Перейти к содержимому
 

Бозиҳои 16 – уми  Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун чорабинии байнидавлатии кишварҳои аъзои ИДМ маҷмуи мусобиқоти байниҳамии озмунӣ ва фестивалии ҷавонони лаёқатманд бо мақсади нишон додани сатҳи баланди ҳунарнамоӣ аз рӯи намудҳои гуногун ва номинатсияҳои санъати мардумӣ, классикӣ ва муосир бо фарогирии теъдоди бузурги иштирокчиён, ҳамзамон дар майдонҳои алоҳида, бо тақсимбандии синнусолӣ, пешниҳоди дарсҳои маҳорат, чорабиниҳои илмӣ – амалӣ ва маърифатӣ мебошад. Ин бозиҳо имрӯз воситаи самарабахши ҷустуҷӯ, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон гардидаанд.  Айни замон дар фаъолияти Кумитаи Байналмилалии Делфӣ ( қароргоҳаш дар шаҳри Москва ) 115 давлат иштирок менамояд.

Бозиҳои Делфии  кишварҳои  аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 2002 бо Қарори Шӯрои Сарони давлатҳои ИДМ гузаронида шуда, ташкилкунандагони он Сарони давлатҳои ИДМ, Кумитаи Байналмилалии Делфӣ, созмонҳои миллии Делфӣ мебошанд.

Барои омодагӣ ва гузаронидани Бозиҳо қарор қабул гардида, кумитаи тадорукот бо мақсади ҳаллу фасли оҷилии масоили ба миёномада таъсис дода мешавад. Бозиҳоро Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои  ИДМ, Фонди байнидавлатии гуманитарии  ҳамкориҳои кишварҳои Иттиҳод, Шӯро оид ба ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ, Шӯро оид ба корҳои ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ, Шӯрои Аврупо ва ЮНЕСКО сарпарастӣ менамоянд.

Падидаи фарқкунандаи  ин мусобиқа дар он аст, ки дар он дастаҳои ҷавонони Делфӣ аз ҳамаи кишварҳои аъзои ИДМ ширкат меварзанд.

Бар замми баромад ва санҷишҳои инфиродӣ ҳар як иштирокчӣ ҳамчун аъзои ҳайати расмӣ шарафи кишвари худро ҳимоя намуда, иқтидори фарҳангии мамлакати худ ва сатҳи муосири рушди санъаташро нишон медиҳад.

Бозиҳо чорабинии бузурги оммавӣ ба ҳисоб рафта ( бештар аз 800 иштирокчии синну соли 10 -25 сола ), дар муддати 6-7 рӯз аз рӯи 20 – 25 номинатсияҳои халқӣ, классикӣ ва муосир қувваозмоӣ мекунанд.

Ба ҳайати ҳакамон аз рӯи ҳар номинатсия ходимони намоёни санъату ҳунар,  профессору  докторони  санъатшинос,  зиёда аз 100 нафар шомил мегарданд.   

Тавре зикр гардид, дар ҷаласаи байнипарлумонии Ассамблеяи кишварҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ( ш. Минск, Белорус, 11марти  соли 2022, № 18 ) ба бунёди Бозиҳои Делфӣ асос гузошта шуд.

То  имрӯз  Бозиҳои Якум дар ( 2002, ш. Брянск, Федератсияи Россия ), Дуюм ( 2004, ш. Кишинев, Молдова ),  Сеюм ( 2005, ш. Киев, Украина ), Чорум ( 2006, ш. Остона, Қазоқистон ),  Панҷум ( 2008, ш. Минск, Белорус ),  Шашум ( 2010, ш. Ереван, Арманистон ),  Ҳафтум ( 2012, ш. Остона, Қазоқистон ),  Ҳаштум ( 2013, ш. Новосибирск, Федератсияи Россия ),  Нӯҳум ( 2014, ш. Волгоград, Федератсияи Россия ),  Даҳум ( 2015, ш. Орёл, Федератсияи Россия ), Ёздаҳум ( 2016, ш. Москва,Санкт – Петербург, Федератсияи Россия ),  Дувоздаҳум ( 2017, ш. Екетеринбург, Федератсияи Россия ),  Сенздаҳум ( 2018, ш. Саратов, Федератсияи Россия ),  Чордаҳум ( 2019, вил. Москва, Федератсияи Россия ),  Понздаҳум ( 2021, ш. Москва, Федератсияи Россия )  баргузор  гардиданд.

Дар сатҳи миллӣ дар кишварҳои алоҳида Бозиҳо баргузор мешаванд, ки дар онҳо  ҳамасола  зиёда  аз  1 миллион ҷавонон иштирок менамоянд.

