Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ноҳияи Рӯдакӣ даври минтақавии озмуни ҷумҳурииявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ин марҳила довталабони Муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Зайналободи н. Рӯдакӣ ширкат варзида, дониши худро нишон доданд. Озмуни мазкур дар толори таълимгоҳи рақами 14 сурат гирифта, нахуст масъулин рафти озмунро ба довталабон фаҳмониданд. Иброз доштанд, ки айни замон дар ноҳияи Рӯдакӣ 14 ҷамоат бо теъдоди 136 Муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, ки даври аввали озмуни ҷумҳуриявии Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст дар тамоми Муассисаҳои таълимӣ доир карда шуд. Баъди баргузории даври аввал беҳтаринҳо ба даври дуюм роҳ ёфтанд.
Раздел: Хабарҳо
Роҳандозии озмуни «Мураббии сол-2023».
Дар Муассисаи томактабии №18-уми н. Синои ш. Душанбе даври ноҳиявии озмуни «Мураббии сол-2023» баргузор гардид. Дар озмун 13 довталаб аз 13 Муассисаи томактабии ҳудуди ноҳияи Сино иштирок намуда миёни ҳам рақобат карданд. Озмуни зикршуда аз рӯи 8 шарт, гузаронидани машғулият, ҳуҷҷатгузорӣ, омода намудани гурӯҳ ва гӯшаҳо, саволҳо аз рӯи ихтисос, саволҳои соҳаи маориф, саволҳои психологӣ, ҳисоботи эҷодӣ ва мехнати дастӣ гузаронида шуд.
Идомаи Фестивал-озмуни «Парасту-2023».
Толори Театри давлатии «Лӯхтак» -и шаҳри Душанбе пур аз бинандаи наврас буд. Намоишномаи «Қуллаи мурод», ки аз ҷониби ҳунармандони Театри Лӯхтаки «Афсона» -и шаҳри Бохтар дар сатҳи баланди касбӣ иҷро гардид, дӯстрӯякон онро бо шавқи зиёд тамошо намуданд. Албатта театр ойинаи зиндагӣ аст ва дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ мусоидат менамояд. Ва намоишномаи «Қуллаи мурод» низ тарбиявӣ буда, бинандаро ба некиву накӯкорӣ, дўст доштани табиат, ҳифз намудани ҳайвонҳои нодир талқин менамояд. Ёдовар мешавем, ки дар фестивали мазкур 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун мегардонанд.
Ҷамъбасти озмуни «Мо метавонем».
Бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллии Тоҷикистон озмун, таҳти унвони«Ман метавонам» баргузор гардид. Озмуни мазкур ки муддати чанд рӯз идома ёфт, иштирокчиён аз рўи чор наминатсия маҳоратсанҷӣ карданд. Ҳамин тариқ аз рўи номинатсияи сарояндагӣ Раҷабгули Раҷаб ҷои аввалро касб намуд. Заррина Абдураҳимова ва Ғафурҷони Мақсуд зинаҳои 2-юм ва 3-юмро ишғол намуданд. Дар номинаи навозандагӣ Билол Саидов ҷои аввал, Шодмон Тўраев мақоми дуюм ва Дилафрўз Назарова ҷои сеюмро ба даст оварданд. Дар бахши қироати шеър Иброҳим Мирзоев ҷои аввалро касб кард. Шабнами Амирхон ва Зебунисо Мирзоева мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм қарор гирифтанд. Дар номинатсияи ҳунармандӣ Маърифат Нодиров ҷои аввалро соҳиб шуд.
Рӯзи мудофиаи гражданӣ.
Бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шуъбаи маорифи ноҳия ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода чорабинӣ доир шуд. Дар чорабинӣ намоиши тасвирҳои хонанадагон вобаста ба ҳолатҳои фавқулода ва пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуши сухтор намоиш дода шуд. Дар идомаи дарси намунавии мудофиаи гражданӣ кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе сўхтори сунъиро дар муддати муайяншуда, хомўш намуда, ба нафароне, ки дар пайи он зарари ҷисмонӣ бардоштанд, ёрии аввалия расонида шуда, баъдан ба беморхона интиқол дода шуданд.
Хонандагони муассисаҳои таълимии Душанбе дар олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ соҳиби ҷойи аввал гардиданд.
