РАШТ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар фазои тантанавӣ маросими қадрдонии ғолибони даври минтақавии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» доир гардид. Дар маросим Раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ 32 нафар ғолибони даври минтақавии озмунҳоро бо 24 ҳазору 700 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ намуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
ИдомаРаздел: Хабарҳо
Дар Суғд ғолибони озмунҳои «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» қадршиносӣ шуданд.


ДУШАНБЕ, 23.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм –фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон»— оинаи таърихи миллат» қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
ИдомаДар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон баррасӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 23.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиши сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Тазаккур дода шуд, ки баргузории ҳамоиш оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо назардошти хусусияти шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумихалқӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшантар шаванд.
Гуфта шуд, ки тарбияи шаҳрвандони мамлакат дар руҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати Тоҷикистон ва самти афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мебошад.
Дар идомаи ҳамоиши сиёсӣ ҷавонони донишгоҳ бо изҳори сипос иброз доштанд, ки “мо ҳамеша дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар ободии ин сарзамини куҳанбунёд саҳми арзанда мегузорем”.
Дар интиҳои ҳамоиш ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва як зумра ҷавонони фаъоли донишгоҳ барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар вазъияти тантанавӣ сипосномаҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон супорида шуданд.
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фуруғи маърифат» оғоз гардид.
ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» директори Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Шокир хабар дод.
ИдомаДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ин маърака дар Тоҷикистон ба андозаи 66 фоиз таъмин гардид.

ДУШАНБЕ, 23.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 20 рӯзи ҷараёни даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ маъракаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ 66 фоиз иҷро шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
ИдомаҚабули эътимоднома аз сафирони нав.
23 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Пагоҳ дар Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 24 октябр, соати 10:00 дар Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар фестивали байналмилалӣ театрҳои касбии лӯхтаки Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон дар ҳайати 40 нафар иштирок менамоянд.
Ҳадафи аслии фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
Ғайр аз ин донишҷӯёни шуъбаи лӯхтаки Институти давлатии маданияти Туркманистон бори аввал дар фестивали «Чодари хаёл» ҳунарнамоӣ менамоянд.
Тоҷикистонро дар ин фестивал театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намояндагӣ менамоянд.
Дар ин фестивал Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Маликаи маккор», театри Бӯстон намоиши «Ҳинди тиллоӣ» ва театри Бохтар «Хари маккор»-ро ба намоиш мегузоранд.
Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» то 28 октябр идома хоҳад кард.
Ифтитоҳи парваришгоҳи ҳайвоноти нодир ва боздид аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали ноҳия.

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Муъминобод парваришгоҳи ҳайвоноти нодирро ба истифода дода, аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали ноҳия боздид ба амал оварданд.
ИдомаБа истифода додани роҳи автомобилгарди аҳаммияти маҳаллидоштаи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтарон.

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтаронро мавриди истифода қарор доданд.
ИдомаОғози фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ “Заркорон” дар ноҳияи Муъминобод.

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон”, ҳамчунин, ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Идома