Перейти к содержимому
 

Мактабҳои Тоҷикистон соли 2025 дар низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамоянд.

ДУШАНБЕ, 22.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон соли 2025 дар низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамоянд. Ин матлаб 21 сентябр зимни муаррифии барномаи ҷаҳонии арзёбӣ ва мониторинги сифати таҳсилот- PISA баён гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар барномаи мазкур 6300 нафар хонандагон аз 150 мактаб- аз ҳар муассиса 42 нафар хонандагони синфҳои 7 ё аз 15-сола боло иштирок менамоянд. Дар доираи он дастовардҳои таҳсилии онҳо аз рӯи фаннҳои табиатшиносӣ, саводи хондан ва математика санҷида шуда, аз рӯи натиҷаи он мушкилоти асосии ҷойдошта дар самти таълими ин фанҳо муайян мешаванд.

Дар ҳамоиши мазкур, ки бо ташаббуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ дода шуд, ки барномаи мазкур дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 бо мақсади баланд гардидани сифати таҳсил амалӣ шудааст.

Гуфта шуд, ки иштироки Тоҷикистон дар барномаҳои PISA маротибаи аввал буда, ба қонеъ гардидани ниёзҳои афзояндаи давлатҳо барои ҷустуҷӯ ва истифодаи намунаҳои муваффақтарин ва муассиртарини сиёсат ва стратегияҳо дар соҳаи маориф тарҳрезию ба роҳ монда шудааст.

Давлатҳои гуногун бо иштирок дар пажуҳишҳои барномаи мазкур ба ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонии низоми таҳсил табдил меёбанд, ки дорои имконияти муқоисаи натиҷаҳо ва омӯзиши таҷрибаҳои ҳамдигар мебошад.

Барнома аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) ба роҳ монда шуда, ҳадафи он баҳодиҳӣ ба низомҳои таҳсил мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки шуруъ аз соли 2000- оғози ба роҳ мондани барномаи мазкур дар он тақрибан 100 давлати ҷаҳон иштирок намудаанд.