Перейти к содержимому
 

Ширкати «IRS» ба Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб микроавтобуси тамғаи «Damas» ва қолинҳо ҳадя намуд.

ДУШАНБЕ, 14.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарасти Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб ба ҳисоб меравад, ба ин муассиса микроавтобуси тамғаи “Damas” ва шумораи зиёди қолин ҳадя гардид. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар ширкати мазкур хабар доданд.

Тавре директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» Чеҳрагул Қосимова иброз дошт, кормандони ширкат дар таҷлили ҷашнҳо, ки дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб доир мегардад, пайваста иштирок менамоянд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо ҳамеша ба муборакбодӣ ва аёдати бошандагони ин муассиса бо дастовез, ки тибқи дархости масъулини ин марказ харидорӣ шудааст, меоянд.

Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият ин масъала – пешбурди фаъолияти хайриявӣ дар мадди назари роҳбарияти «IRS» буда, ба Хонаи кӯдакони № 1-и шаҳри Душанбе ба таври мунтазам кумак расонида мешавад. Филиали ширкат сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ»-ро дар ноҳияи Варзоб ба зимма дорад.

Филиали ширкат муассисаи мазкурро мунтазам дастгирӣ намуда, таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни онро, ки дар ҳолати ногувор қарор дошт, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуд. Ҳамрадиф бо ин иқдом «IRS» ба муассисаи мазкур маводи хӯрокворӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ, ҷомашӯӣ, таҷҳизот барои ошхона, мизу курсӣ, асбоби гармидиҳӣ, катҳои хоб ва ғайра низ тақдим намудааст.

Ба ғайр аз ин, намояндагони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба таври мунтазам ба дидорбинии иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат рафта, ба онҳо кумаки моддӣ мерасонанд. Ҳамрадиф бо ин аз ҷониби филиали ширкат барои зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат манзили истиқоматӣ бунёд ва  бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуд.