Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвоёни сиёсӣ ва таъсири онҳо дар ҳифзи сулҳ: саҳм дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин академия хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун дигар суханрониҳо аз минбари баланди СММ саршор аз ҳарфи саодати инсоният, рушди ҳамкорию ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, сулҳ ва амнияту оромӣ, инчунин дастҷамъию муштаракот дар ҳалли мубрамтарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Идома

ДУШАНБЕ, 22.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон соли 2025 дар низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамоянд. Ин матлаб 21 сентябр зимни муаррифии барномаи ҷаҳонии арзёбӣ ва мониторинги сифати таҳсилот- PISA баён гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар барномаи мазкур 6300 нафар хонандагон аз 150 мактаб- аз ҳар муассиса 42 нафар хонандагони синфҳои 7 ё аз 15-сола боло иштирок менамоянд. Дар доираи он дастовардҳои таҳсилии онҳо аз рӯи фаннҳои табиатшиносӣ, саводи хондан ва математика санҷида шуда, аз рӯи натиҷаи он мушкилоти асосии ҷойдошта дар самти таълими ин фанҳо муайян мешаванд.

Дар ҳамоиши мазкур, ки бо ташаббуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ дода шуд, ки барномаи мазкур дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 бо мақсади баланд гардидани сифати таҳсил амалӣ шудааст.

Гуфта шуд, ки иштироки Тоҷикистон дар барномаҳои PISA маротибаи аввал буда, ба қонеъ гардидани ниёзҳои афзояндаи давлатҳо барои ҷустуҷӯ ва истифодаи намунаҳои муваффақтарин ва муассиртарини сиёсат ва стратегияҳо дар соҳаи маориф тарҳрезию ба роҳ монда шудааст.

Давлатҳои гуногун бо иштирок дар пажуҳишҳои барномаи мазкур ба ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонии низоми таҳсил табдил меёбанд, ки дорои имконияти муқоисаи натиҷаҳо ва омӯзиши таҷрибаҳои ҳамдигар мебошад.

Барнома аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) ба роҳ монда шуда, ҳадафи он баҳодиҳӣ ба низомҳои таҳсил мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки шуруъ аз соли 2000- оғози ба роҳ мондани барномаи мазкур дар он тақрибан 100 давлати ҷаҳон иштирок намудаанд.

РОҒУН, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун муссисаи томактабӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дар маркази шаҳр бинои Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти двлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.

Мудири филиали №19-и  Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун Зинатулло Ғафурзода иброз дошт, ки бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, бо беҳтарин таҷҳизоти замонавии бонкдорӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.  Баъди ба истифода додани бино мушкилии нарасидани ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон ва мутахассисони бонк бартараф мешавад.

Рушди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Роғун яке аз масъалаҳои  асосӣ  ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ  дар деҳаи Қалъаи Нав, ки дар ин ҷо зиёда аз 350 оила зиндагӣ менамоянд, сохтмони муассисаи томактабӣ оғоз шудааст.  Кӯдакистони мазкур аз ду ошёна ва 34 ҷой барои кӯдакон иборат буда, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохта мешавад.

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун  нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оид ба истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 110 банд таҳия ва тасдиқ шудааст. Тибқи ин қарор, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳ дар ҷамоатҳо ва маркази шаҳр барои назорати ҷараёни корҳои сохтмонӣ вазифадор гардидаанд.

То ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  38 иншоот дар маркази шаҳри Роғун ва кӯчаи 25-солагии Истиқлолият,  14 иншоот дар шаҳраки Оби Гарм, 43 иншоот  дар Ҷамоати деҳоти Қади Об ва 10 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ бунёд мегарданд, ки дар умум 105 иншоотро ташкил медиҳанд. Аз ин иншооти сохташаванда    8 адади он аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохта мешаванд ва ҷараёни корҳо аз ҷониби вазорату кумитаҳои дахлдор назорат ва натиҷагирӣ мешавад. 19 иншоот аз ҳисоби буҷаи маҳалу сармояи хориҷӣ ва 78 иншооти боқимонда аз ҷониби соҳибкорон сохта мешаванд.

Бояд гуфт, ки ояндаи наздик шаҳри Роғун ба яке аз марказҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва муаррифи маданияти баланди меҳмоннавозии тоҷикон табдил меёбад. Минбаъд таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин мавзеъ зиёд мегардад. Бо ин мақсад бо истифода аз обҳои шифобахш ва табиати зебои шаҳри Роғун доир ба фароҳам овардани шароити муосир барои рушду ривоҷи соҳаи сайёҳӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

ДУШАНБЕ, 21.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Рӯзи дарҳои кушод гузаронида шуд, ки дар он теъдоди зиёди хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок намуда, бо мақсади такмили дониш ва маҳорату истеъдод дар маҳфилҳои писандидаашон худро номнавис намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» зиёда 40 маҳфили забономӯзию ҳунаромӯзӣ ва бадеию варзишӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо омӯзгорони соҳибкасбу соҳибтаҷриба машғулият мегузаронанд.

Таҳсил дар ин маҳфилҳо ройгон буда, имкон медиҳад, ки хонандагон ба забономӯзию ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шаванд.

 Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявї ва амалии довталабони озмуни «Мураббии сол-2023»ва ҷамъбасти холҳои умумии бадастовардаи довталабон мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсӣ Шукрона Мадиева сазовори ҷойи якум, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №45-и ноҳияи И.Сомонӣ Манзура Исмоилова сазовори ҷойи дуюм, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №64-и ноҳияи Шоҳмансур Моҳрӯя Ҷобирова  сазовори ҷойи сеюм ва мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №98-и ноҳияи Сино Маҳина Салимова сазовори ҷойи чорум гардиданд. Тибқи маълумот  ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2023» дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.

 Бар асоси хулосабарории ҳайати ҳакамон омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Сиротулло Зоиров дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2023» ғолиб дониста шуд. Сиротулло Зоиров номзади илмҳои педагогӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, сазовори ҷойи дуюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва аз ёд намудани осори адибони классик» мебошад. Ҳайати ҳакамони озмун дар дарсҳои намунавии довталабон аз рӯи ихтисос иштирок намуданд. Ҳамзамон довталабон таҷрибаи кории худро муаррифӣ намуданд.

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Роҳбарони ду давлат аз муколамаи созандаи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, идомаи муваффақонаи робитаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёту транзит, сайёҳӣ, ҳамкории бисёрсамтаи минтақаҳо ва вилоятҳои ду кишвар, афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва содда гардонидани рафтуомади мардумони ду кишварро зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030” ва идомаи фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои амалисозии ҳадафҳо аҳамияти хос хоҳад дошт. 

Дар ҷараёни вохурӣ роҳбарони ду давлат ҳамкории кишварҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории исломӣ муҳокима карданд. 

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, ки ба вазъи амниятии кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд, табодули андеша намуданд.

Вобаста ба вазъи Афғонистон таъкид карда шуд, ки Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои наздиктарин ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвар беш аз дигарон манфиатдоранд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо дар баробари муҳокимаи робитаҳои дуҷониба, инчунин оид ба рӯзномаи ҳамоиши мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид табодули андеша карданд.