Онҳо маҳаки дастаҳои яккачинро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ташкил медиҳанд.

Масалан, дар Федератсияи Россия 21, Қазоқистон - 13, Молдова - 3, Украина – 5 маротиба Бозиҳо баргузор гардидаанд. Нахустин Бозиҳои Делфӣ дар Ҷумҳурии Арманистон ташкил карда шудааст. Дар Ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Белорус, Қирғизистон таъсиси командаҳои яккачин дар асоси озмун ба роҳ монда шудааст. Таҷрибаи Қазоқистон доир ба шомилсозии Бозиҳои Делфӣ ба Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон  барои солҳои 2011 – 2020 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Консепсияи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2015 – 2019 боиси дастгирӣ мебошад.  Фаъолияти шӯрои миллии Делфӣ дар Россия нисбати ташкили Бозиҳо аз ҷониби ҷаласаи  шурои ҳамоҳангсозии  истеъдодҳои  ҷавонони Россия ( 30. 10. 2014 ) хуб арзёбӣ гардид.

Барандагони  ( ғолибон ва мукофотгирандагон )  бо медалҳои  тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардонида мешаванд. Барои баромадҳои арзанда ҳайати ҳакамон иштирокчиёни алоҳидаро бо дипломҳо қадрдонӣ мекунад. Бо истифода аз ин усули мукофотонӣ ташкилотчиён ба дарёфти сатҳи баланди  қувваозмоӣ дастёб мегарданд.

Дар қатори барандагони бозиҳои Делфӣ овозхонони Театри Калони давлатии академӣ, Театри академии Калони опера ва балети Белорус, Театри миллии опера ва балети Қазоқ ба номи К. Байсеитой, операи миллии Украина, Театри операи Милан “Ла Скала”, Театри операи Париж “Гранд опера”, Театри операи шоҳии Лондон “Ковен Гарден”, Театри мусиқии Ню –Йорк “Метрополитен -Опера”, операи давлатии Вена, гурӯҳи “Рефлекс”, ғолибони озмуни байналхалқии ба номи П. И. Чайковский, озмуни наврасони Евровидение, озмунҳои телевизионии “Минута славы”, “Новая волна”, “Голос”ва ғайра иборат мебошанд.  

Ҷараёни Бозиҳо дар зиёда аз 800 шабакаҳои радио ва телевизион, шабакаҳои   иҷтимоӣ ва рӯзномаву  маҷаллаҳои  байналхалқӣ, федералӣ ва музофотӣ   ба таври васеъ инъикос меёбанд.

Иттилоот  оид ба  бозиҳо дар шаҳрҳо дар овезаҳои андозаи 3х6 м, дар пештоқи мағозаҳо, марказҳои савдо ва тиҷорат, фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан  ва кинотеатрҳо насб мегарданд.

Нақши асосиро бо таҷрибаи бисёрсола шабакаи телевизионии “Мир” дар инъикоси ҷараёни чорабинӣ мебозад. Ба таври алоҳида интернет - телевидении ДЕЛФИК. ТВ бо мақсади ҷамъоварӣ ва пешниҳоди дастрасӣ роҳандозӣ мегардад.

Тибқи Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22.07. 2022 № РП – 242  ва нақшаи  чорабиниҳо  оид ба гузаронидани Соли  ҳунарҳои  мардумӣ ва ёдгориҳои фарҳангӣ дар ИДМ соли 2022,   ки бо  Қарори  Шӯрои   Сарони кишварҳои аъзои ИДМ аз 12.11. 2021 тасдиқ гардидааст, аз  14  то 18 октябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ( шаҳри Душанбе )  Бозиҳои шонздаҳуми Делфии ҷавонони  кишварҳои  аъзои ИДМ баргузор мегардад.

Дар  назар   аст, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавон   аз  синни 10 то 25 аз тамоми кишварҳои ИДМ аз рӯи номинатсияҳои    фортепиано, скрипка, санъати  тасвирӣ, сарояндаи академӣ, сарояндаи  халқӣ, сарояндаи эстрада, рақси халқӣ, созҳои нафасӣ,  созҳои халқӣ, ҳунарҳои мардумӣ иштирок менамоянд.

Ба ҳайати ҳакамон   қариб  35 нафар  ходимони   шинохтаи санъату ҳунари ИДМ  шомил мебошанд.  Конфронси байналхалқӣ коршиносонро аз хориҷи дуру наздик ба ҳам меорад, ки мавзӯи асосӣ 20 - солагии ҷашни нахустин баргузории Бозиҳо мебошад.