ДУШАНБЕ, 02.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ соҳиби 70 ҷойи ифтихорӣ (6 медали тилло, 28 медали нуқра ва 36 медали биринҷӣ) ва сазовори ҷойи аввал шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар олимпиадаҳо хонандагони вилояти Суғд сазовори 46 ҷойи ифтихорӣ (11 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ, вилояти Хатлон сазовори 40 ҷойи ифтихорӣ (8 медали нуқра ва 32 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 10 ҷойи ифтихорӣ (5медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) гардид.
Дар олимпиадаҳои мазкур 1004 хонандаи синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуд, ки нисбат ба соли 2022 284 нафар (28,3%) зиёд аст. Дар озмун 173 хонанда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (6 нафар сазовори медали тилло, 54 кас сазовори медали нуқра ва 113 нафар соҳиби медали биринҷӣ) шуд.
Ёдовар мешавем, ки олимпиадаҳо аз 27 то 30 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе корҳои омодагӣ ба ташкили истироҳати кӯдакону наврасон оғоз гардид.
ДУШАНБЕ, 02.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023 тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи қарори мазкур, истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешавад, дар мавсими таътили тобистонаи имсола дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт бо назардошти талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ташкил мегардад.
Раиси шаҳри Душанбе масъулинро муваззаф намудаанд, ки то 1 июни соли 2023 дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, сабзазоркунию ниҳолшинониро ба анҷом расонида, иншооти мазкурро барои қабули кӯдакону наврасон омода намоянд.
Ҳамзамон дар асоси қарори мазкур масъулин вазифадор гардидаанд, ки истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва наздимактабиро бо мутахассисон таъмин намуда, барои пешниҳоди роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасонро таъмин карда, барои гузаронидани чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва таъмини истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ тадбир андешад.
Дар асоси қарор Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати бо мутахассисони зарурии тиббӣ таъмин намудани истироҳатгоҳҳо ва фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ, солимгардонӣ тадбирҳо андешида, назорати вазъи санитарию гигиении истироҳатгоҳҳоро дар давраи таътили тобистона таъмин менамояд.
Ҷамъбастёбии даври шаҳрии озмуни «Доноякон».
Дар Муассисаи томактабии рақами 30- юми ш. Душанбе даври шаҳрии озмуни мазкур бо иштироки ғолибони даври ноҳиявии 4 ноҳияи пойтахт, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар даври ҷамъбастии озмуни мазкур дўстрўякони фаъол ва қобилиятнок, ки 48 нафар буданд аз тамоми Муассисаҳои томактабии ноҳияҳои пойтахт ҳунар ва маҳорати худро дар назди ҳайати ҳакамон нишон доданд. Дар натиҷа 13 нафари онҳо сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 гаштанд. Ва 7 нафар иштирокчии фаъоли дигар бо мукофотҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.
Оғози даври ноҳиявии Фестивал-озмуни «Шукуфаҳои пойтахт».
Даври ноҳиявии Фестивал-озмуни «Шукуфаҳои пойтахт», бо иқдоми Маркази эҷодии кўдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки дастаҳои ҳунарии Муассисаҳои таълимии рақамҳои 3, 5, 22, 24,30,42 дар толори фарҳангии Муассисаи таълимии рақами 42- юми шаҳри Душанбе баргузор гардид. Тибқи иттилои масъулин дар тадбири мазкур дастаҳои ҳунарӣ аз 33 Муассисаи таълимии ноҳияи Фирдавсӣ ширкат варзиданд. Хонандагон аз рўи 9 шарт, маҳорати ровигӣ ё суханварӣ, суруди якка, рақси якка ва умумӣ, маҳорати ҳунармандӣ ё актёрӣ, суруди умумӣ, навозиши асбобҳои мусиқӣ ва бадеҳа, баромади озод маҳорати худро дар назди аъзои ҳакамон ва дўстдорони фарҳанг нишон доданд. Даври ноҳиявии тадбири мазкур 3-рўз дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт идома меёбад.
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ.
Дар МТМУ рақами 28-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои забономӯзии насли наврас чораю тадбирҳои мушаххас андешида, таълими фанҳои забонҳои англисӣ, олмонӣ ва русиро ба омӯзгорони соҳибтахассус вобаста намуданд, ки ин ҷиҳат ба пешрафти таълиму тарбия мусоидат намуд ва иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ба хусус забонҳои хориҷӣ хубтару беҳтар гардидааст. Аз ҷумла, дар соли таҳсили равон муҳассилини таълимгоҳ дар озмунҳои "Забон донӣ - ҷаҳон донӣ, Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" ва олимпиадаҳои фаннӣ дар даври ҷумҳуриявӣ аз фанҳои технологияи иттилоотӣ ва физика соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд.