаҳри Хоруғ.
Дар доираи таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ нахустин Мактаби велосипедронӣ ташкил гардид. Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти Федератсияи велосипедронӣ ба мактаби номбурда, лавозимоти муосири таълимӣ 25 номгӯйи таҷҳизот ва лавозимот аз ҷумла, 20 дучарха, 5 велосипеди шоҳроҳ, 20 адад либоси тобистонаи варзишӣ, 20 адад либоси зимистонаи варзишӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимотро барои омода намудани ин намуди варзиш шароити сатҳи баландро фароҳам оварданд.
Идомаи таҳсили нави хониш дар МТМУ №70 ш. Душанбе
Бо оғози соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишвар хонандагон ба дарсҳо фаро гирифта шуданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ барои қабули хонандагон ба синфи якум шароити мусоид муҳайё карда, дар соли ҷорӣ 94 нафарро ба ин зина қабул кардаанд. Синфҳои якуми Муассиса ба 3 гуруҳ ҷудо гардида, барои онҳо синфхонаҳои таълимӣ бо ашёву лавозимотҳои хониш таъмин карда шудааст. Ёдовар мешавем,ки дар соли ҷорӣ ба синфи якум дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 272 ҳазор нафар хонанда қабул карда шуда, ба онҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд.
Намоишномаи нав бо номи «Тулӯи умед».
Дар Театри давлатӣ - драмавии русии ба номи Владимир Маяковскии шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 31-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ намоишномаи нав таҳти унвони «Тулӯи умед» пешниҳоди тамошобинон гардид. Бояд гуфт, ки намоишномаи мазкур аз рӯи асари адиб, нависандаи Халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам ва порчаҳо аз «Шоҳнома» -и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва дигар асарҳои таърихӣ таҳия гардидааст. Намоишномаи мазкур таърихи гузаштаи халқи тоҷик дар бораи корнамоии бемисли Қаҳрамони халқи тоҷик «Спитамен» ва дастовардҳои 31-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи хуб инъикос карда, ҷолибу нишонрас манзури алоқамандону дӯстдорони театр гардонида шуд.
Фаъолияти маркази ҷавонони ш. Кӯлоб
Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бунёд гардида, мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Иншооти мазкур барои ҷалб ва дастгирии ҷавонон мусоидат намуда, дар рушди ин самт саҳмгузор аст. Тибқи иттилоъи масъулин Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб дорои шароити муосир буда, аз толори фарҳангӣ, синфхонаи дӯзандагӣ, қаннодӣ, озмоишгоҳи инноватсионӣ, утоқи волонтёрон ва дигар ҳуҷраҳои кориву ёрирасон иборат мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин Марказ дар баробари омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон маҳфилҳои адабиву фарҳангӣ ва курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Азнавсозии МТМУ №90 ш. Душанбе
Бо ташабуси Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони ватанӣ ба истиқболи соли нави хониш ва ҷашни фархундаи миллат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараён дорад. Аз ҷумла, МТМУ №90-уми н. Синои ш. Душанбе пурра таъмир гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Муассисаи мазкур аз 3 ошёна иборат буда, барои 1276 нафар хонанда дар 1 баст пешбинӣ гардидааст. Ёдовар мешавем, ки таълимгоҳи мазкур дорои 62 синфхона аз ҷумла 24 синфхона барои синфҳои ибтидоӣ 38 синфхона барои синфҳои болоӣ, утоқҳои корӣ, 7 адад кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, 3 адад синфхонаи компютерӣ, инчунин толори фарҳангӣ бо 172 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва ошхона бо 166 ҷойи нишаст, майдони варзишӣ бо 246 ҷойи нишаст, пешниҳоди хонандагон мегардад.
«Ҷоми шаҳри Душанбе»
Имрўзҳо бо ташаббуси ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни кӯдакон ва наврасони 12-13 сола мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми шаҳри Душанбе» идома дорад. Ин мусобиқа бо иштироки 60 дастаи футбол дар майдончаҳои навбунёди чор ноҳияи пойтахт ҷараён гирифта истодааст. Иқдоми мазкур бо дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он пешгирӣ аз беҳудагардию даст назадани насли наврас ба корҳои номатлуб маънидод карда мешавад. Ба иттилои масъулин баъд аз он, ки дар ҳудуди пойтахт майдончаҳои варзишии муосир бунёд шудааст, шумораи ҷиноятҳо низ аз ҳисоби наврасони беҳудагард коҳиш ёфта, дастаҳои футболи кӯдакона низ бештар шудааст, ки ҳар як тим бо мураббӣ таъмин гардидаанд. Мусобиқа дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо қадршиносии ғолибон ҷамъбаст мегардад.