Низомномаи  Бозиҳо, талаботҳои   барномавӣ ва  шаклҳои дахлдори пешниҳоди  дархостҳо дар сомона   Вазорати фарҳанг www.vfarhang.tj  ҷой дода шудаанд.

Чорабиниҳо  дар   толорҳои муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Бозиҳои Делфӣ барои ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тибқи номинатсияҳо:

  • ФОРТЕПИАНО дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов;
  • СКРИПКА дар Мактаб–интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З.Шаҳидӣ;
  • САНЪАТИ ТАСВИРӢ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;
  • СОЗҲОИ НАФАСӢ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода;
  • САРОЯНДАИ АКАДЕМӢ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов;
  • САРОЯНДАИ АНЪАНАВӢ дар  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода;
  • САРОЯНДАИ ЭСТРАДӢ дар Кохи “Суруш”;
  • РАҚСИ ХАЛҚӢ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ;
  • СОЗҲОИ ХАЛҚӢ дар Мактаб – интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М.Атоев;
  • ҲУНАРҲОИ ХАЛҚӢ ВА БАДЕӢ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни

Барои маълумот: 

Таърихи расмӣ ва ҷойи тавлиди Бозиҳо соли 582 то милод дар Юнон маҳсуб меёбад. Якҷо бо бозиҳои Олимпӣ, Делфӣ ( номи пешина - Пифийкӣ ) беш аз 1600 сол манъ карда шуда, танҳо дар оғози асри 20 аз нав эҳё гардиданд. Аз соли 1927 то соли 1930 дар Юнон фестивали Делфӣ ҳамгунаи бозиҳои антиқии Пифийкӣ гузаронида шуданд. Вале Ҷанги дуюми ҷаҳон муваққатан садди роҳи баргузории ин чорабинии фарҳангӣ гардид.

Корҳо ҷиҳати эҳёи Бозиҳои Делфӣ солҳои 70 –уми асри XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар  доираи чорабиниҳои  эҷодии  ҷавонон баргузор мегардиданд.  Таҷрибаҳои  андӯхта баҳри таъсиси  Шӯрои милии  Делфӣ  ва коркарди   шакли  муосири  бозиҳо   дар Федератсияи  Россия соли 1999 мусоидат намуд.

Марҳилаи  нави  Бозиҳои Делфӣ , ки падидаи  ҷаҳонӣ гашт,  танҳо соли  2000  оғоз гардида,  дар шаҳри  Москва бо  иштироки  27 кишвар аз ҷониби Шӯрои  миллии Делфии  Россия нахустин Бозиҳои умумиҷаҳонии Делфӣ  баргузор гардиданд.

Дар Муассисаи давлатии китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба рӯзи забони давлатӣ чорабинии фархангӣ адабӣ баргузор гардид. Дар чорабини   омӯзгорону узви фаъоли  китобхона, донишмандону забоншиносон, инчунин адибон ҳузур доштанд. Дар тадбири мазкур нахуст аҳли адаб суханронӣ намуда ҳозиринро бо ин рӯзи муборак ва муқаддас табрику шодбош намуданд. Зимни суханрони иброз намуданд, ки забон ҳастии милат, муҳимтарин унсури бақои миллат , оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира  мебошад. Хамин тавр, аз ҷониби хонандагон шеъру таронаҳо инчунин  маърузаҳо дар васфи забони тоҷикӣ  пешниход карда шуд.

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-юми пойтахт даври 3 -юми озмуни ҷумҳуривии «Илм фуруғи маърифат», бо иштироки ғолибони даври дуюми озмуни мазкур баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки  дар озмуни имсола 328 нафар  рақобат намуда, беҳтаринҳо ба даври  ҷумхуриявии озмуни мазкур роҳхат мегиранд. Озмуни имсола ба мисли соли гузашта аз рӯи 7 наминатсия, физика, химия, математика, биология, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, география, технологияи иттилоотӣ гузаронида мешавад.

Муассисаи томактабии рақами 30-и ш. Душанбе дар остонаи рӯзи «Дониш» мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт. Масоҳати умумии иншоот 3915 метри мураббаъро ташкил дода, бино дар масоҳати 1211 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Он барои 9 гуруҳ, ки 210 кӯдакро дар бар мегирад, пешбинӣ шудааст. Дар Муассисаи мазкур  таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи имрӯза ба роҳ монда шудааст. Зеро Муассиса аз толори варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат ва ғайра иборат  мебошад.

Таълимгоҳи №48-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе яке аз он муассисаҳое мебошад, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бунёд гардидааст ва дар он дар баробари дигар синфхонаҳо, синфхонаи технологияи меҳнат низ фаъолият менамояд. Дар синфхонаи мазкур духтарон бо истифода аз мошинаҳои дарздӯзӣ ва дигар лавозимот ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидаанд. Бояд гуфт, ки духтарон ҳафтае, як маротиба ба дарси технологияи меҳнат фаро гирифта шуда, бо ёрии омӯзгори ин фан ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳоро меомӯзанд.

Барои бе мушкилӣ паси сар намудани давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 маъмурият ва омӯзгорону кормандони хоҷагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100-уми ноҳияи   Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз шароиту имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода  намуда, барои  дар ҳамаи ҳолат  таҳсилро идома додани насли наврас таълимгоҳро дар сатҳи зарурӣ таъмиру таҷдид карданд. Инчунин Муассиса бо хати маркази гармидиҳӣ пайваст буда, 38 синфхонаи муассиса  бо батареяҳо таъмин мебошанд. Дар таълимгоҳи номбурда, зиёда аз 1632 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 66-омӯзгори сохибтаҷриба дарс мегӯянд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар таълимгоҳи №55-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳафтаи дарсҳои намунавӣ гузаронида шуд.  Инчунин ҷиҳати хубтару беҳтар омӯзонидани фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ ин ҳафта дарсҳо дар сатҳи хуб ва бо омодагии ҷиддии омӯзгорони фаннӣ ҷараён гирифт. Аз ҷараёни дарси физика маълум гардид, ки хонандагон мавзӯи дарсро хуб дарк карда, ба саволҳои омӯзгори ин фан ҷавобхои мушаххас доданд. Мавзӯи дарси хонандагон «Сохти атом» буда, дар соати дарси намунавӣ хонандагон хеле фаъолона ширкат варзиданд. Ва доир ба паҳлӯҳои мухталифи сохти атом маълумоти саҳеҳ бардоштанд ва дар бобати  неругоҳҳои  атомӣ ва обӣ   ибрози назар намуданд. Гузаронидани чунин дарсҳо ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва  онҳоро ба омӯхтану донистани фанҳои табиию риёзӣ, дақиқ ва забономӯзӣ ҳамаҷониба равона менамояд. 

 Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки теъдоди зиёди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва падару модарони онҳо чорабинии рамзии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ вориди бинои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» шуда, бо шароитҳои фароҳамгардида баҳри таълиму тадриси кӯдакону наврасон дар маҳфилҳо аз наздик шинос гардиданд ва ба маҳфилҳои писандидаашон худро номнавис намуданд. Баъди ошноӣ пайдо намудан бо фаъолияти маҳфилҳо ба иштирокчиёни чорабинӣ дар толори фарҳангии Муассиса аз тарафи маҳфилҳои эҷодӣ-бадеӣ ва ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» -и Муассиса барномаи рангини консертӣ пешкаш гардонида шуд.

Аз 13-14 уми сентябри соли равон қабули хонандагон дар Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур таҳти унвони «Дарёфти истеъдодҳои нав» ташкил ва баргузор мегардад. Ин иқдом, бо мақсади ҷалби бештари хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи гуногун, дарёфти хонандагони лаёқатманд ва муаррифии истеъдодҳои нав ба роҳ монда шудааст. Ёдовар мешавем, ки  қабули хонандагон аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ, ҳамзамон маҳфили доимоамалкунандаи «Шоҳмот» сурат гирифта, хонандагони аз синфҳои 5 то 11 ҷалб карда мешаванд.   

Дар Литсейи  рақами 1-ум барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе барои хонандагон шароити мусоиди хониш  фароҳам оварда шудааст. Хонандагон дар  кабинетҳои фаннӣ  таълим гирифта,дар равияи  табиӣ, риёзӣ фанҳои мазкурро бо забони русӣ  меомӯзанд. Ҳамзамон хонандагони Литсей дар ин самт ба як қатор комёбиҳо  ноил гардидаанд. Аз ҷумла,  дар олимпиадаи байналмиллалӣ, ки таҳти унвони «АЙ ЭС АЙ - Ҷуниор» аз фанни технологияи иттилоотӣ миёни хонандагони синфҳои 5- 8, ки  аз 1 то 8-уми июли  соли равон дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифта буд, 3 нафар хонадагони ин таълимгоҳ ширкат варзида, 1  нафар соҳиби мақоми 2-юм ва 2-нафар зинаи 3-юмро ишғол намуданд.